السؤال
س١٢: ما هو خلق التعاون؟
С 12: Ахлоқи таъовун ва ҳамкорӣ чист?
الجواب
ج:هو تعاون الناس فيما بينهم على الحق والخير.
صور التعاون:
- التعاون في رد الحقوق.
- التعاون في رد الظالم.
- التعاون في سد حاجات الناس والمساكين.
- التعاون على كل خير.
- عدم التعاون على الإثم والأذى والعدوان.
- قال تَعَالَى:
﴿وَتَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡبِرِّ وَٱلتَّقۡوَىٰۖ وَلَا تَعَاوَنُواْ عَلَى ٱلۡإِثۡمِ وَٱلۡعُدۡوَٰنِۚ وَٱتَّقُواْ ٱللَّهَۖ إِنَّ ٱللَّهَ شَدِيدُ ٱلۡعِقَابِ﴾
[المائدة: ٢].
- قال النبي عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ:
«المُؤْمِنُ لِلْمُؤْمِنِ كالْبُنْيانِ؛ يَشُدُّ بَعْضُه بَعْضًا»
متفق عليه.
- وقال النبي عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ:
«المُسْلِمُ أَخُو المُسْلِمِ، لا يَظلِمُه، ولا يُسْلِمُه، ومَن كان في حاجةِ أَخِيهِ، كان اللهُ في حاجَتِه، ومَن فَرَّجَ عن مُسْلِمٍ كُرْبَةً، فَرَّجَ اللهُ عَنهُ كُرْبَةً مِن كُرُباتِ يَومِ القِيامةِ، ومَن سَتَرَ مُسْلِمًا، سَتَرَهُ اللهُ يَومَ القِيامةِ»
Ҷ: Ҳамкорӣ ва кумаки мардум дар роҳи рост ва ҳақ аст.
Намунаҳои ҳамкорӣ:
- Ҳамкорӣ дар барқарорсозии ҳуқуқҳо.
- Ҳамкорӣ дар рафъи зулму ситам.
- Ҳамкорӣ дар бароварда сохтани ниёзҳои мардум ва бенавоён.
- Ҳамкорӣ дар ҳама корҳои нек.
- Ҳамкорӣ накардан дар гуноҳ, озор ва таҷовузу зиён.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(Ва дар накукорӣ ва парҳезгорӣ бо якдигар ёрӣ кунед ва дар гуноҳу таҷовуз дастёри ҳам нашавед ва аз Аллоҳ Таъоло парво кунед [битарсед, чаро ки] бе тардид, Аллоҳ Таъоло сахткайфар аст)
(Сураи Моида, ояти 6)
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
"Муъмин барои муъмин (и дигар) монанди як сохтмон аст, ки ҳар як қисми он қисми дигарашро мустаҳкам мекунад."
Муттафақун алайҳӣ.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Мусалмон бародари мусалмон аст, ба ӯ зулму ситам намекунад ва ӯро таслим намекунад. Ҳар кас, ки дар (роҳи рафъи) ниёзи бародараш бошад, Аллоҳ низ ниёзи ӯро рафъ мекунад ва ҳар кас, ки сахтиеро аз бародараш дур кунад, Аллоҳ низ як сахтие аз сахтиҳои рӯзи қиёматро аз ӯ дур мекунад. Ва ҳар кас, ки мусалмонеро бипӯшонад, Аллоҳ рӯзи қиёмат ӯро мепӯшонад".