السؤال
س٩: ما ضد الصدق؟
С 9: Зидди ростӣ чист?
الجواب
ج:الكذب، وهو خلاف الحقيقة، من ذلك، الكذب على الناس، وإخلاف المواعيد، وشهادة الزور.
- قال النبي صلى الله عليه وسلم:
«وإنَّ الكذِبَ يَهْدي إلى الفُجورِ، وإنَّ الفُجورَ يَهْدي إلى النَّارِ، وإنَّ الرَّجلَ لَيَكذِبُ حتَّى يُكتَبَ عندَ اللهِ كذَّابًا»
متفق عليه.
- وقال النبي عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ:
«آيةُ المُنافِقِ ثَلاثٌ» -وذكر منها- «إذا حدَّثَ كَذَبَ، وإذا وَعَدَ أَخلَفَ»
Ҷ: Дурӯғ, яъне бар хилофи ҳақиқат сухан гуфтан. Аз ҷумлаи он дурӯғ гуфтан ба мардум, хилоф дар ваъда ва гувоҳӣ бардурӯғ додан аст.
Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
" Ва ҳамоно дурӯғ ба сӯи бадахлоқӣ мебарад ва бадахлоқӣ ба сӯи оташи дӯзах. Ва шахс (ҳамвора) дурӯғ мегӯяд, то ин ки назди Аллоҳ дурӯғгӯ навишта мешавад."
Муттафақун алайҳӣ.
- Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:
"Нишонаҳои мунофиқ се чиз аст" - аз ҷумлаи он зикр кард - "чун сухан гӯяд, дурӯғ гӯяд ва чун ваъда диҳад, хилоф намояд."