Агар давраи ҳайзи моҳонаи зан одатан ҳафт ё ҳашт рӯз бошад, сипас як ё ду бор бештар аз ин муддат идома ёбад, ҳукмаш чист?
- الموضوعات
- الطهارةأحكام الحيض والنفاس
- التصنيف الشرعي
- الفقهالطهارةالحيض والنفاس والاستحاضة
السؤال
С 1:
Агар давраи ҳайзи моҳонаи зан одатан ҳафт ё ҳашт рӯз бошад, сипас як ё ду бор бештар аз ин муддат идома ёбад, ҳукмаш чист?
س4: إذا كانت المرأة عادتها الشهرية ثمانية أيامٍ أو سبعة أيامٍ، ثم استمرت معها مرةً أو مرتين أكثر من ذلك، فما الحكم؟
الجواب
Ҷ 1:
Агар одати моҳонаи ин зан шаш ё ҳафт рӯз бошад ва пас аз он муддаташ бештар шавад, масалан, ҳашт, нуҳ, даҳ, ё ёздаҳ рӯз давом ёбад, дар ин ҳолат намоз намехонад ва рӯза намегирад, то ин ки пок шавад.
Чунки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) барои ҳайз муддати хоссе муқаррар накардааст.
Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [эй паёмбар] аз ту дар бораи ҳайз [одати моҳонаи занон] мепурсанд, бигӯ: "Он [ҳолат] навъи нороҳатӣ аст; пас, дар ҳолати қоидагӣ аз занон канорагирӣ кунед ва бо онон наздикӣ накунед, то пок шаванд.) (Сураи Бақара, ояти 222).
Пас то вақте ки хунравӣ идома дорад, зан дар ҳамон ҳолаташ боқӣ мемонад, то ин ки пок шавад, сипас ғусл мекунад ва намоз мехонад. Ва агар дар моҳи оянда ин муддат камтар шуд, ҳар вақт пок шуд, ғусл мекунад агарчи муддаташ ба ҳайзи гузаштааш баробар набошад.
Муҳим ин аст, ки зан то замоне ки дар ҳолати ҳайз аст, намоз намехонад, хоҳ ба ҳайзи пештараааш мувофиқ бошад ё аз он зиёд ё кам бошад, ва ҳаргоҳ пок шуд намоз мехонад.
ﺟ4: إذا كانت عادة هذه المرأة ستة أيامٍ أو سبعةً، ثم طالت هذه المدة، وصارت ثمانيةً أو تسعةً أو عشرةً أو أحد عشر يومًا فإنها تبقى لا تصلّي حتى تطهر،
وذلك لأن النبي ﷺ لم يحد حدًّا معيّنًا في الحيض، وقد قال الله تعالى:
﴿وَيَسۡـَٔلُونَكَ عَنِ ٱلۡمَحِيضِۖ قُلۡ هُوَ أَذٗى...﴾
[البقرة:222]،
فمتى كان هذا الدم باقيًا فإن المرأة على حالها حتى تطهر، وتغتسل، ثم تصلّي، فإذا جاءها في الشهر الثاني ناقصًا عن ذلك فإنها تغتسل إذا طهرت وإن لم يكن على المدة السابقة.
والمهمّ أن المرأة متى كان الحيض معها موجودًا فإنها لا تصلّي، سواءٌ كان الحيض موافقًا للعادة السابقة، أو زائدًا عنها، أو ناقصًا، وإذا طهرت تصلّي.