Skip to content

"Ин оташи шумо бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд:

"Ин оташи шумо бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст". Гуфтанд: эй Расули Худо! Ҳамин оташи дунё худ басанда аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Гармии он шасту нуҳ баробар бештар аз ин оташ аст, ки гармии ҳар яки он ба андозаи ин оташ аст"

«نَارُكُمْ جُزْءٌ مِنْ سَبْعِينَ جُزْءًا مِنْ نَارِ جَهَنَّمَ»، قِيلَ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، إِنْ كَانَتْ لَكَافِيَةً. قَالَ: «فُضِّلَتْ عَلَيْهِنَّ بِتِسْعَةٍ وَسِتِّينَ جُزْءًا كُلُّهُنَّ مِثْلُ حَرِّهَا».

Муттафақун алайҳи
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додааст, ки оташи дунё танҳо як бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст, қуввати гармии оташи дӯзах шасту нуҳ баробари дигар бештар аз гармии оташи дунё аст, ки ҳар як қисмати он баробари гармии оташи дунё аст. Гуфтанд: эй Расули Худо! Ҳамон оташи дунё барои касоне, ки вориди дӯзах мешаванд худ басанда аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: гармии оташи дӯзах шасту нуҳ маротиба бештар аз оташи дунё аст, ки гармии ҳар як қисмати он баробар ба оташи дунё аст.

Маънои калимаҳо

...:

Аз фоидаҳои ҳадис

Ҳушдор ва бим додан аз оташи дӯзах, то мардум аз амалҳое, ки сабаби ворид шудан ба дӯзах мешаванд, барҳазар бошанд.

Оташи дӯзах бисёр ҳавлнок ва дардовар, ва дорои ҳарорати бисёр баланд аст.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (4/ 121) (3265).

Саҳеҳ Муслим (4/ 2184) (2843).

Бештар (4)

المفهم (7/178).

التوضيح (19/177).

عمدة القاري شرح صحيح البخاري (15/ 165).

فتح الباري لابن حجر (6/ 334).