Агар зани дар ҳоли ҳайз ё нифос буда пеш аз субҳидам пок шавад ва то баъд аз субҳидам ғусл накунад, оё рӯзааш дуруст аст ё на?
السؤال
С 1:
Агар зани дар ҳоли ҳайз ё нифос буда пеш аз субҳидам пок шавад ва то баъд аз субҳидам ғусл накунад, оё рӯзааш дуруст аст ё на?
س7: إذا طهرت الحائض أو النّفساء قبل الفجر، ولم تغتسل إلا بعد الفجر، فهل يصحّ صومها، أو لا؟
الجواب
Ҷ 1:
Бале, рӯзаи зане, ки пеш аз субҳидам аз ҳайз пок шавад ва то пас аз субҳидам ғусл накунад, дуруст аст. Инчунин зане, ки дар ҳолати нифос бошад. Зеро ӯ дар ин ҳолат аз ҷумлаи рӯзагирон аст. Ӯ ба касе монанд аст, ки дар ҳолати ҷанобат аст, агар дар ҳоли ҷанобат буданаш субҳидам шуд, рӯзааш дуруст аст.
Зеро Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Пас, акнун [дар шабҳои рамазон метавонед] бо онон омезиш кунед ва он чиро, ки Аллоҳ Таъоло бароятон муқаррар доштааст [аз эшон] талаб кунед. Бихӯред ва биошомед, то риштаи сапеди субҳ [фаҷри содиқ] аз риштаи сиёҳ [шаб] бароятон ошкор гардад.) (Сураи Бақара, ояти 187).
Агар Худованд ҳамхобагиро то субҳидам раво дониста бошад, аз ин бармеояд, ки ғусл кардан имкон надорад, магар баъд аз субҳидам. Инчунин ба далели ҳадиси Оиша (разияллоҳу анҳо), ки гуфт: Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз ҳамхобагӣ бо ҳамсараш шабро бо ҷанобат ва дар ҳоли рӯзадор будан саҳар мекард.
Яъне, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) баъд аз субҳидам аз ҷанобат ғусл мекарданд.
ﺟ7: نعم، يصحّ صوم المرأة الحائض إذا طهرت قبل الفجر، ولم تغتسل إلا بعد طلوع الفجر، وكذلك النّفساء؛ لأنها حينئذٍ من أهل الصوم، وهي شبيهةٌ بمن عليه جنابةٌ، إذا طلع الفجر وهو جنبٌ فإن صومه يصحّ؛ لقوله تعالى:
﴿...فَٱلۡـَٰٔنَ بَٰشِرُوهُنَّ وَٱبۡتَغُواْ مَا كَتَبَ ٱللَّهُ لَكُمۡۚ وَكُلُواْ وَٱشۡرَبُواْ حَتَّىٰ يَتَبَيَّنَ لَكُمُ ٱلۡخَيۡطُ ٱلۡأَبۡيَضُ مِنَ ٱلۡخَيۡطِ ٱلۡأَسۡوَدِ مِنَ ٱلۡفَجۡرِ...﴾
[البقرة:187]،
وإذا أذن الله تعالى بالجماع إلى أن يتبين الفجر لزم من ذلك ألّا يكون الاغتسال إلا بعد طلوع الفجر، ولحديث عائشة رضي الله عنها
«أَنَّ النَّبِيَّ ﷺ كَانَ يُصْبِحُ جُنُبًا مِنْ جِمَاعِ أَهْلِهِ وَهُوَ صَائِمٌ» [1].
أي: أنه عليه الصلاة والسلام لا يغتسل عن الجنابة إلا بعد طلوع الصّبح.
[1] البخاري، كتاب الصوم، باب اغتسال الصائم (1931)، ومسلم، كتاب الصوم، باب صحة صوم من طلع عليه الفجر وهو جنب (75) (1109).