السؤال
س٢٦: ما آداب الدعاء؟
С 26: Одоби дуо чист?
الجواب
ج:١. البدء بحمد الله والثناء عليه.
- الصلاة على النبي صلى الله عليه وسلم.
- في الحديث عن النبي صلى الله عليه وسلم:
«إذا صليت، فقعدت، فاحمد الله بما هو أهله، وصل عليَّ ثم ادعه»
رواه الترمذي.
- رفع اليدين أثناء الدعاء.
- قال رسول الله صلى الله عليه وسلم:
«إن ربكم تبارك وتعالى حيي كريم يستحيي من عبده إذا رفع يديه إليه أن يردهما صفرًا»
رواه الترمذي وأبو داود.
- التوبة والاعتراف بالذنب.
- في دعاء موسى عليه السلام:
﴿قَالَ رَبِّ إِنِّي ظَلَمۡتُ نَفۡسِي فَٱغۡفِرۡ لِي فَغَفَرَ لَهُۥٓۚ إِنَّهُۥ هُوَ ٱلۡغَفُورُ ٱلرَّحِيمُ﴾
[القصص ١٦].
- الإلحاح في الدعاء، يعني إكثاره وتكراره.
- عدم استعجال الإجابة.
- لا تدع بإثم أو قطيعة رحم.
- في الحديث:
«لا يزال يستجاب للعبد ما لم يدع بإثم أو قطيعة رحم، ما لم يستعجل. قيل: يا رسول الله، ما الاستعجال؟ قال: يقول: قد دعوت، وقد دعوت، فلم أر يستجيب لي. فيستحسر عند ذلك، ويدع الدعاء»
رواه البخاري ومسلم.
- خفض الصوت في الدعاء.
- قال تعالى:
﴿ٱدۡعُواْ رَبَّكُمۡ تَضَرُّعٗا وَخُفۡيَةًۚ﴾
[الأعراف: ٥٥].
- حضور القلب أثناء الدعاء.
«ادعوا الله وأنتم موقنون بالإجابة، واعلموا أن الله لا يستجيب دعاء من قلب غافل لاه»
- الإخلاص لله تعالى، وسؤال الله وحده في الشدّة والرخاء.
﴿وَأَنَّ ٱلۡمَسَٰجِدَ لِلَّهِ فَلَا تَدۡعُواْ مَعَ ٱللَّهِ أَحَدٗا﴾
[الجن: ١٨].
- التوسّل إلى الله بأسمائه الحسنى وصفاته.
﴿وَلِلَّهِ ٱلۡأَسۡمَآءُ ٱلۡحُسۡنَىٰ فَٱدۡعُوهُ بِهَاۖ﴾
[الأعراف: ١٨٠].
- استقبال القبلة.
في الحديث:
«فما زال يهتف بربه مادًّا يديه مستقبل القبلة، حتى سقط رداؤه عن منكبيه»
رواه مسلم.
- إطابة المأكل والملبس.
«ثم ذكر الرجل يطيل السفر أشعث أغبر يمد يديه إلى السماء: يا رب يا رب، ومطعمه حرام، ومشربه حرام، وملبسه حرام، وغذي بالحرام، فأنى يستجاب لذلك»
Ҷ: 1. Оғоз кардан бо ҳамду ситоиши Аллоҳ Таъоло.
- Салавот фиристодан бар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)
- Дар ҳадис аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) омадааст:
"Ҳаргоҳ намоз хондӣ ва нишастӣ Аллоҳро чунонки шоиста аст ҳамду ситоиш бигӯ ва бар ман дуруд бифрист, сипас ба даргоҳи Ӯ дуо бикун."
Ривояти Тирмизӣ.
- Бардоштани дастон аснои дуо.
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
"Парвардигори шумо Таборак ва Таъоло ҳайий ва карим аст, Ӯ ҳаё мекунад, ки бандааш дастонашро ба сӯи Ӯ бардорад ва онҳоро холӣ баргардонад."
Ривояти Тирмизӣ ва Абудовуд.
- Тавба ва эътироф ба гуноҳ.
- Дар Қуръони Карим дар дуои Мусо (Алайҳи-с-салом) омадааст:
([Сипас] Гуфт: «Парвардигоро, ман ба худ ситам кардаам, пас, маро бибахш» ва [Аллоҳ Таъоло] ӯро бахшид. Бе тардид, Ӯ омурзандаи меҳрубон аст).
(Сураи Қасас, ояти 16)
- Исрор дар дуо. Яъне, дуои зиёд ва такрор ба такрор.
- Шитоб накардан дар иҷобати дуо.
- Барои гуноҳ ва канда шудани пайванди хешутаборӣ дуо макун.
Дар ҳадис омада аст, ки:
"Дуои банда то замоне ки дуои гуноҳ ва қатъи пайванди хешовандӣ накунад ва то он даме ки дар истиҷобати дуо шитоб накунад, мустаҷоб мешавад. Гуфта шуд: Эй Расули Аллоҳ, истиъҷол (шитоб) чист? Фармуданд: "Мегӯяд: "Дуо кардаму дуо кардам, вале надидам, ки маро иҷобат кардааст." Пас ноумед мешавад ва дуоро тарк мекунад."
Ривояти Бухорӣ ва Муслим.
- Паст кардани овоз дар вақти дуо.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
"[Эй муъминон] Парвардигоратонро ба зорӣ ва пинҳонӣ бихонед."
(Сураи Аъроф, ояти 31)
- Ҳузури дил дар вақти дуо кардан.
"Аллоҳро дуо кунед, дар ҳоле, ки яқин доред, ки дуоятон қабул мешавад. Ва бидонед, ки Аллоҳ дуоро аз дили ғофил ва парешон иҷобат намекунад."
- Ихлос ба Аллоҳ Таъоло ва дархост аз Ӯ -ба танҳоӣ- дар ҳангоми сахтӣ ва рифоҳ.
"Ва ин ки масоҷид аз они Аллоҳ Таъоло аст, пас, касеро бо Аллоҳ Таъоло [ба парастишу ёрихоҳӣ] нахонед."
(Сураи Ҷин, ояти 18).
- Тавассул ба Аллоҳ Таъоло бо номҳои нек ва сифатҳои волои Ӯ.
(Ва зеботарин номҳо барои Аллоҳ Таъоло аст, пас, Ӯро ба он [номҳо] бихонед)
- Рӯй овардан ба қибла.
"(Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҳамчунон ба даргоҳи Парвардигораш бо дастони баланд карда ва рӯ ба қибла фарёдхоҳӣ мекард, то ин ки ридояш аз китфонаш афтод."
Ривояти Муслим.
- Ҳалол ва пок будани таъому либос.
"Сипас (Паёмбар Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз марде ёдовар шуд, ки сафари тӯлонӣ кардааст, парешон ва ғуборолуд ва дастонашро ба сӯи осмон дароз мекунад ва мегўяд: «Эй Парвардигор, эй Парвардигор», дар ҳоле ки таъомаш ҳаром, нӯшиданиаш ҳаром, либосаш ҳаром ва аз чизҳои ҳаром ғизо гирифтааст. Пас, чӣ гуна дуои чунин шахсе пазируфта мешавад? "