Оё хунравии зани ҳомила дар рӯзи Рамазон ба рӯзааш таъсир мерасонад?
السؤال
С 1:
Оё хунравии зани ҳомила дар рӯзи Рамазон ба рӯзааш таъсир мерасонад?
س14: نزول الدم من الحامل في نهار رمضان، هل يؤثّر على صومها؟
الجواب
Ҷ 1:
Агар ҳангоми рӯзадор будани зан хуни ҳайз берун ояд, рӯзааш фосид мешавад. Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
"Оё чунин нест, ки агар ҳайз шуд намоз намегузорад ва рӯза намегирад?"
Бинобар ин, мо ҳайзро аз ҷумлаи ботилкунандаи рӯза медонем ва нифос ҳам монанди он аст. Ва баромадани хуни ҳайз ва нифос рӯзаро фосид мекунад.
Агар зани ҳомила дар давоми рӯзи Рамазон хун бинад, агар хуни ҳайз бошад, (ҳукмаш) монанди ҳайзи зани ғайри ҳомила аст. Агар хуни ҳайз набошад ба рӯзааш таъсир намекунад.
Ҳайзе, ки мумкин аст зани ҳомила дучораш шавад, он ҳайзи маъмулӣ аст, ки агар ҳайзи зани ҳомила аз вақти бордориаш қатъ нашуда бошад, дар дурусттарин назар ҳайз маҳсуб мешавад ва аҳкоми ҳайз бар он собит мешавад.
Аммо агар хунравӣ қатъ шавад ва баъдан хун бубинад ва монанди хуни маъмулии ҳайзаш набошад, ин ба рӯзаи ӯ таъсир намекунад, зеро он ҳайз нест.
ﺟ14: إذا خرج دم الحيض والأنثى صائمةٌ فإن صومها يفسد؛ لقول النبيّ ﷺ:
«أَلَيْسَ إِذَا حَاضَتْ لَمْ تُصَلِّ، وَلَمْ تَصُمْ؟» [1]
ولهذا نعدّه من المفطّرات، والنّفاس مثله، وخروج دم الحيض والنّفاس مفسدٌ للصوم.
[3] البخاري، كتاب الصوم، باب الحائض تترك الصوم والصلاة (1951).
ونزول الدم من الحامل في نهار رمضان إذا كان حيضًا فإنه كحيض غير الحامل، أي: يؤثّر على صومها، وإن لم يكن حيضًا فإنه لا يؤثّر.
والحيض الّذي يمكن أن يقع من الحامل هو أن يكون حيضًا مطردًا لم ينقطع عنها منذ حملت، بل كان يأتيها في أوقاتها المعتادة، فهذا حيضٌ على القول الراجح، يثبت له أحكام الحيض.
أما إذا انقطع الدم عنها، ثم صارت بعد ذلك ترى دمًا ليس هو الدم المعتاد، فإن هذا لا يؤثّر على صيامها؛ لأنه ليس بحيضٍ.