Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

40 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Некӣ кардан ахлоқи хуб аст ва гуноҳ он аст, ки дар дилат нороҳатӣ биорад ва аз ошкор шуданаш дар байни мардум туро бадат ояд".
Саҳеҳ Ҳадиси аввал: Ин (ҳадис)-ро Муслим ривоят кардааст, ҳадиси дуюм: Ин (ҳадис)-ро Аҳмад ва Доримӣ ривоят кардаанд.
"Чор чиз аст, ки агар дар шахсе бошанд, он шахс мунофиқи холис аст ва агар яке аз онҳо дар ӯ бошад, ба хислате аз хислатҳои нифоқ муттасиф гардидааст, магар он, ки он хислатро тарк намояд: Чун сухан бигӯяд, дурӯғ гӯяд; агар ваъда диҳад хилофи ваъдааш амал кунад; агар душманӣ кунад аз ҳад мегузарад; агар аҳду паймон бибандад, хиёнат кунад".
Саҳеҳ Ривояти Бухорӣ ва Муслим
"Вақте Худованд биҳишт ва дузахро офарид, Ҷибраил (Алайҳис-салом) -ро ба биҳишт фиристод ва ба ӯ гуфт: биҳишт ва ончи барои бошандагони он омода кардаам, бубин. Ҷибраил (Алайҳис-салом) биҳиштро дид ва баргашту гуфт: савганд ба иззати Ту ҳар касе сифати онро шунавад шефтаи он мешавад. Сипас Худованд фармуд то атрофи он бо сахтӣ ва душвориҳо печонида шавад. Боз Худованд ба Ҷабраил гуфт: бирав биҳишт ва ончи барои сокинони он омода кардаам, бубин. Ҷибраил (Алайҳис-салом) ба биҳишт назар кард ва дид, ки атрофи он бо сахтиҳо ва мушкилот печонида шудааст, гуфт: ба иззати Ту қасам, аз он метарсам, ки касе ба онҷо дохил нашавад. Худованд гуфт: бирав дӯзах ва ончи барои сокинони он омода кардаам, бубин. Ҷибраил (Алайҳис-салом) ба дӯзах назар кард, дид оташ болои ҳам аланга мезанад, баргашт ва гуфт: ба иззати Ту қасам касе ба он дохил намешавад. Худованд амр фармуд то атрофи он бо шаҳват ва ҳавову ҳавасҳо печонида шавад. (Худованд) гуфт: баргард ва ба он назар кун. Ҷабраил дид дӯзах бо шаҳват ва ҳавову ҳавасҳо печонида шудааст, баргашт ва гуфт: Қасам ба иззати Ту метарсам касе аз он наҷот нахоҳад ёфт".
Ҳасан Ривояти Абудовуд, Тирмизӣ ва Насоӣ
"Аз Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) шунидам, ки мегуфт: Худованд фармудааст: "Эй фарзанди одам! Ҳаргоҳ манро мехонию ба ман умед дорӣ, туро бар он чи ки буд (ба хотири амалҳоят) меомурзам ва аз ту парвое надорам. Эй фарзанди одам! Агар гуноҳони ту ба абрҳои осмон бирасад ва онгоҳ аз ман талаби омурзиш кунӣ, туро меомурзам ва гуноҳони туро хоҳам бахшид ва парвое надорам. Эй фарзанди одам! Агар ба сӯи ман биоӣ дар ҳоле, ки ба пурии замин гуноҳ ва хато дорӣ, вале ба ман ширк наоварӣ, ман бо замини пур аз мағфират ва бахшиш ба сӯи ту меоям".
Ҳасан Ривояти Тирмизӣ
Расули Аллоҳ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ин оятро тиловат фармуданд: ([Эй паёмбар] Ӯст, ки китоб [-и Қуръон]-ро бар ту нозил кард. Бахше аз он оёти муҳкам [сареҳу равшан] аст, ки онҳо асоси китобанду [бахши] дигар муташобеҳот аст [ки таъвилпазиранд]; аммо касоне, ки дар дилҳояшон инҳироф аст, барои фитнаҷӯӣ [ва гумроҳ кардани мардум] ва ба хотири таъвили он [ба дилхоҳи худ], аз муташобеҳи он пайравӣ мекунанд; ҳол он ки таъвилашро [касе] ҷуз Аллоҳ таоло намедонад; ва росихони дар илм [уламои дин] мегӯянд: "Мо ба ҳамаи он [оёт, чи муҳкаму чи муташобеҳ] имон овардем; ҳама аз тарафи Парвардигори мост"; ва ҷуз хирадмандон касе панд намегирад. (Оли Имрон: 7). Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд: "Агар касеро дидӣ, ки думболи муташобеҳот аст, онҳо ҳамон касоне ҳастанд, ки Худо аз онҳо ном бурдааст, пас аз онон барҳазар бош"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ин оташи шумо бахше аз ҳафтод бахши оташи дӯзах аст". Гуфтанд: эй Расули Худо! Ҳамин оташи дунё худ басанда аст. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Гармии он шасту нуҳ баробар бештар аз ин оташ аст, ки гармии ҳар яки он ба андозаи ин оташ аст"
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Чаҳор хислат аст, ки агар дар касе бошад, мунофиқи холис аст. Ва ҳар касе яке аз ин хислатҳоро дошта бошад, пас дар ӯ нишонае аз нифоқ ҳаст, то вақте ки онро тарк кунад: Ҳаргоҳ сухан гӯяд-дурӯғ гӯяд; ҳар гоҳ аҳду паймон бандад, онро шиканад; ҳар гоҳ ваъда диҳад, хилоф кунад; ҳар гоҳ хусумату душманӣ кунад, туҳмат занад ва аз ҳад гузарад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Ба якдигар ҳасад набаред; ба якдигар зиён нарасонед; ба якдигар кина нагиред; ба якдигар душманӣ накунед; баъзе аз шумо бар савдои баъзеи дигаре савдо накунад; ва эй бандагони Худо, бо ҳам бародар бошед; мусулмон бародари мусулмон аст, бар ӯ зулм накунад, ӯро хиёнат накунад, ӯро таҳқир накунад. Тақво ана ин ҷост». -Ва ба синаи худ се бор ишорат кард– «Аз бадӣ ҳамин мардро басанда аст, ки бародари мусулмонашро нописандӣ кунад. (Ҳуқуқи) ҳар як мусулмон назди мусулмони дигар муқаддас аст, хуни ӯ ва моли ӯ ва шарафу обрӯи ӯ".
Саҳеҳ Ривояти Муслим