Агар зани дар ҳоли ҳайз ё нифос буда дар вақти намози аср пок шавад, оё дар баробари намози аср намози пешинро низ хондан воҷиб аст ё танҳо хондани намози аср бар ӯ воҷиб аст?
السؤال
С 1:
Агар зани дар ҳоли ҳайз ё нифос буда дар вақти намози аср пок шавад, оё дар баробари намози аср намози пешинро низ хондан воҷиб аст ё танҳо хондани намози аср бар ӯ воҷиб аст?
س12: إذا طهرت الحائض أو النّفساء وقت العصر، فهل تلزمها صلاة الظّهر مع العصر، أو لا يلزمها سوى العصر فقط؟
الجواب
Ҷ 1:
Назари дуруст ва саҳеҳ дар ин масъала он аст, ки танҳо хондани намози аср бар ӯ воҷиб аст. Зеро бар воҷиб будани хондани намози пешин далеле вуҷуд надорад ва асос бароати зимма аст. Илова бар ин Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Ҳар ки пеш аз ғуруби офтоб як ракъати намози асрро дарёбад, намози асрро дарёфтааст".
Нагуфтааст, ки намози пешинро дарёфтааст. Агар хондани намози пешин воҷиб мебуд, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) онро баён мекард. Гузашта аз ин, агар зан пас аз фаро расидани вақти намози пешин ҳайз бинад, танҳо қазо доштани намози пешин бар ӯ воҷиб аст, на намози аср, бо вуҷуди ин ки намози пешин бо намози аср ҷамъ карда мешавад. Ва фарқе байни он ва ҳолати пурсидашуда нест.
Ва бар асоси ин, назари дуруст ва роҷеҳ ин аст, ки танҳо намози аср бар ӯ воҷиб аст. Ин бар асоси далели нас ва бар асоси қиёс ба он собит аст. Ҳамин тавр, агар пеш аз гузаштани вақти намози хуфтан пок шавад, танҳо хондани намози хуфтан барояш воҷиб аст, на намози шом.
ﺟ12: القول الراجح في هذه المسألة: أنه لا يلزمها إلا العصر فقط؛ لأنه لا دليل على وجوب صلاة الظّهر، والأصل براءة الذّمة، ثم إن النبي ﷺ قال:
«مَنْ أَدْرَكَ رَكْعَةً مِنَ الْعَصْرِ قَبْلَ أَنْ تَغْرُبَ الشَّمْسُ فَقَدْ أَدْرَكَ الْعَصْرَ» [1]،
ولم يذكر أنه أدرك الظّهر، ولو كان الظّهر واجبًا لبينه النبيّ ﷺ، ولأن المرأة لو حاضت بعد دخول وقت الظّهر لم يلزمها إلا قضاء صلاة الظّهر دون صلاة العصر، مع أن الظّهر تجمع إلى العصر، ولا فرق بينها وبين الصّورة التي وقع السّؤال عنها.
[2] البخاري، كتاب الصوم، باب الحائض تترك الصوم والصلاة (1951).
وعلى هذا يكون القول الراجح أنه لا يلزمها إلا صلاة العصر فقط؛ لدلالة النصّ والقياس عليها، وكذلك الشأن فيما لو طهرت قبل خروج وقت العشاء، فإنه لا يلزمها إلا صلاة العشاء، ولا تلزمها صلاة المغرب.