حقوق دعت إليها الفطرة
رسالة لطيفة تقدم شرحًا مفصلًا لعشرة حقوق أساسية تشمل حقوق الله تعالى، وحقوق النبي صلى الله عليه وسلم، وحقوق الوالدين، والأولاد، والأقارب، والجيران، والزّوجين، والرّعية والولاة، والمسلمين عمومًا، وغير المسلمين. يهدف الكتاب إلى تعزيز الفهم الصحيح للعلاقات الاجتماعية والواجبات الفردية تجاه الآخرين، مستندًا إلى نصوص الوحي من القرآن الكريم والسنة النبوية، مما يجعله مرجعًا مهمًا لكل مسلم يسعى لتطبيق الشريعة في حياته اليومية مع ربه ومع الآخرين.
These files are generated automatically from the book's text; their layout may differ from the printed edition.
Сипас Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Агар хоҳед ин оятро бихонед: ( [Эй мунофиқон] Оё [ҷуз ин] интизор доред, ки агар [аз Қуръону суннати паёмбараш] рӯй бигардонед, дар замин табоҳӣ кунед ва аз хешовандонатон бибуред?" (Сураи Муҳаммад, ояти 22).
Ҳуқуқҳое, ки фитрат ба он даъват карда ва шариат онҳоро тасдиқ намудааст
*
Ба номи Худованди Бахшандаи Меҳрубон
Муқаддима
Ҳамду ситоиш барои Аллоҳ аст. Ӯро ситоиш мекунем, аз Ӯ ёрӣ ва омурзиш мехоҳем ва ба сӯи Ӯ тавба мекунем. Ва паноҳ мебарем ба Аллоҳ аз бадиҳои нафси хеш ва аз амалҳои зишти худ. Ҳар киро Аллоҳ ҳидоят кунад, ҳеҷ кас наметавонад ӯро гумроҳ созад. Ва ҳар касро, ки Ӯ гумроҳ кунад, барои ӯ ҳеҷ роҳнамое нест. Ва гувоҳӣ медиҳам, ки нест маъбуде ба ҳақ, ҷуз Аллоҳ, Ӯ ягона ва бешарик аст. Ва гувоҳӣ медиҳам, ки Муҳаммад банда ва фиристодаи Ӯст. Салому дуруди Аллоҳ бар Ӯ ва хонадону саҳобагон ва касоне бод, ки ба некӣ аз онон пайравӣ карданд.
Аммо баъд, яке аз зебоиҳои шариати Аллоҳ Таъоло ин риояти адолат ва додани ҳаққи ҳар кас аст, бидуни зиёдаравӣ ва кӯтоҳию беэътиноӣ. Аллоҳ Таъоло ба адолат, некӣ ва хайр кардан ба хешовандон амр кардааст. Бар асоси адл паёмбарон фиристода шуданд, китобҳо нозил шуданд ва умури дунё ва охират бар асоси адл барпо гаштааст.
Адл маънои додани ҳаққи ҳар соҳибҳақ ва қарор додани ҳар чиз дар ҷойгоҳ ва манзилати муносиби ӯ аст. Ва ин анҷом намеёбад, магар бо донистани ҳуқуқе, ки бояд ба аҳли он дода шавад. Аз ин рӯ, ин сатрҳоро ба таври муфассал барои баёни ҳуқуқҳои муҳим нигоштем, то ин ки банда ба қадри тавонаш он чиро, ки аз онҳо омӯхтааст, иҷро кунад. Инро метавон ба таври зер ҷамъбаст кард:
1- Ҳуқуқи Аллоҳ Таъоло.
2 - Ҳуқуқи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам).
3 - Ҳуқуқи волидайн.
4 - Ҳуқуқи фарзандон.
5 - Ҳуқуқи хешовандон.
6 - Ҳуқуқи зану шавҳар.
7- Ҳуқуқи ҳокимон ва раъият.
8 - Ҳуқуқи ҳамсоягон.
9 - Ҳуқуқи умумии мусалмонон.
10 - Ҳуқуқи ғайри мусалмонон.
Инҳо ҳуқуқҳое ҳастанд, ки қасд дорем баъзе аз ононро ба шакли мухтасар мавриди баррасӣ қарор диҳем.
*
Ҳаққи аввал: Ҳаққи Аллоҳ Таъоло
Ин ҳақ аз ҳама ҳақҳо сазовортар, воҷибтар ва бузургтарини онҳо аст. Зеро он ҳаққи Аллоҳ Таъоло, Офаридгори бузург, Молик, ва Мудаббири (идоракунандаи) ҳама умур аст. Ҳаққи он Подшоҳи ҳақ, Зоҳиру ошкор, Зинда ва Пойдор, ки осмонҳо ва замин бо Ӯ устуворанд. Ҳама чизро офарид ва барои он бо ҳикмати комил тақдир муқаррар намуд. Ҳаққи Аллоҳ, ки туро аз ҳеҷ чиз ба вуҷуд овард, дар ҳоле, ки қобили зикр набудӣ. Ҳаққи Аллоҳ, ки туро дар шиками модарат дар се қабати торикӣ парвариш дод, дар ҳоле, ки ҳеҷ махлуқе наметавонист ғизо ва ниёзҳои рушду зиндагиро бароят бирасонад. Он ки синаҳоро бароят пуршир сохт ва ба ду роҳ туро ҳидоят кард ва падару модаратро бароят фармонбардор сохт. Ӯ туро рӯзӣ дод ва омода кард. Туро неъматҳо ва ақлу фаҳм ато кард ва туро омода кард, ки онҳоро бипазирӣ ва аз онҳо суд бибарӣ. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй мардум] Аллоҳ Таъоло шуморо аз шиками модаронатон хориҷ намуд, дар ҳоле ки ҳеҷ чиз намедонистед; ва бароятон гӯшу чашм ва дил [-у ақл] падид овард [то қудратҳои илоҳиро дарк кунед]; бошад, ки сипос гузоред) (Сураи Наҳл, ояти 78). Агар фазли хешро ба андозаи як мижа задан аз ту боз медошт, ҳалок мешудӣ ва агар раҳмати худро аз ту бозмедошт, зинда намемондӣ. Агар ин фазлу раҳмати Худо бар ту бошад, пас ҳаққи Ӯ бар ту бузургтарин ҳуқуқҳост, зеро он ҳақ, ҳаққи офаридан, омода сохтан ва ёрӣ расондан аст. Ва ин ки Ӯ аз ту на ризқу рӯзӣ мехоҳад ва на таъом. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Мо] Аз ту рӯзӣ намехоҳем, [балки] худ ба ту рӯзӣ медиҳем; ва саранҷоми нек барои [аҳли] парҳез аст) (Сураи Тоҳо, ояти 132).
Балки Ӯ аз ту танҳо як чизро мехоҳад, ки нафъи он ба худат бармегардад. Мехоҳад, ки танҳо Ӯро бипарастӣ ва ҳеҷ шарике барои Ӯ қарор надиҳӣ. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва ҷинну инсро фақат барои ин офаридам, ки Маро ибодат кунанд [ва аз бандагии дигарон сар боз зананд] ) (Сураи Зориёт, ояти 56). Аз ту мехоҳад, ки бо тамоми маънои бандагӣ, бандаи Ӯ бошӣ. Чунон ки Ӯ бо тамоми маънои рубубият, Парвардигори ту аст. Ин ки бандаи хоксору фурутани Ӯ бошӣ ва фармонбардори фармонҳои Ӯ ва иҷтиноб кунандаи ҳама мамнуъоти Ӯ бошӣ. Хабари Ӯро тасдиқ кунӣ, зеро мебинӣ, ки неъматҳои Ӯ барои ту фаровон, пай дар пай ва доимист. Оё шарм намедорӣ, ки ин неъматҳоро ба ношукрӣ ва куфр иваз кунӣ?
Агар касе аз мардум дар ҳаққи ту лутфе карда бошад, шарм медоштӣ, ки бо гуноҳи ӯ ва мухолифати ӯ рӯ ба рӯ шавӣ ва ошкоро аз ӯ нофармонӣ кунӣ. Пас, чи расад ба Парвардигор, ки ҳар неъмате ба ту расидааст, аз лутфи Ӯ аст ва ҳар мусибату бадие, ки аз ту дафъ шудааст, аз раҳмати Ӯст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [эй мардум] ҳар неъмате, ки доред, аз сӯи Аллоҳ Таъоло аст; сипас чун ба шумо газанде мерасад, ба пешгоҳи Ӯ нола ва зорӣ мекунед) (Сураи Наҳл, ояти 53).
Ва ин ҳаққе, ки Аллоҳ барои Худаш воҷиб гардонидааст (ва бар уҳдаи бандагонаш ниҳодааст), барои ҳар кас, ки Аллоҳ осон гардонад, осон аст. Зеро Аллоҳ онро душвору тангно ва сахт накардааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва дар роҳи Аллоҳ Таъоло – чунон ки сазовори ҷиҳод [дар роҳи] Ӯст – ҷиҳод кунед. Ӯ шуморо баргузид ва дар дин бароятон ҳеҷ сахтӣ [ва тангное] қарор надод. Оини падаратон Иброҳим [низ чунин буд]. Ӯ [Аллоҳ Таъоло] пеш аз ин [дар китобҳои осмонии гузашта] ва дар ин [Қуръон] шуморо мусалмон номид, то паёмбар бар [иблоғи паёмаш ба] шумо гувоҳ бошад ва шумо [низ] бар мардум гувоҳ бошед [ки ҳамаи паёмбарон паёми илоҳиро ба қавми худ расонидаанд]. Пас, намоз барпо доред ва закот бипардозед ва ба Аллоҳ Таъоло паноҳ бибаред [ва бар Ӯ таваккал кунед], ки Ӯ [дӯсту] корсози шумост. Пас, чи наку корсозу чи нек ёварест!) (Сураи Ҳаҷ, ояти 78).
