Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

10 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо

Дараҷаи ҳадис

"Касе, ки Қуръонро ошкор мехонад монанди касе аст, ки садақаро ошкор медиҳад, ва касе, ки Қуръонро пинҳон мехонад монанди касе аст, ки садақаро пинҳон медиҳад".
Саҳеҳ Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Насоӣ
"Оё медонед ғайбат чист?" Гуфтанд: Аллоҳ ва Паёмбараш огоҳтаранд. Гуфт: "Бародаратро ба ончи, ки дӯст надорад ёд кунӣ" Гуфтанд: агар ончи мегӯям дар бародарам бошад чӣ? Гуфт: "Агар ончи мегӯи дар ӯ бошад, ӯро ғайбат кардаи ва агар ончи мегӯи дар ӯ набошад бар ӯ тӯҳмат задаи".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Ман навҷавоне таҳти сарпарастии Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будам ва дастам дар табақи таом ҳар тараф мерафт. Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) ба ман гуфт:" Эй писар! (дар ибтидои таом) номи Аллоҳро бигӯ, бо дасти ростат бихӯр ва аз он чи дар пешат аст, бихӯр". Баъд аз он ҳамавақт таом хӯрдани ман ин гуна буд.
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Барои як мусалмон ҷоиз нест бештар аз се рӯз бо бародари мусулмонаш қаҳрӣ бимонад, вақте бо ҳам вомехуранд аз ҳамдигар рӯй мегардонанд ва беҳтарини онҳо ҳамон аст, ки бо салом гуфтан оғоз мекунад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ҳар шаб чун ба бистари хоб мерафт, ду кафи дастони худро ҷамъ карда дар он сураҳои: (Қул ҳувал-лоҳу аҳад), (Қул аъузу бираббил-фалақ) ва (Қул аъузу бираббин-нос) -ро мехонд ва кафҳои дастонашро ба ҳар ҷое аз баданаш, ки муяссар ва дастрас буд масҳ мекард. Аз сар ва рӯй ва аз пешорӯи бадани худ оғоз карда ин амалро се маротиба анҷом медоданд.
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ
"Худованд аз бандае, ки чун таом хурд Худоро ҳамд гӯяд, ё об нӯшад Худоро ҳамд (Алҳамду лиллоҳ) гӯяд, розӣ мешавад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳар гоҳ яке аз шумо таом бихӯрад, бо дасти росташ бихӯрад ва агар нӯшид бо дасти росташ бинӯшад, зеро шайтон бо дасти чапаш мехӯрад ва менӯшад".
Саҳеҳ Ривояти Муслим
Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хушбӯиро рад намекард.
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