Skip to content

"Бар (тиловати) Қуръон муҳофизат кунед, зеро савганд ба касе, ки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст (фаромӯш кардани) Қуръон сареътар аз фирор кардани шутуре аст, ки пойҳояшон бо таноб баста шудааст".

Аз Абумусои Ашъарӣ (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"Бар (тиловати) Қуръон муҳофизат кунед, зеро савганд ба касе, ки ҷони Муҳаммад ба дасти Ӯст (фаромӯш кардани) Қуръон сареътар аз фирор кардани шутуре аст, ки пойҳояшон бо таноб баста шудааст".

«تَعَاهَدُوا هَذَا الْقُرْآنَ، فَوَالَّذِي نَفْسُ مُحَمَّدٍ بِيَدِهِ لَهُوَ أَشَدُّ تَفَلُّتًا مِنَ الْإِبِلِ فِي عُقُلِهَا».

Муттафақун алайҳи
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) амр фармудаанд, ки Қуръонро ҳифз кунед ва пайваста онро тиловат кунед, то пас аз ҳифзи он дар қалб онро фаромӯш накунед. Сипас савганд ёд карданд, ки рафтан ва фаромӯш шудани Қуръон аз синаҳо сареътар аз фирори шутуре аст, ки пойҳояш баста шудааст, ба гунае, ки агар инсон бар он муҳофизат кунад, онро нигоҳ медорад ва агар раҳояш кунад аз даст меравад.

Аз фоидаҳои ҳадис

Ҳофизи Қуръон агар пайваста онро такрор кунад, дар синааш маҳфуз мемонад, вагарна аз ёдаш меравад ва фаромӯш мешавад.

Аз фоидаҳои пайваста тиловат кардани Қуръон: Аҷру савоб ва баланд шудани мақом ва мартаба дар рӯзи қиёмат аст.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Муслим (1/ 545) (791).

Бештар (7)

بهجة الناظرين شرح رياض الصالحين.

تأليف سليم الهلالي (2/ 231).

رياض الصالحين من كلام سيد المرسلين (ص299) (1002).

شرح رياض الصالحين.

للشيخ محمد بن صالح العثيمين (4/ 657).

كنوز رياض الصالحين.

لمجموعة من الباحثين (13/ 5).