Назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои мусалмон шудан омадам, манро амр кард, ки бо об ва сидр ғусл кунам.
Аз Қайс ибни Осим (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт:
Назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои мусалмон шудан омадам, манро амр кард, ки бо об ва сидр ғусл кунам.
أتيتُ النبيَّ صلى الله عليه وسلم أُريدُ الإسلامَ، فأَمَرَني أن أغتَسِلَ بماءٍ وسِدرٍ.
Қайс ибни Осим назди Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) омад ва хост, ки исломро қабул кунад, Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ӯро фармуд, ки бо об ва барги дарахти сидр худро бишӯяд. Зеро барги ин дарахт барои шустушу истифода бурда мешавад ва бӯи хуш дорад.
Ҷоиз будани ғусл кардани кофир ҳангоми ворид шудан ба Ислом.
Ислом ҳам ба ҷисм ва ҳам ба рӯҳ таваҷҷуҳи зиёд дорад.
Омехта кардани об бо ашёи пок, онро аз поккунанда буданаш берун намекунад.
Собун ва поккунандаҳои нав ҷои сидр барин маводи шустушӯйро ишғол мекунанд.
Сунани Абудовуд (1/ 266) (355).
Сунани Тирмизӣ (1/ 595) (605).
Сунани Насоӣ (1/ 109) (188).
Бештар (3)
معالم السنن (1/111).
ذخيرة العقبى (4/131).
شرح سنن أبي داود للعباد (54/ 10).