Ин эътиқоди намунавӣ, имон ба ҳақ ва амали неки пурсамар аст. Имони ба ғайб ва воқеият, ки асосаш муҳаббат ва бузургдошт аст ва самараи он ихлос ва сабру субот аст. Панҷ вақт намоз дар шабонарӯз, ки Аллоҳ тавассути он гуноҳҳоро маҳв мекунад, дараҷаҳоро баланд мебардорад, дилҳо ва аҳволро ислоҳ месозад, банда онҳоро тибқи тавоноии худ ба ҷо меорад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Пас то он ҷо ки метавонед, аз Аллоҳ Таъоло парво кунед) (Сураи Тағобун, ояти 16).
Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба Имрон ибни Ҳусайн гуфт — ва Имрон (разияллоҳу анҳу) бемор буд: "Истода намоз бигзор, агар наметавонӣ нишаста ва агар наметавонӣ ба паҳлу".
Закот, ки он як қисми андаке аз моли ту аст ва барои эҳтиёҷоти мусалмонон, ба фақирон, бенавоён, мусофирон, қарздорон ва дигар шахсоне, ки ба закот гирифтан ҳақ доранд, дода мешавад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Пас, намоз барпо доред ва закот бипардозед ва ба Аллоҳ Таъоло паноҳ бибаред [ва бар Ӯ таваккал кунед], ки Ӯ [дӯсту] корсози шумост. Пас, чи наку корсозу чи нек ёварест!) (Сураи Ҳаҷ, ояти 78).
Рӯза гирифтани як моҳ дар як сол. Агар касе бемор ё дар сафар бошад, ба ҳамин миқдор рӯзҳои дигарро (ба ҷои рӯзҳои ифтор кардааш, рӯза мегирад). Агар касе ба сабаби нотавонӣ рӯза гирифта натавонад, барои ҳар як рӯз як мискинро таом медиҳад.
Ҳаҷҷи Байтулҳаром як бор дар умр барои касоне, ки тавоноӣ доранд, фарз аст.
Инҳо асосҳои ҳуқуқи Аллоҳ Таъоло мебошанд. Ҳар чизе, ки аз инҳо берун аст, барои ҳолатҳои хоссе воҷиб мешавад, монанди, ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ, ё бо сабабҳое, ки онро воҷиб месозад, монанди пуштибонӣ аз мазлум.
Бубин бародарам, ин ҳаққи осон аз нигоҳи амал аст, ки аҷру савоби бузург дорад. Агар онро анҷом диҳӣ дар дунё ва охират саодатманд хоҳӣ буд ва аз дӯзах наҷот ёфта, ба биҳишт ворид мешавӣ. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (пас, ҳар киро аз оташ дур доранд ва дар биҳишт дароваранд, ҳатман, растагор шудааст; ва зиндагии дунё чизе ҷуз мояи фиреб нест) (Сураи Оли Имрон, ояти 185).
*
Ҳаққи дувум: Ҳаққи Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)
Ин ҳақ бузургтарин ҳаққе аст, ки як махлуқ дорад. Зеро ҳеҷ махлуқе бузургтар аз ҳаққи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) надорад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ( [Эй Паёмбар] Мо туро гувоҳ ва муждадиҳанда ва ҳушдордиҳанда фиристодем) (Сураи Фатҳ, ояти 8). Аз ин рӯ, муҳаббати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бояд бар муҳаббати тамоми мардум, ҳатто аз муҳаббати худ, фарзандон ва падару модар бартарӣ дошта бошад. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳаргиз аз шумо касе мусалмони комил намешавад, магар ин ки ман дар назди ӯ аз фарзанду падар ва тамоми мардум, маҳбубтар набошам".
Аз ҳуқуқи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) инҳоянд: Эҳтирому бузургдошти лоиқ ба он ҳазрат, бидуни зиёдаравӣ ва кӯтоҳию беэътиноӣ. Эҳтиром ва бузургдошташон дар зиндагиашон маънои арҷ гузоштан ба суннат ва шахси шарифи ӯ ва эҳтирому бузургдошти ӯ пас аз вафоташон, бузургдошти суннат ва шариати гаронқадрашон аст. Ҳар кас, ки шоҳиди эҳтиром ва бузургдошти саҳобагон ба Расули Аллоҳро дида бошад, дарк хоҳад кард, ки чӣ гуна он мардони бузург ва шариф, он чи дар ҳаққи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) воҷиб будааст, амал кардаанд. Урва ибни Масъуд ба Қурайш ҳангоме ки ӯро барои музокира бо Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фиристоданд, дар достони Ҳудайбия, (пас аз баргаштанаш) гуфт: "Ман бар подшоҳон - Кисро, Қайсар ва Наҷошӣ - даромадам, вале надидам, ки ёронашон онҳоро чунон бузург шуморанд, ки ёрони Муҳаммад, Муҳаммадро бузург медонанд. Ҳар гоҳ ононро амр мекард, дар иҷрои амраш шитоб мекарданд. Ва чун вузӯ мегирифт, наздик буд, ки барои оби таҳораташ бо ҳам ҷанг мекарданд ва чун сухан мегуфт, овозҳояшонро назди ӯ паст мекарданд ва ба ӯ рост нигоҳ намекарданд, аз эҳтиром ва бузургдошти ӯ ".
Ҳамингуна онон (разияллоҳу анҳум) Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро эҳтиром мекарданд ва ин бо ҳалимӣ ва ахлоқи некуе буд, ки Аллоҳ Таъоло эшонро бар он сиришта буд. Агар сахтгир ва дағалрафтор мебуд, аз атрофаш пароканда мешуданд.
Ва аз ҷумлаи ҳуқуқҳои Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) инҳоянд: Бовар кардан ба ҳар он чизе, ки ӯ аз умури гузашта ва оянда хабар додааст. Иҷро кардани фармонҳои ӯ. Дурӣ ҷустан аз он чи манъ ва наҳй кардааст. Имон овардан ба он ки раҳнамуди ишон комилтарин раҳнамуд ва шариати ӯ комилтарин шариат мебошад. Ва ин ки набояд ягон қонун ё низоме, новобаста аз манбааш, бар шариати ӯ муқаддам дониста шавад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (На! Савганд ба Парвардигорат, [эй Муҳаммад] ки онон имон намеоваранд, магар ин ки дар ихтилофоташон туро довар қарор диҳанд ва аз доварии ту дар дили хеш эҳсоси нороҳатӣ накунанд ва комилан таслим бошанд) (Сураи Нисо, ояти 65). ([Эй паёмбар] Бигӯ: "Агар Аллоҳро дӯст медоред, аз ман пайравӣ кунед, то Аллоҳ Таъоло шуморо дӯст бидорад ва гуноҳонатонро биёмурзад; ва Аллоҳ Таъоло омурзандаи меҳрубон аст" ) (Сураи Оли Имрон, ояти 31).
Ва аз ҷумлаи ҳуқуқҳои Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ин ба қадри тавон ҳимоят кардан аз шариат ва раҳнамуди ишон бо силоҳе, ки муносиби ҳоли шахс бошад, аст. Агар душман бо далелу шубҳа ҳамла кунад, бояд бо истифода аз илм аз ӯ дифоъ кунад, далелу шубҳаҳои ӯро рад карда, фасоди онҳоро нишон диҳад. Ва агар бо силоҳ ҳамла кунад, бояд бо ҳамон равиш аз ӯ дифоъ кунад.
Барои ҳеҷ муъмине имкон надорад, ки бишнавад, касе ба шариати Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ё ба шахсияти мубораки ишон ҳамла оварад, ва шахс бо вуҷуди тавонои дифоъ, сукутро ихтиёр кунад.
*
Ҳаққи севум: Ҳуқуқи волидайн
Ҳеҷ кас фазлу неъмати волидайн нисбат ба фарзандонро инкор намекунад. Падару модар сабаби вуҷуди фарзанд ҳастанд ва ҳаққи бузурге бар ӯ доранд. Ӯро аз хурдсолӣ ба воя расонданд, барои роҳати ӯ заҳмат кашиданд ва шабҳои дароз бедорхобӣ кашиданд. Модарат туро дар шикамаш мебардорад ва аз ҳисоби ғизо ва саломатии ӯ нуҳ моҳ зиндагӣ мекунӣ. Чунон ки Аллоҳ Таъоло дар ин бора ишора кардааст: (модараш ӯро бо нотавонии рӯзафзун бордор шуд) (Сураи Луқмон, ояти 14). Сипас баъд аз он ду сол ӯро шир дод ва бо ранҷу хастагӣ ва душворӣ аз ӯ нигоҳубин кард.
