Ҳаҷ кардам ва дар ин вақт ҳайз шудам, аз гуфтан ба касе шарм доштам. Ба Масҷидулҳаром даромадам, намоз хондам, тавоф ва саъй кардам. Бояд чӣ кор кунам? Ин ҳайз баъд аз нифос рух дода буд.
السؤال
С 1:
Ҳаҷ кардам ва дар ин вақт ҳайз шудам, аз гуфтан ба касе шарм доштам. Ба Масҷидулҳаром даромадам, намоз хондам, тавоф ва саъй кардам. Бояд чӣ кор кунам? Ин ҳайз баъд аз нифос рух дода буд.
س57: حججت، وجاءتني الدورة الشهرية، فاستحييت أن أخبر أحدًا، ودخلت الحرم، فصليت، وطفت، وسعيت، فماذا علي، علمًا بأنها جاءت بعد النّفاس؟
الجواب
Ҷ 1:
Барои зане, ки дар ҳолати ҳайз ё нифос қарор дорад чи дар Макка ё дар зодгоҳаш ва чи дар ҷои дигар, намоз хондан ҷоиз нест.
Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар бораи занон фармудаанд: " Оё чунин нест, ки вақте ҳайз меояд намоз намехонад ва рӯза намегирад?"
Ва мусалмонон бар ин иҷмоъ доранд, ки барои зани ҳоиз намоз хондан ва рӯза гирифтан ҷоиз нест.
Бинобар ин зане, ки ин корро кардааст, бояд ба даргоҳи Худованд тавба кунад ва барои амалҳои кардааш аз Худованд омурзиш бихоҳад.
Аммо тавофаш дар ҳолати ҳайз дуруст нест, вале саъяш дуруст аст. Зеро назари дуруст ин аст, ки тақдими саъй бар тавоф дар ҳаҷ дуруст аст. Бар асоси ин, ӯ бояд тавофро аз нав анҷом диҳад, зеро тавофи ифоза рукне аз аркони ҳаҷ аст ва таҳаллули дувуми эҳром бидуни он комил намешавад.
Бинобар ин, шавҳари ин зан -агар шавҳардор бошад - наметавонад бо ӯ ҳамхоба шавад, то ин ки тавоф кунад. Ва агар муҷаррад бошад, то тавоф накунад бо ӯ ақди никоҳ баста намешавад. Ва Аллоҳ Таъоло беҳтар медонад.
ﺟ57: لا يحلّ للمرأة إذا كانت حائضًا أو نفساء أن تصلّي، سواء في مكة أو في بلدها أو في أيّ مكانٍ؛ لقول النبيّ ﷺ في المرأة:
«أَلَيْسَ إِذَا حَاضَتْ لَمْ تُصَلِّ، وَلَمْ تَصُمْ؟» [1]،
وقد أجمع المسلمون على أنه لا يحلّ لحائضٍ أن تصوم، ولا يحلّ لها أن تصلّي.
[28] تقدم تخريجه.
وعلى هذه المرأة التي فعلت ذلك، عليها أن تتوب إلى الله، وأن تستغفر ممّا وقع منها.
وأما طوافها حال الحيض فهو غير صحيحٍ، وأما سعيها فصحيحٌ؛ لأن القول الراجح جواز تقديم السعي على الطواف في الحجّ، وعلى هذا فيجب عليها أن تعيد الطواف؛ لأن طواف الإفاضة ركنٌ من أركان الحجّ، ولا يتمّ التحلّل الثاني إلا به.
وبناءً عليه فإن هذه المرأة لا يباشرها زوجها -إن كانت متزوّجةً- حتى تطوف، ولا يعقد عليها النّكاح -إن كانت غير متزوّجةٍ- حتى تطوف، والله تعالى أعلم.