Skip to content

السؤال

س١١: ما ضد الصبر؟

С 11: Зидди сабр чист?

الجواب

ج:- وهو عدم الصبر على الطاعة، وعدم الصبر عن المعصية، والتسخط على الأقدار بالقول أو الفعل.

من صوره:

  • تَمنِّي الموتِ.
  • قَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللَّهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ:

«لَا يَتَمَنَّيَنَّ أَحَدُكُمُ الْمَوْتَ مِنْ ضُرٍّ أَصَابَهُ، فَإِنْ كَانَ لَا بُدَّ فَاعِلًا فَلْيَقُلِ: اللَّهُمَّ أَحْيِنِي مَا كَانَتِ الْحَيَاةُ خَيْرًا لِي، وَتَوَفَّنِي إِذَا كَانَتِ الْوَفَاةُ خَيْرًا لِي»

متفق عليه.

  • ضرْبُ الخُدودِ.
  • شَقُّ الثِّيابِ.
  • نَشْرُ الشُّعورِ.
  • الدُّعاءُ على النفس بالهلاك.
  • قال عليه الصلاة والسلام:

«لَيْسَ مِنَّا مَنْ لَطَمَ الْخُدُودَ، وَشَقَّ الْجُيُوبَ، وَدَعَا بِدَعْوَى الْجَاهِلِيَّةِ»

رواه البخاري.

  • قال النبي عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ:

«إِنَّ عِظَمَ الْجَزَاءِ مَعَ عِظَمِ الْبَلَاءِ وَإِنَّ اللَّهَ إِذَا أَحَبَّ قَوْمًا ابْتَلَاهُمْ، فَمَنْ رَضِيَ فَلَهُ الرضا، وَمَنْ سَخِطَ فَلَهُ السَّخَطُ»

رواه الترمذي وابن ماجة.

Ҷ: Бесабрӣ дар тоат, сабр накардан дар дурӣ аз гуноҳ ва норозӣ будан аз сарнавиштҳо бо гуфтору амал аст.

Аз намунаҳои он:

  • Орзуи марг кардан.

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:

"Ҳеҷ яке аз шумо ба сабаби зараре, ки ба ӯ расидааст, маргро орзу накунад, агар лозим ояд, бигӯяд: «Худоё, маро зинда нигаҳ дор, то замоне ки ҳаёт бар ман хайр аст ва агар марг бар ман беҳтар бошад, пас манро бимирон."

Муттафақун алайҳӣ.

  • Ба рухсора задан (замони мусибат).
  • Либос дарондан.
  • Парешон кардани мӯйҳо.
  • Дуо кардан дар бораи ҳалокати худ.
  • Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

"Аз мо нест касе, ки ба рухсораҳояш бизанад ва гиребон бидарад ва монанди замони ҷоҳилият оҳу вой кунад (ва суханони ҷоҳилиро ба забон биёварад)."

Ривояти Бухорӣ.

"Ҳамоно подоши бузург бо бало ва имтиҳони бузург аст. Ва агар Аллоҳ қавмеро дӯст дорад, ононро мавриди ибтило қарор медиҳад, пас ҳар ки розӣ шуд, розигӣ барои ӯст ва ҳар ки норозӣ бошад норозигӣ барои худи ӯст."

Ривояти Тирмизӣ ва Ибни Моҷаҳ.