Инчунин падар низ талош мекунад, ки аз кӯдакӣ то расидан ба синни рушд ризқу рӯзии туро таъмин кунад. Ӯ саъй мекунад, ки туро ба воя расонад ва ҳидоят кунад, дар ҳоле, ки наметавонӣ худ ба худат зарар ё нафъе бирасонӣ. Бинобар ин, Худованд амр намудааст, ки фарзандон ба падару модар некӣ кунанд ва онҳоро шукр гӯянд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Мо инсонро [дар бораи накуӣ] ба падару модараш супориш кардем, [аз он рӯ, ки] модараш ӯро бо нотавонии рӯзафзун бордор шуд ва [даврони ширхорагӣ ва] бозгирифтанаш аз шир ду сол тӯл мекашад. [Ба ӯ гуфтем] Ки: «шукри Ман ва падару модаратро ба ҷо овар, [ки] бозгашт [ҳама] ба сӯйи Ман аст) (Сураи Луқмон, ояти 14). Дар ҷои дигар мефармояд: (Ва Парвардигорат чунин фармон додааст, ки: «Ҷуз Ӯро напарастед ва ба падару модар некӣ кунед. Ҳар гоҳ яке аз он ду ё ҳар дуи онҳо дар канори ту ба синни пирӣ расиданд, [ҳатто] ба онҳо уфф магӯ ва бар сарашон фарёд назан ва бо онон ба некӣ [ва меҳрубонӣ] сухан бигӯ) (Сураи Исро, ояти 23).
Ҳаққи волидайн бар ту ин аст, ки: Дар ҳаққи онон некукорӣ кунӣ ва дар гуфтору кирдор ва бо молу ҷисм ба онҳо некӣ кунӣ. Аз амру фармони онон дар ғайри нофармонӣ аз Худованд ва дар он чи бароят зиён нарасад, итоат намоӣ. Дар гуфтор бо онҳо нарму кушодарӯй бош ва ба онон меҳрубонӣ кун ва хидмати ононро чӣ гунае, ки сазовораш ҳастанд, анҷом деҳ. Ва ҳангоми пирӣ, беморӣ ва нотавониашон, бар онон сабур бош ва аз хидмати онон ибрози хастагӣ ва бесабрӣ накун ва ин хидматгузориро барои худат гарону сангин набин. Зеро рӯзе хоҳад расид, ки ту дар ҷои онҳо хоҳӣ буд. Ту низ монанди онҳо падар хоҳи шуд, ҳамон тавре ки онон волидайн буданд. Ту бо фарзандонатон ба пирӣ мерасӣ -агар дар тақдират бошад- чунон ки онҳо бо ту ба пирӣ расиданд. Ҳамон гуна ки волидайнат ба кумаки ту ниёз доранд, ту ҳам ба кумаки фарзандонат ниёз хоҳи дошт. Пас агар ба онҳо некӣ карда бошӣ, ба аҷру савоби фаровон ва подоши неку башорат бигир. Зеро подош баробари амал аст. Ҳар ки ба падару модари худ некӣ кунад, аз фарзандонаш некӣ мебинад ва ҳар ки ба волидайнаш нофармонӣ кунад, аз фарзандонаш нофармонӣ хоҳад дид. Пас, тавре ки ҳукм кардед, ҳукм карда хоҳед шуд.
Худованд падару модарро мақому манзилати баланде додааст. То он ҷо, ки ҳаққи онҳоро пас аз ҳаққи Худ, ки шомили ҳаққи Расулаш (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аст, қарор додааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ( Ва Аллоҳро бипарастед ва чизеро бо Ӯ шарик нагардонед ва ба падару модар некӣ кунед) (Сураи Нисо, ояти 36). Дар ҷои дигар Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Ба ӯ гуфтем] Ки: «шукри Ман ва падару модаратро ба ҷо овар, [ки] бозгашт [ҳама] ба сӯйи Ман аст) (Сураи Луқмон, ояти 14). Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) некӣ бар падару модарро авлотар аз ҷиҳод дар роҳи Худо донистааст. Чунон ки дар ҳадиси Ибни Масъуд (разияллоҳу анҳу) омадааст, ки гуфт: Гуфтам: Эй Расули Худо, кадом амал дар назди Худо маҳбубтар аст? Гуфт: "Намоз хондан дар вақташ". Гуфтам: Сипас чӣ? Гуфт: "Некӣ бар падару модар". Гуфтам: Сипас чӣ? Гуфт: " Ҷиҳод дар роҳи Аллоҳ". Ривояти Бухорӣ ва Муслим. Ин далолат бар бузургии ҳуқуқи волидайн мекунад, ки бисёре аз мардум онро зоеъ кардаанд ва рӯ ба беэътиноӣ ва нофармонӣ оварда, даст ба бегонагӣ задаанд. Баъзе аз онҳоро мебинӣ, ки барои падару модараш ҳаққе қоил нестанд. Ҳатто онҳоро таҳқиру хору зор кардаанд ва худро бар онҳо бартарӣ додаанд. Чунин шахс подоши худро дер ё зуд хоҳад гирифт.
*
Ҳаққи чаҳорум: Ҳуқуқи фарзандон
Фарзандон: Ҳам писарон ва ҳам духтаронро дар бар мегирад. Ҳуқуқи фарзандон зиёданд, ки аз муҳимтарини онҳо тарбият аст. Яъне, парвариши дин ва ахлоқ дар нафси онҳо, то ин ки дар ин замина ба сатҳи баланд бирасанд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, худ ва хонаводаатонро аз оташе, ки ҳезуми он мардуму сангҳост нигаҳ доред; ) (Сураи Таҳрим, ояти 6). Ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳамаи шумо масъулед ва ҳамаи шумо масъули раъияти худ ҳастед ... ва мард дар хонаводаи худ масъулият дорад ва масъули раъияти худ аст." Фарзандон дар назди волидайн амонат ҳастанд, ки рӯзи қиёмат аз онҳо пурсида хоҳанд шуд. Бо тарбияи динӣ ва ахлоқии онҳо падару модар аз ҷавобгарии ин масъулият раҳо мешаванд ва фарзандон ислоҳ мегарданд ва дар дунё ва охират мояи шодӣ ва нури чашми падару модар мешаванд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Муъминоне, ки фарзандонашон дар имон пайрави онон буданд, фарзандонашонро [низ дар биҳишт] ба онон мулҳақ хоҳем кард ва аз [подоши] амалашон заррае намекоҳем; чаро ки [сарнавишти] ҳар кас дар гарави дастоварди худи ӯст) (Сураи Тур, ояти 21). (Мо алатноҳум) яъне, намекоҳем. Ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳангоме ки фарзанди инсон мемирад, амалаш қатъ мешавад, магар се чиз: садақаи ҷория, илме, ки пас аз ӯ аз он баҳра мегиранд, ё фарзанди солеҳе, ки барои ӯ дуо мекунад." Ин яке аз меваҳои тарбияти дуруст аст, ки агар фарзанд ба таври шоиста тарбия карда шавад, ҳатто баъд аз марг ҳам барои падару модараш судманд хоҳад буд.
Бисёре аз волидайн ин ҳуқуқро нодида гирифта, нисбат ба фарзандон беэътиноӣ мекунанд. Фарзандонашонро зоеъ сохта, фаромуш кардаанд, гӯё дар назди онҳо масъулияте надоранд. Онҳоро намепурсанд, куҷо рафтанд ва кай баргаштанд? Намепурсанд, ки дӯстон ва ёрони онҳо кистанд? На онҳоро ба сӯи хайру некӣ роҳнамоӣ мекунанд ва на аз корҳои бад онҳоро бозмедоранд.
Тааҷҷубовар аст, ки ин одамон барои нигоҳ доштан ва афзун намудани сарвати худ ва таъмини рушди дурусти он ин қадар майл доранд ва барои вазъи молиашон бехобӣ мекашанд, ҳол он ки худи онҳо аксар вақт ин сарватро парвариш карда, ба дигарон медиҳанд. Аммо ба фарзандонашон коре надоранд, ҳарчанд ҳифзи онҳо дар дунёву охират муҳимтар ва судмандтар аст. Ҳамон гуна ки барои волидайн парвариши ҷисмии фарзандашон бо обу хӯрок ва таъмини либос зарур (воҷиб) аст, ҳамин гуна низ барояшон зарур аст, ки қалби ӯро бо илму имон ғизо диҳанд ва руҳашро ҷомаи парҳезгорӣ пӯшонад, ки ин беҳтар аст.
Ва аз ҷумлаи ҳуқуқи фарзандон: Барои онон бидуни исроф ва бепарвоӣ нафақа кунад. Зеро ин аз ҳуқуқҳои фарзандон бар уҳдаи ӯст. Ва василае аст барои шукргузорӣ аз неъматҳо ва сарвате, ки Худованд ба ӯ додааст, Чӣ гуна метавонад дар зиндагии худ ин молро аз онҳо боздорад ва ба он бахилӣ кунад, то ҷамъ шавад ва сипас баъд аз маргаш онро ба зурӣ мегиранд? Ҳатто агар дар нафақаи воҷиби онҳо бахилӣ кунад, ҳақ доранд, ки аз моли ӯ чизе, ки мувофиқи урфу одат барояшон кифоят мекунад, бигиранд. Чунон ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба Ҳинд бинти Утба (разияллоҳу анҳо) фатво додааст.
Ва аз ҷумлаи ҳуқуқи фарзандон ин аст, ки падар набояд якеро бар дигаре дар додани туҳфа ё бахшишҳо болотар донад. Яъне, набояд ба баъзе аз фарзандон чизе диҳад ва дигаронро маҳрум созад, зеро ин беадолатӣ ва зулм аст. Ва Худо золимонро дӯст намедорад. Зеро ин (тафовут дар бахшиш) боис мешавад, ки фарзандони маҳрум рӯй гардонанд ва миёни онҳо ва фарзандоне, ки бахшиш гирифтаанд, душманӣ ба вуҷуд ояд, балки эҳтимол дорад ин душманӣ миёни фарзандони маҳрум ва падаронашон низ пайдо шавад.
Баъзе аз мардум яке аз фарзандонашро, ки нисбат ба падару модар бештар эҳсон ва меҳрубонӣ мекунад, аз дигарон ҷудо мекунад ва танҳо ба ӯ туҳфа ва бахшиш медиҳад, ба хотири он ки ӯ дар эҳсон аз дигар бародаронаш бартарӣ дорад. Аммо ин кор асоси шаръӣ надорад, ва чунин фарқгузорӣ ҷоиз нест. Зеро фарзанди некукорро ба подоши эҳсонаш ҳеҷ гоҳ набояд бо молу туҳфа ҷуброн кард, чун ки аҷру подоши эҳсони ӯ назди Аллоҳ аст. Ва ин гуна фарқгузорӣ боиси худписандии ӯ мешавад ва гумон мекунад, ки ӯ аз дигарон бартарӣ дорад ва ин амал бародарону хоҳарони дигарро аз ӯ безор месозад ва мумкин аст, ки онҳо аз волидайн нофармонӣ кунанд. Сипас, мо намедонем, шояд ҳолатҳо тағйир ёбанд: фарзанди некукор носипос шавад ва фарзанди носипос некукор гардад. Зеро дилҳо дар дасти Худо ҳастанд, Ӯ онҳоро ҳар тавре ки бихоҳад, мегардонад.
Дар Саҳеҳайн (Саҳеҳ Бухорӣ ва Саҳеҳ Муслим) Аз Нуъмон ибни Башир ривоят аст, ки падараш Башир ибни Саъд барояш ғуломе бахшид ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро аз ин хабар дод, Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: "Оё ба ҳамаи фарзандонат чунин чизе додаӣ?" Гуфт: На. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Пас онро боз пас гир." Ва дар ривояти дигар омадааст: "Аз Худо битарсед ва миёни фарзандонатон адолат кунед." Дар лафзи дигар: "Ғайр аз ман, ягон каси дигарро шоҳид бигир, зеро ман бар зулм шоҳидӣ намедиҳам." Расули Худо (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бартарӣ додани баъзе фарзандонро бар баъзеи дигар ҷавр ва ситам номидааст ва ҷавр, зулм ва ҳаром аст.
Аммо агар бархе аз онҳоро чизе диҳад, ки эҳтиёҷ дорад ва дигаронашон эҳтиёҷ надоранд, монанди яке аз фарзандон, ки ниёз ба дафтару китоб дорад ё яке аз онҳо ниёз ба табобат ё тӯй дошта бошад, дар ин ҳолат ишколе вуҷуд надорад, ки ӯ якеро ба таври хос чизе бидиҳад, ки ба он ниёз дорад. Зеро ин махсус ба яке чизе додан дар асоси ниёз аст, монанди нафақа.
Ҳар гоҳ падар вазифаҳое, ки бар ӯ нисбат ба фарзанд ҳастанд, монанди тарбия ва нафақаро ба ҷо оварад, пас шоистаи он аст, ки фарзанд низ ба некӣ бо падар рафтор кунад ва ҳуқуқи ӯро риоя намояд. Аммо агар падар дар иҷрои ин масъулиятҳо кӯтоҳӣ кунад, сазовори ҷазо мешавад, яъне фарзанд ҳаққи ӯро инкор мекунад ва ба носипосӣ гирифтор мешавад, ки он ҷазои сазовор (ва мувофиқ бо амалаш) аст. Чӣ гуна рафтор кунӣ, ҳамон гуна бо ту рафтор карда мешавад.
*
Ҳаққи панҷум: Ҳуқуқи хешовандон
Хешованде, ки бо ту нисбати хешӣ дорад, монанди бародар, амак, тағоӣ ва фарзандони онҳо ва ҳар каси дигаре, ки бо ту бо роҳи хешутаборӣ иртибот дорад, бар асоси наздикии нисбаташ ба ту, ҳаққи хешӣ дорад. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва ҳаққи хешовандро ба ӯ бидеҳ [силаи раҳм ба ҷой овар]) (Сураи Исро, ояти 26). Ва мефармояд: (Ва Аллоҳро бипарастед ва чизеро бо Ӯ шарик нагардонед ва ба падару модар некӣ кунед ва [низ] ба хешовандон) (Сураи Нисо, ояти 36). Барои ҳар як хешу табор воҷиб аст, ки робитаи хешовандии хешонашро аз рӯӣ саховатмандӣ, кумаки моддӣ ва молӣ ва мувофиқи он ки наздикии хешутаборӣ ва ниёзмандӣ тақозо мекунад, таъмин намояд, ки ин муқтазоӣ шариат ва ақлу фитрат аст.
Далилҳои зиёде дар бораи ташвиқ ба нигоҳ доштани робитаҳои хешутаборӣ ва тарғиб ба он ворид шудааст. Дар Саҳеҳайн аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: " Аллоҳ махлуқотро офарид ва чун аз офариниш фориғ шуд, "пайванди хешовандӣ" гуфт: Ин ҷо ҷойгоҳи касе аст, ки аз буридани пайванд ба Ту паноҳ меорад!? Пас, Аллоҳ фармуд: Оре. Оё розӣ нестӣ, ки ҳар кас туро пайванд кунад, Ман низ бо ӯ пайванд кунам ва ҳар кас аз ту бурид, Ман низ бо ӯ бурида шавам? Гуфт: Бале (розиям). Худованд фармуд: Ин бошад барои ту ( пас чунин хоҳам кард)." Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар ки ба Худо ва рӯзи қиёмат имон дорад, пайванди хешовандиашро пайваста дорад."
Бисёре аз мардум ин ҳуқуқро зоеъ ва нисбат ба он беэътиноӣ мекунанд. Баъзе аз онҳоро мебинӣ, ки ба ҳеҷ ваҷҳ бо хешовандонаш пайвандӣ надорад, чи аз рӯӣ сарват ё обрӯ ва чи аз рӯи мансабу ахлоқ. Рӯзҳо ва моҳҳо мегузарад ва онҳоро намебинад ва на зиёрат мекунад ва на ба онҳо туҳфа медиҳад, ки муҳаббаташон зиёд шавад ва на мушкиле аз мушкилоташонро осон мекунад. На ин ки кумакашон намекунад, балки онҳоро бо сухану рафтораш хафа ҳам мекунад. Бо ашхоси дурдаст робита дорад, аммо бо наздиконаш робитаро қатъ мекунад.
Баъзе аз мардум агар хешовандонаш бо ӯ робита барпо кунанд, ӯ ҳам хешутаборӣ мекунад ва агар робитаро қатъ карданд, ӯ ҳам қатъ мекунад. Ин дар ҳақиқат нигоҳ доштани робита бо онҳо нест, балки баргардонидани кори нек аст (ҷуброни некӣ ба некӣ), ки ин ҳам барои хешовандон ва ҳам барои дигарон дахл дорад, Зеро ҷуброни некӣ хос барои хешовандон нест. Аммо он ки дар ҳақиқат аҳли силаи раҳм аст, касест, ки бо хешовандонаш барои розигии Худо робита ва пайвандӣ дорад, новобаста аз он ки онҳо бо ӯ робита доранд ё на. Чунон ки дар "Саҳеҳи Бухорӣ" аз Абдуллоҳ ибни Амр ибни Ос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Анҷом додани робитаи хешовандӣ ба таври мутақобил, силаи раҳми ростин нест, балки силаи раҳми ростин ҳангоме аст, ки агар хешовандон робитаашонро бо ӯ қатъ карданд, ӯ ҳамчунон пайванди хешовандиро бо онон нигоҳ медорад." Марде аз ӯ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пурсид: Эй Расули Аллоҳ, ман хешовандоне дорам, ки бо онҳо иртибот дорам, вале онҳо бо ман робитаи худро қатъ мекунанд, ман ба онҳо некӣ мекунам, вале онон дар ҳаққи ман бадӣ мекунанд, ман бо онҳо сабру шикебоӣ мекунам, аммо онон маро нодида мегиранд. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Агар чунон бошӣ, ки мегӯӣ, гӯё ба онон хокистари тафсон мехуронӣ. Ва ҳамеша аз ҷониби Худо кумакгаре бо ту хоҳад буд, то вақте ки бар ҳамин ҳолат бошӣ." Ривояти Муслим.
Худованд он касеро, ки робитаи хешутабориро нигоҳ медорад, дар дунё ва охират шомили раҳмати хеш қарор дода, корҳоро барояш осон месозад ва андуҳҳояшро бартараф мегардонад. Илова бар ин, силаи раҳм сабаби бо ҳам наздикшавии аъзои хонавода, ба вуҷуд омадани муҳаббату меҳрубонӣ миёни онҳо ва кумакрасонии ҳамдигар дар шодию ғам мегардад. Ва ин хушҳолии бузурге ба бор меорад, ки таҷриба низ онро собит кардааст. Аммо ҳамаи ин фоидаҳо аз байн мераванд, вақте ки қатъи раҳм (буридани робитаи хешутаборӣ) сар мезанад ва дурӣ миёни хешовандон пайдо мешавад.
*
Ҳаққи шашум: Ҳуқуқи зану шавҳар
Издивоҷ дорои осори бисёр муҳим ва талаботи бузурге аст. Ин пайванд байни зану шавҳар аст, ки ҳар яки онҳоро мулзам ба риояти ҳуқуқҳои якдигар менамояд, аз ҷумла ҳуқуқҳои ҷисмонӣ, иҷтимоӣ ва молиявӣ.
Пас, бар зану шавҳар воҷиб аст, ки бо якдигар муносибати нек дошта бошанд ва ҳаққи воҷибшудаи якдигарро бо ризоият ва осонӣ адо намоянд, бидуни нафрат, дурӣ ё таъхир дар адои он. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва бо онҳо ба таври шоиста рафтор кунед) (Сураи Нисо, ояти 19). Дар ҷои дигар Аллоҳ Таъоло мефармояд: (ва занон ҳуқуқи шоистае доранд, ҳаммонанд [-у ҳамсангии вазоифе], ки бар уҳда доранд ва мардон [дар сарпарастиву амри талоқ] бар онон бартарӣ доранд) (Сураи Бақара, ояти 228). Ҳамин тавр зан ҳам бояд он чиро бар ӯ воҷиб аст, барои шавҳараш фароҳам созад.
Ҳар гоҳ ҳар кадоме аз зану шавҳар ҳуқуқи воҷиби дигареро ба ҷо орад, зиндагии онҳо саодатманд хоҳад шуд ва ҳамзистии онҳо идома хоҳад ёфт. Аммо агар баръакси он бошад, миёнашон ҷудоӣ ва низоъ ба вуҷуд меояд ва зиндагии ҳар ду талх мегардад.
Нусуси зиёде дар бораи тавсия дар ҳаққи занон ва мурооти ҳоли онон ворид шуда, таъкид мешавад, ки ҳамеша вазъи олӣ (бемушкилот) доштан ғайри мумкин аст. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) меармояд: "Ҳамдигарро нисбат ба риояти ҳуқуқи занон ба хайр супориш кунед. Онон аз устухони қабурға офарида шудаанд. Ва каҷтарини қабурғаҳо болотарини онҳо аст, агар бихоҳӣ онро рост кунӣ, онро мешиканӣ ва агар ба ҳоли худ раҳо кунӣ, ҳамвора каҷ хоҳад монд, пас нисбат ба занон хуб рафтор кунед ва супориши ман дар бораи занонро риоят кунед." Ва дар ривояти дигар омадааст: " Зан аз қабурға офарида шудааст ва он бо як равиш бо ту роҳ нахоҳад омад, пас агар аз ӯ баҳра бурдӣ бо ҳамон каҷӣ баҳра хоҳи бурд ва агар бихоҳӣ онро рост намоӣ, онро мешиканӣ ва шикастани ӯ талоқи ӯст." Ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳеҷ марди муъмине нисбат ба зани муъмин (ҳамсараш) бадбинӣ накунад, зеро агар як ахлоқашро написандад, ахлоқи дигарашро меписандад." Ва маънои "ло яфрук" (дар ҳадис) "бад набинад" ва "нафрат накунад", мешавад. Дар ин ҳадисҳо Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) умматашро роҳнамоӣ кардааст, ки чӣ гуна бо занон рафтор кунанд. Ва лозим аст, ки мард бо зан ба қадри мумкин бо он чи осон аст, муносибат кунад, зеро табиати зан, ки аз рӯи он офарида шудааст, бар он нест, ки комилу бекамбуд бошад, балки дар табиаташ як навъ каҷӣ ҳаст ва мард наметавонад аз ӯ баҳра гирад, магар бо қабул кардани ӯ ҳамон тавре ки офарида шудааст.
Дар ин ҳадисҳо омадааст: бояд инсон миёни хубиҳо ва нуқсонҳои зан муқоиса кунад; агар аз ахлоқе дар ӯ норозӣ бошад, пас бояд онро бо хислати дигари писандидае, ки дар ӯ ҳаст, муқоиса намояд, на ин ки танҳо аз диди норозигӣ ва кина ба ӯ нигарад.
Бисёре аз шавҳарон аз ҳамсаронашон дараҷаи камолро мехоҳанд, аммо ин имконнопазир аст. Ин хоҳиш онҳоро ба бадбахтӣ мебарад ва аз зиндагии якҷоя бо ҳамсаронашон лаззат намебаранд. Ва шояд ин метавонад сабаби талоқ ва ҷудогии онҳо шавад. "Ва агар бихоҳӣ онро рост намоӣ, онро мешиканӣ ва шикастани ӯ талоқи ӯст", аз ин рӯ, шавҳар бояд ҳалим бошад ва ба ҳар коре, ки занаш мекунад, нодида бигирад, ба шарте ки ин кор ба дину номуси ӯ халал нарасонад.
Аз ҷумлаи ҳуқуқи ҳамсар бар шавҳар ин аст, ки нафақаи ӯро таъмин намояд, аз ҷумла хӯрок, нӯшиданӣ, либос, манзил ва чизҳои вобаста ба он, ба далели ин фармудаи Аллоҳ Таъоло: (ва бар соҳиби фарзанд [падар] лозим аст хӯроку пӯшоки онон [модарон]-ро [дар муддати шир додан] ба таври шоиста [фароҳам кунад]) (Сураи Бақара, ояти 233). Ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ва барои онон (занҳо) ризқу либосашон бар уҳдаи шумо (мардон) ба тарзи одилона аст." Аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пурсида шуд: Ҳаққи ҳамсари яке аз мо бар ӯ чист? Фармуданд: "Ҳар вақт таом хурдӣ, ӯро таъом бидеҳ ва ҳаргоҳ либос пӯшидӣ, ӯро либос бипӯшон ва ба рӯи ӯ назан, ба ӯ сухани қабеҳ нагӯ ва ҷудоӣ (қаҳр) ҳам агар шуд, фақат дар дохили хона бошад". Ривояти Абудовуд.
Ва аз ҷумлаи ҳуқуқи зан бар шавҳар ин аст, ки агар ҳамсари дигаре дошта бошад, бояд байнашон адл кунад. Байни зани якум ва дуюмаш дар нафақа, хона, шаб мондан назди ӯ ва ҳама он чи ки имкони адл кардан ҳаст, адолатро риоят кунад. Зеро майл кардан ба сӯи яке аз онҳо (аз ҳисоби дуюмӣ) гуноҳи кабира аст. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҳар кас, ки ду ҳамсар дошта бошад ва ба яке аз онҳо майл кунад, дар рӯзи қиёмат дар ҳоле меояд, ки як тарафаш каҷ ва моил аст". Аммо дар он корҳое, ки дар онҳо адолат имкон надошта бошад, аз қабили дӯст доштан ва роҳати нафсӣ, бар ӯ гуноҳе нест, зеро инҳо дар иститоат ва ихтиёри ӯ нестанд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [шумо мардон] ҳарчанд бикӯшед, ҳаргиз наметавонед [аз назари муҳаббати қалбӣ] миёни занон адолат барқарор кунед.) (Сураи Нисо, ояти 129). Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) миёни ҳамсаронаш (разияллоҳу анҳунна) ҳама чизро тақсим мекард ва адолат мекард ва мегуфт: "Худовандо, ин тақсими ман дар он чи молики он ҳастам, аст, пас дар бораи он чи ки Ту молики он ҳастӣ ва ман моликаш нестам, манро маломат накун".
Аммо агар бо розигии яке аз онҳо назди дигари бимонад, ҳеҷ зиёне надорад. Чунон ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) барои Оиша рӯзи худаш ва рӯзи Савдаро қарор дода буд, баъд аз ин ки Савда рӯзашро ба Оиша бахшида буд. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар бемории вафоташ мепурсид, ки фардо назди кӣ ҳастам? Фардо назди кӣ ҳастам? Ҳамсаронаш ба ӯ иҷозат доданд, ки ҳар ҷо мехоҳад бимонад, пас то вафоташ дар хонаи Оиша монд.
Аммо ҳуқуқи шавҳар бар ҳамсараш бузургтар аз ҳуқуқе аст, ки зан бар ӯ дорад, ба далели ин фармудаи Аллоҳ Таъоло: ( ва занон ҳуқуқи шоистае доранд, ҳаммонанд [-у ҳамсангии вазоифе], ки бар уҳда доранд ва мардон [дар сарпарастиву амри талоқ] бар онон бартарӣ доранд.) (Сураи Бақара, ояти 228). Ва мард ҳомӣ ва нигаҳбони зан аст ва манфиатҳои ӯро нигоҳ медорад, тарбия ва роҳнамоӣ мекунад. Чунон ки Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Мардон бар занон сарпарасту нигаҳбонанд, ба хотири он ки Аллоҳ Таъоло бархе аз эшонро бар бархе бартарӣ додааст ва [низ] ба хотири он ки аз амволи хеш [барои занон] харҷ мекунанд.) (Сураи Нисо, ояти 34).
Аз ҷумлаи ҳуқуқи шавҳар бар ҳамсар ин аст, ки амру фармони шавҳарро, агар дар маъсият ва гуноҳи Аллоҳ набошад, итоат кунад ва асрору амволи ӯро муҳофизат кунад. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Агар касеро амр мекардам, ки ба каси дигаре саҷда кунад, занро амр мекардам, ки барои шавҳараш саҷда кунад". Дар ҷои дигар Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Агар мард ҳамсарашро ба бистар хонад ва ӯ рад кунад ва мард шабро бо хашм бигзаронад, фариштагон то субҳ занро лаънат мекунанд".
Аз ҷумлаи ҳуқуқи шавҳар бар занаш ин аст, ки ӯ коре накунад, ки лаззати пурраи ҳамзистиро аз шавҳар боздорад, ҳатто агар он амал ибодати нофила бошад, ба далели фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам): "Барои зане, ки шавҳараш ҳозир аст, рӯза гирифтан (рӯзаи нафлӣ) ҳалол нест, магар бо иҷозати шавҳар. Ва ба ҳеҷ кас иҷозаи вуруд ба хонаашро надиҳад, магар бо иҷозати шавҳараш".
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) розигии шавҳар аз ҳамсарашро, яке аз сабабҳои ворид шудани зан ба биҳишт қарор додааст. Тирмизӣ аз ҳадиси Умми Салама (разияллоҳу анҳо) ривоят мекунад, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳар зане, ки бимирад ва шавҳараш аз ӯ розӣ бошад, вориди биҳишт мегардад".
*
Ҳаққи ҳафтум: Ҳуқуқи ҳокимон ва раъият
Волиён (ҳокимон): Касоне ҳастанд, ки умури мусалмононро дар даст гирифтаанд, хоҳ он масъулиятӣ баланди давлатӣ бошад, хоҳ раҳбари як идора ва ё кори муайяне. Ҳамаи инҳо ҳуқуқҳое доранд, ки бояд раият ва зердастонашон онро анҷом диҳанд ва тобеони онҳо низ бар онҳо ҳуқуқ доранд.
Ҳаққи зердастон бар ҳокимони худ ин аст, ки амонатеро, ки Аллоҳ Таъоло ба онон вогузор кардааст ва воҷиб гардонидааст, ба дурустӣ анҷом диҳанд, аз ҷумла хайрхоҳӣ барои мардум ва ба ҳаракат даровардани онон ба роҳи росте, ки манофеи дунё ва охиратро кафолат медиҳад. Ин амал бо пайравӣ аз роҳи муъминон, ки роҳи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бар он буд, ба даст меояд. Зеро саодату хушбахтии онон ва зердастонашон дар ҳамин масир аст. Ин муассиртарин василаест, ки боиси ризоияти мардум аз раҳбарон, эҷоди робита байни онҳо, фармонбардорию амонатдорӣ дар ончи, ки ба онҳо сипурда мешавад, мегардад. Зеро ҳар ки аз Худо битарсад, мардум аз ӯ метарсанд. Ва ҳар ки Худоро розӣ созад, Худо дар кори мардум ӯро басанда аст ва онҳоро аз ӯ розӣ месозад. Ин ба он сабаб аст, ки дилҳо дар дасти Худост ва ҳар чи бихоҳад, онҳоро бозмегардонад.
Аммо ҳуқуқи ҳокимон бар тобеонашон инҳоянд: панд додани инсон ва хайрхоҳиаш барои касе, ки умури ӯро ба уҳда гирифтааст; ёдоварии онон агар ғафлат карданд; дуо кардан барояшон агар аз ҳақ ба сӯи дигар майл карданд ва итоат аз фармони онон дар ғайри маъсияти Аллоҳ Таъоло. Зеро ин боиси истиқрори умур ва низом мешавад, аммо мухолифат бо онон ва саркашӣ аз фармонашон боиси густариши бесарусомонӣ ва фасод мешавад. Бинобар ин, Аллоҳ Таъоло ба итоати Худ ва паёмбараш ва волиёни умур фармон додааст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Эй касоне, ки имон овардаед, аз Аллоҳ Таъоло ва паёмбар ва коргузорон [-у фармондеҳони мусулмони худ] итоат кунед) (Сураи Нисо, ояти 59). Ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Бар мусалмон дар он чи ки дӯст дорад ё дӯст надорад, шунидан ва итоат кардан лозим аст, магар ин ки ба кори гуноҳе амр шавад. Агар ба гуноҳе амр шавад, шунидан ва итоат кардан лозим нест." Муттафақун алайҳи.
Абдуллоҳ ибни Амр (разияллоҳ анҳумо) мегӯяд: Дар яке аз сафарҳо, ки ҳамроҳи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) будем, дар ҷое манзил гирифтем. Мунодии Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нидо дод ва гуфт: Намози ҷамоат баргузор мешавад. Бо шунидни ин сухан ҳамаи мо назди Расули Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҷамъ шудем. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Бар ҳама паёмбарони қабл аз ман воҷиб будааст, ки хубиҳоеро, ки медонад, ба умматаш муаррифӣ кунад ва аз бадиҳое, ки медонад, умматашро барҳазар дорад. Бидонед, ки даврони офияти ин уммат даврони нахусти он мебошад ва охирон гирифтори бало ва умури нописанде хоҳад шуд. Ва фитнаҳое иттифоқ хоҳад уфтод, ки ҳар як аз дигаре бузургтар ва хатарноктар аст. Ва ҳаргоҳ фитна рӯ мезанад муъмин мегӯяд: Дар ин фитна ҳалок хоҳам шуд. Сипас бартараф мешавад. Баъд аз он фитнаи дигар пеш меояд ва муъмин мегӯяд: Дар ҳамин фитна ҳалок хоҳам шуд. Пас, ҳар кас дӯст дорад, ки аз оташи ҷаҳаннам дур шавад ва вориди биҳишт гардад, талош кунад, ки бо имони ба Худо ва рӯзи қиёмат аз дунё биравад ва бо мардум он гуна рафтор кунад, ки дӯст медорад мардум бо ӯ рафтор кунанд. Ва ҳар кас, ки бо имоме байъат кард ва бо ӯ даст дод ва аз таги дил аҳду паймон баст, то ҷое, ки тавон дорад, аз ӯ итоат кунад. Ва агар каси дигар омаду барои имомат бо ӯ даргир шуд, гарданашро бизанед". Ривояти Муслим. Ва марде аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) пурсид, ки эй Паёмбари Аллоҳ, агар амироне бар мо ҳоким шуданд, ки ҳаққи худро аз мо бихоҳанд ва ҳаққи моро ба мо надиҳанд, (дар ин ҳолат) моро ба чи амр мекунӣ? Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз ӯ рӯй гардонд. Он мард дубора ин суолашро пурсид. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳива саллам) фармуданд: "Бишнавед ва итоат кунед. Зеро он чи ба онон сипурда шудааст, бар уҳдаи онон аст (онҳо барои амали худ ҷавоб мегӯянд) ва он чи бар шумо сипурда шудааст, бар уҳдаи шумост".
Аз ҳуқуқҳои ҳокимон болои мардум ин аст, ки онҳо ба ҳокимон дар иҷрои вазифаҳояшон ёрӣ расонанд, то онҳо дар иҷрои фармонҳои ба онҳо супурдашуда ёрӣ расонанд ва ҳар кас нақш ва масъулияти худро дар ҷомеа бидонад, то корҳо ба тариқи дилхоҳ пеш раванд. Агар мардум ба ҳокимон дар иҷрои вазифаҳои худ ёрӣ надиҳанд, онҳо ба таври дилхоҳ кор намекунанд.
*
Ҳаққи ҳаштум: Ҳаққи ҳамсоягон
Ҳамсоя касе аст, ки хонааш ба хонаи шумо наздик аст ва ҳаққи бузурге бар ту дорад. Агар (ҳамсоя) хешат бошад ва мусалмон бошад, се ҳақ дорад: ҳаққи ҳамсоягӣ, ҳаққи хешутаборӣ, ҳаққи ислом. Ва агар мусалмон бошад ва хешутабор набошад, ду ҳақ дорад: ҳаққи ҳамсоягӣ ва ҳаққи ислом. Ҳамчунин агар хешутабор бошад, вале мусалмон набошад, ду ҳақ дорад: ҳаққи ҳамсоягӣ ва ҳаққи хешовандӣ. Агар хешат набошад ва мусалмон ҳам набошад, як ҳақ дорад: ҳаққи ҳамсоягӣ.
Аллоҳ Таъоло мефармояд: (ва ба падару модар некӣ кунед ва [низ] ба хешовандону ятимон ва тиҳидастону ҳамсояи хешованд ва ҳамсояи ғайри хешованд) (Сураи Нисо, ояти 36). Ва Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Ҷабраил пайваста маро дар бораи ҳамсоя тавсия мекард, то он ҷо ки гумон кардам ӯро ворис қарор хоҳад дод". Муттафақун алайҳи.
Аз ҷумла ҳуқуқи ҳамсоя бар ҳамсоя ин аст, ки дар ҳадди тавоноӣ бо мол ва ҷойгоҳ ва фоида расондан ба ӯ некукорӣ кунад. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Беҳтарини ҳамсоягон назди Аллоҳ, беҳтарини онон барои ҳамсояи худ аст". Дар ҷои дигар фармуданд: "Ҳар кас ба Аллоҳ ва рӯзи қиёмат имон дорад, бояд ба ҳамсояаш некӣ кунад". Инчунин фармудааст: "Ҳангоми пухтани шӯрбо, обашро зиёдтар бикун ва ба ҳамсояат низ бидеҳ".
Аз ҷумлаи некӣ кардан ба ҳамсоя: туҳфа додан ба онҳо дар муносибатҳо аст. Зеро туҳфа меҳру муҳаббатро ба вуҷуд меорад ва душманиро аз байн мебарад.
Ва аз ҷумлаи ҳуқуқи ҳамсоя бар ҳамсоя ин аст, ки ӯ ба ҳамсоягонаш озорҳои лафзӣ ва ҷисмонӣ нарасонад. Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Савганд ба Аллоҳ, ки имон намеорад, савганд ба Аллоҳ, ки имон намеорад, савганд ба Аллоҳ, ки имон намеорад". Гуфтанд: Кӣ (имон намеорад) эй Расули Худо? Фармуд: "Он ки ҳамсояаш аз шарри ӯ эмин набошад". Дар ривояти дигар омадааст: "Ҳар кас, ки ҳамсояаш аз шарри ӯ эмин набошад, ба биҳишт дохил намешавад". Калимаи "Бавоиқ" (дар ҳадис) ба маънои бадӣ ва озор аст. Пас, касе, ки ҳамсояаш аз шарри ӯ дар амон нест, муъмин нест ва ба биҳишт ворид намешавад.
Имрӯзҳо бисёри аз мардум ба ҳуқуқи ҳамсояҳо аҳамият намедиҳанд. Ва ҳамсоягонашон аз шарри онон дар амон нестанд. Ҳамвора ононро мебинӣ, ки бо ҳамсоягони худ дар ҳоли ихтилоф, нақзи ҳуқуқ ва расондани зарари шифоҳӣ ва ҷисмонӣ ҳастанд. Ҳамаи инҳо мухолифи фармудаи Аллоҳ ва расулаш аст ва ин амалҳо сабаби парокандагии мусалмонон ва дурии дилҳо ва беэътиноӣ ба иззати ҳамдигар мегардад.
*
Ҳаққи нуҳум: Ҳуқуқи мусалмонон ба шакли умум
Ин ҳуқуқҳо хеле зиёданд, аз ҷумла: Он чи дар ривоятҳои саҳеҳ омада аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Ҳаққи мусалмон бар мусалмон шаш чиз аст: Ҳар бародари мусалмонро рӯ ба рӯ шудӣ, ба вай салом бигӯ; агар туро даъват кард, даъваташро бипазир; агар ба ту насиҳат ва хайрхоҳӣ кард, ту низ барояш хайрхоҳӣ кун; агар атса зад ва "алҳамду лиллоҳ" гуфт, дар посухаш «يرحمك الله» (ярҳамука Аллоҳ) бигӯ; агар бемор шуд, ба аёдаташ бирав ва агар вафот кард, дар ташееъи ҷанозаи ӯ ширкат кун". Дар ин ҳадис чанд ҳуқуқи мусалмонон баён шудааст:
Ҳаққи якум: Салом додан. Салом суннати муъаккада аст ва он яке аз сабабҳои иттиҳод ва дӯстии мусалмонон аст, ҳамон тавр, ки қобили мушоҳида аст. Ва ин сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба ин гуфта далолат мекунад, ки мефармояд: "Савганд ба Аллоҳ, ба биҳишт дохил намешавед, то ин ки имон биёваред ва имон намеоваред, то ин ки ҳамдигарро дӯст доред. Оё шуморо ба чизе роҳнамоӣ накунам, ки агар анҷомаш додед, ҳамдигарро дӯст медоред? Саломро дар миёни худ паҳн кунед".
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) бо ҳар ки мулоқот мекард, аввал салом мегуфт, ҳатто ҳангоми гузаштан аз назди кӯдакон ба онон салом мегуфт.
Ва суннат ин аст, ки хурд бар калон салом диҳад, кам бар бисёрӣ, савора бар пиёда, аммо агар он ки бояд аввал салом диҳад, ба суннат амал накард, дигарӣ онро анҷом диҳад (ва салом диҳад), то ин ки салом зоеъ нагардад. Агар хурд бар бузург салом надод, бузург бояд салом диҳад. Агар кам бар бисёрӣ салом надод, бисёрӣ бар камӣ салом диҳад, то ин ки савобашро ба даст оварад.
Аммор ибни Ёсир (разияллоҳу анҳумо) мефармояд: "Се чиз аст, ки ҳар кас онҳоро гирд оварад, имони худро комил кардааст: Дар бораи худ инсоф варзидан (дидани айби худ), салом додан ба ҳама (оламиён), нафақа кардан ҳангоми тангдастӣ".
Ва агар оғоз кардани салом суннат бошад, посух ба он фарзи кифоя аст. Агар касе ё касоне онро анҷом диҳанд, аз дигарон соқит мегардад. Пас, агар бар гурӯҳе салом диҳад ва яке аз онҳо посух гӯяд, (ин посух) барои дигарон ҳам басанда аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: ([Эй муъминон] Ҳар гоҳ бо дуруди самимона ба шумо салом гӯянд, шумо посухи беҳтар ва ё ҳамонанди он бигӯед,) (Сураи Нисо, ояти 86). Дар посухи салом, танҳо гуфтани "аҳлан ва саҳлан" басанда нест. Зеро он на беҳтар аз салом аст ва на монанди он. Пас, агар "Ассалому алайкум" гӯяд, дар посух бояд "Ва алайкум салом" гуфта шавад. Ва агар "хӯш омадӣ" гӯяд, дар посух ӯ низ монанди ӯ "Хӯш омадӣ" бигӯяд. Агар "салом"- ро бар он илова кунад беҳтар аст.
Ҳуқуқи дувум: "Агар шуморо даъват кунад, ҷавоб диҳед." Яъне, агар туро ба хонааш барои таом ё чизи дигар даъват кунад, даъваташро бипазир. Иҷобат ба даъват суннати муъаккада аст, зеро он қалби даъваткунандаро қувват мебахшад ва меҳру муҳаббат ва маҳрамиятро меафзояд.
Аммо даъвати тӯйи арӯсӣ истисно аст, зеро пазируфтани даъвати тӯйи арӯсӣ бинобар шартҳои маъруф воҷиб аст. Зеро Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Касе, ки (даъватро дар тӯйи арӯсӣ) напазирад, муртакиби нофармонии Аллоҳ ва Расули Ӯ шудааст".
Шояд гуфтаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) "Агар туро даъват кард, бипазир", ҳатто даъват ба кумак ва пуштибониро низ дар бар гирад. Зеро ту амр шудаӣ, ки иҷобат кунӣ. Пас, агар туро даъват кард, дар бардоштани чизе ё дур андохтани чизе, ё монанди инҳо, бояд кумакаш кунӣ, зеро ту ба ёрӣ додани ӯ амр шудаӣ. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Муъмин барои муъмин монанди як сохтмон аст, ки ҳар қисмати он қисмати дигари онро мустаҳкам месозад".
Ҳаққи севум: "Агар аз ту насиҳат хост, ӯро насиҳат кун". Яъне, агар назди ту биёяд, то дар коре насиҳаташ кунӣ, насиҳаташ бикун, зеро ин аз дин аст. Чунон ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд: "Дин насиҳат аст, барои Аллоҳ, барои китоби Ӯ, барои паёмбари Ӯ, барои имомони (ҳокимони) мусалмонон ва барои умуми мусалмонон".
Аммо агар барои насиҳат ба назди ту наомада бошад, агар он кореро, ки мехоҳад анҷом диҳад, барояш зарар ё гуноҳ дошта бошад, воҷиб аст, ки насиҳаташ бикунӣ, ҳатто агар ба ин мақсад назди ту наомада бошад. Зеро ин аз ҷумлаи дур кардани зиён ва мункарот аз роҳи мусалмонон аст. Агар он кореро, ки анҷом медиҳад барояш зараре надошта бошад ва гуноҳ набошад, лекин ту мебинӣ, ки дигар кор барояш нафъовартар аст, дар ин ҳолат воҷиб нест, ки чизе бигӯӣ, магар ин ки аз ту тавсия бихоҳад, дар ин ҳолат бояд насиҳаташ бикунӣ.
Ҳаққи чаҳорум: "Агар атса зад ва "алҳамду лиллоҳ" гуфт, ҷавоби атсаашро бо гуфтани "ярҳамука Аллоҳ" бигардонӣ". Чунки ин шукргузорӣ ва ҳамду ситоиш кардани Парвардигораш аст ҳангоми атса задан. Аммо агар атса зад, вале "алҳамду лиллоҳ" нагуфт, дар ин ҳолат ҳақ надорад, ки ӯро посухи "ярҳамука Аллоҳ" бигӯӣ. Зеро ҳангоме ки ӯ Аллоҳро шукр нагуфт ҷазояш ин аст, ки ӯ ҳам ҷавоби атсаашро нагирад.
Ва агар касе, ки атса зад ва "алҳамду лиллоҳ" гуфт, посухи он фарз аст. Ва бояд ӯ низ дар посухи ташмит, чунин гӯяд: "Яҳдикумуллоҳ ва юслиҳу болакум" (Худованд шуморо ҳидоят кунад ва ҳолатонро ислоҳ кунад).
Агар атса задан давом кунад ва се бор ташмит кардӣ, дар бори чаҳорум ба ҷои "ярҳамукаллоҳ", "Ъофока Аллоҳ" (офият насибат кунад) бигӯ.
Ҳаққи панҷум: "Агар бемор шуд, ба аёдаташ бирав". Аёдати бемор, маънои зиёрати ӯро дорад ва ин ҳаққи ӯ бар бародарони мусалмонаш аст ва воҷиб аст, анҷомаш диҳанд. Ҳар қадаре, ки бемор бар шумо дар робита бо хешовандӣ, ҳамнишинӣ ва ё ҳамсоягӣ ҳақ дошта бошад, зиёрати ӯ ҳамон қадар муҳимтар аст.
Ба аёдати шахси бемор рафтан аз ҳолати бемору навъи беморӣ вобаста аст. Ҳолате аст, бояд зуд-зуд аз аҳволи бемор хабар гирӣ ва баъзе ҳолат аст, ки кам бояд ба назди бемор равӣ. Аз ин рӯ, риояти ҳолати бемор беҳтар аст.
Суннат барои касе, ки ба аёдати бемор меравад ин аст, ки аз ҳолу аҳволи бемор бипурсад, дар ҳаққи ӯ дуъо кунад ва дари офият ва умедро ба рӯи ӯ боз кунад, зеро ин яке аз бузургтарин сабабҳои саломатӣ ва шифоёбӣ аст. Инчунин сазовор аст, ки тавба карданро ба ӯ ба тарзе ёдоварӣ кунад, ки ӯро натарсонад. Маслан, ӯро бигӯяд: Ту ба сабаби ин беморият хубии зиёде ба даст меорӣ, зеро ба сабаби беморӣ Худованд гуноҳонро мебахшад ва бадиҳоро пок мекунад. Ва шояд ба сабаби ихлос ба Аллоҳ Таъоло ва ба воситаи зикру истиғфор ва дуои зиёд савоби бузурге ба даст биёрӣ.
Ҳаққи шашум: "Агар бимирад, аз пушти ҷанозаи ӯ бирав". Ҳамроҳӣ кардани ҷаноза аз ҳуқуқи мусалмон бар бародараш аст ва аҷру савоби бузурге дорад. Зеро аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) собит шудааст, ки фармуданд: "Ҳар касе ҷанозаро ҳамроҳӣ кунад то бар он намоз хонда шавад, як қирот аҷр дорад ва ҳар касе то дафнашро ҳамроҳӣ кунад, ду қирот аҷр хоҳад дошт". Пурсиданд: Ду қирот чист? Фармуданд: "Мисли ду кӯҳи бузург".
Ва аз ҳуқуқи мусалмон бар мусалмон, худдорӣ аз озор додан ба ӯ аст, зеро озор додани мусалмон гуноҳи бузург аст. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва онон, ки мардон ва занони муъминро бе он ки муртакиби [амали зиште] шуда бошанд, [бо иттиҳомоти нораво] меозоранд, бори дурӯғ ва гуноҳи ошкорро бар дӯш мекашанд) (Сураи Аҳзоб, ояти 58).
Ғолибан, ҳар касе, ки ба бародари худ зулму озор расонад, Худованд аз ӯ пеш аз охират дар ҳамин дунё интиқом мегирад. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд: "Нисбат ба ҳамдигар буғз надошта бошед, ба якдигар пушт нагардонед, бандагони ҳақиқии Худованд бошед ва бо якдигар бародарвор зиндагӣ кунед. Мусалмон бародари мусалмон аст, ба ӯ зулм намекунад, ӯро хору залил намекунад ва ӯро таҳқир намекунад. Ҳамин шарру бадӣ барои шахс басанда аст, ки бародари мусалмонашро таҳқир кунад. Ҳамаи чизи мусалмон бар мусалмони дигар ҳаром аст, за ҷумла хунаш, молаш, обрӯву номусаш".
Ҳуқуқи мусалмон бар мусалмон зиёд аст, аммо маънои фарогири он дар ин фармудаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ҷамъбаст мешавад: "Мусалмон бародари мусалмон аст". Пас, ҳар гоҳ мусалмон бар асоси ин бародарӣ амал кунад, саъй мекунад, ки барои бародари мусалмонаш ҳар хайреро бихоҳад ва аз ҳар чизе, ки ба ӯ зиёне мерасонад, парҳез намояд.
*
Ҳаққи даҳум: Ҳуқуқи ғайри мусалмонон
Ғайри мусалмонон, ҳамаи кофиронро дар бар мегирад ва онҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим мешаванд: Кофирони ҳарбӣ, кофирони амон додашуда, кофирони дорои аҳду паймон ва аҳли зимма.
Аммо кофирони ҳарбӣ (ҷангиён), барои онҳо бар гардани мо ҳеҷ ҳаққи муҳофизат ё парасторӣ нест.
Аммо кофироне, ки амон дода шудаанд, дар замон ва макони муайян ба ҳимояи мо ҳақ доранд (яъне дар асоси он замон ва макони муайяншуда аз онон бояд ҳимоят кард). Зеро Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва [эй Паёмбар] агар яке аз мушрикон аз ту паноҳ хост, пас, паноҳаш бидеҳ, то сухани Аллоҳ Таъолоро бишнавад, сипас ӯро ба маҳалли амнаш бирасон.) (Сураи Тавба, ояти 6).
Аммо аҳли аҳду паймон, то замоне ки миёни мо ва онон бар он тавофуқ шудааст, бояд ба он паймон вафо кард, (албатта) то вақте, ки бар он аҳду паймон побанд бошанд ва чизе аз онро зери по нагузоранд ва касеро алайҳи мо ёрӣ надиҳанд ва дар дини мо таън ворид насозанд. Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Магар касоне аз мушрикон, ки бо онон паймон бастаед ва чизе аз [тааҳҳудоти худ нисбат ба] шумо фурӯгузор накардаанд ва касеро алайҳи шумо пуштибонӣ накарданд. Пас, паймони ононро то поёни муддаташон ба поён бирасонед, [ки] бе тардид, Аллоҳ Таъоло парҳезгоронро дӯст медорад.) (Сураи Тавба, ояти 4). Ва Аллоҳ Таъоло мефармояд: (Ва агар [тааҳҳуду] савгандашонро пас аз паймони хеш шикастанд ва дар динатон таъна заданд, пас бо пешвоёни куфр биҷангед; зеро онон аҳд [-у паймоне бо шумо] надоранд.) (Сураи Тавба, ояти 12).
Аммо зиммиҳо гурӯҳе ҳастанд, ки чи аз назари ҳуқуқ ва ҳам аз рӯи уҳдадориҳои худ, бештар ҳуқуқ доранд. Зеро онҳо дар сарзаминҳои мусулмонӣ зиндагӣ мекунанд ва бар асоси ҷизяе, ки месупоранд, таҳти ҳимоя ва парасторӣ қарор доранд.
Бинобар ин, бар ҳокими мусалмонон воҷиб аст, ки мувофиқи шариати исломӣ дар миёни онон дар ҷон, мол ва обрӯву номусашон ҳукм кунад. Ӯ бояд дар корҳое, ки онҳоро ҳаром медонанд, муҷозоти муқарраршударо нисбат ба онҳо татбиқ кунад. Ӯ бояд аз онҳо ҳимоят кунад ва аз расидани озор ба онон ҷилавгирӣ кунад.
Онҳо бояд бо либосашон аз мусалмонон фарқ кунанд ва набояд ҳеҷ чизи мазамматкунандаи дини Ислом ё ягон рамзҳои динии худро, аз қабили зангӯла ва салиб нишон диҳанд. Ҳукми зиммӣ дар китобҳои уламо мавҷуд аст, бинобар ин, дар бораи онон инҷо ба шакли муфассал сухан намегӯем.
Ҳамду ситоиш Парвардигори ҷаҳониёнро ва дуруду саломи Аллоҳ бар паёмбарамон Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва бар аҳли байту асҳобаш бод.
Таҳрири бандаи ниёзманди Аллоҳ Таъоло
Муҳаммад Ас-Солеҳ Ал-Ъусаймин
*
Related books
All books
Шарҳи мухтасар дар ақидаи исломӣ76 забонШарҳи мухтасар дар ақидаи исломӣ
Ин китоб усули имонро, ки имон ба Аллоҳ, фариштагони Ӯ, китобҳои Ӯ, паёмбарони Ӯ, рӯзи қиёмат ва тақдирро дар бар мегирад, шарҳ дода, усулҳои асосиеро баён мекунад, ки мусалмон бояд ба онҳо эътиқод дошта бошад ва мувофиқи онҳо амал намояд. Ва инчунин бар аҳамияти таҳкими робита бо Аллоҳ тавассути дарки амиқи ақидаи исломӣ таъкид меварзад.
Паёми кӯтоҳ ба Худонобовар61 забонПаёми кӯтоҳ ба Худонобовар
Ин "Номаи кӯтоҳ ба Худонобовар" ақлро мухотаб қарор медиҳад, ки низоми дақиқи коинот тасодуфӣ будани онро рад карда, ба Офаридгори Ҳакиме далолат менамояд. Оё ақл мепазирад, ки ин ҳама коинот аз ҳеҷ ба вуҷуд омада бошад? Пас, ақли худро барои андеша ва тафаккур боз кун ва ҳақиқатро ҷустуҷӯ намо, шояд дар он нуре биёбӣ, ки туро ҳидоят кунад.
Равиши намози Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)82 забонРавиши намози Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)
Дар китоби "Тарзи намозгузории Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)" Аллома Шайх Абдулазиз ибни Абдуллоҳ ибни Боз -раҳимаҳуллоҳ- сифати намози Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам)-ро бо услуби сода ва равиши дақиқ, бо такя ба далелҳои саҳеҳ хулоса намуда, дар он рукнҳои намоз, суннатҳо ва сифатҳои онро аз таҳорат то салом додан баён кардааст, то барои мусалмон дар намозаш роҳнамо бошад ва бо ҷамъи далелу баён ба пайравии комил аз Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) дар бузургтарин ибодат даъват намояд.
Ислом89 забонИслом
Ба номи Худованди бахшанда ва меҳрубон Оё аз худ пурсидаед, ки: Замину осмонҳо ва дигар махлуқоти бузург, ки дар замину осмонҳо ҳаст кӣ офаридааст? Ва чи касе ин низоми дақиқу муназзамро эҷод кардааст?