Skip to content

Маънои аркони имон чист?

الباب / الفصل
قسم العقيدة

السؤال

س15: ما معنى أركان الإيمان؟

С 15: Маънои аркони имон чист?

الجواب

ج:الإيمان بالله تَعَالَى:

أن تؤمن بأن الله هو الذي خلقك ورزقك، وهو المالك والمدبر وحده للمخلوقات.

وهو المعبود، لا معبود بحقٍّ سواه. الذي له الخلق والأمر، والحكم والتشريع وحده لا شريك له.

وأنه العظيم الكبير الكامل الذي له الحمد كله، وله الأسماء الحسنى والصفات العُلى، ليس له ند، ولا يشبهه شيء سُبْحَانَهُ.

الإيمان بالملائكة:

وهي مخلوقات خلقها الله من نور، لعبادته وللانقياد التام لأمره.

  • قال تعالى:

﴿بَلۡ عِبَاد مُّكۡرَمُونَ *

لَا يَسۡبِقُونَهُۥ بِٱلۡقَوۡلِ وَهُم بِأَمۡرِهِۦ يَعۡمَلُونَ﴾

[الأنبياء: ٢٦-٢٧].

  • وقال عليه الصلاة والسلام:

«خُلِقَتِ الْمَلَائِكَةُ مِنْ نُورٍ»

رواه مسلم.

  • ومنهم جبريل عَلَيْهِ السَّلَامُ الذي ينزل بالوحي على الأنبياء.

قال تعالى:

﴿وَإِنَّهُۥ لَتَنزِيلُ رَبِّ ٱلۡعَٰلَمِينَ *

نَزَلَ بِهِ ٱلرُّوحُ ٱلۡأَمِينُ *

عَلَىٰ قَلۡبِكَ لِتَكُونَ مِنَ ٱلۡمُنذِرِينَ *

بِلِسَانٍ عَرَبِيّٖ مُّبِينٖ﴾

[الشعراء: ١٩٢-١٩٥].

الإيمان بالكتب:

وهي الكتب التي أنزلها الله على رسله.

  • كالقرآن: على محمد صلى الله عليه وسلم.
  • الإنجيل: على عيسى عَلَيْهِ السَّلَامُ.
  • التوراة: على موسى عَلَيْهِ السَّلَامُ.
  • الزبور: على داود عَلَيْهِ السَّلَامُ.
  • صحف إبراهيم وموسى: على إبراهيم وموسى عليهما السلام.

الإيمان بالرسل:

وهم من أرسلهم الله إلى عباده ليعلموهم، ويبشروهم بالخير والجنة، وينذروهم عن الشر والنار.

وأفضلهم: أولو العزم، وهم:

  • نوح عَلَيْهِ السَّلَامُ.
  • إبراهيم عَلَيْهِ السَّلَامُ.
  • موسى عَلَيْهِ السَّلَامُ.
  • عيسى عَلَيْهِ السَّلَامُ.
  • محمد صلى الله عليه وسلم.

الإيمان باليوم الآخر:

وهو ما بعد الموت في القبر، ويوم القيامة، ويوم البعث والحساب، حيث يستقر أهل الجنة في منازلهم وأهل النار في منازلهم.

﴿كُلُّ نَفۡسٖ ذَآئِقَةُ ٱلۡمَوۡتِۗ وَإِنَّمَا تُوَفَّوۡنَ أُجُورَكُمۡ يَوۡمَ ٱلۡقِيَٰمَةِۖ فَمَن زُحۡزِحَ عَنِ ٱلنَّارِ وَأُدۡخِلَ ٱلۡجَنَّةَ فَقَدۡ فَازَۗ وَمَا ٱلۡحَيَوٰةُ ٱلدُّنۡيَآ إِلَّا مَتَٰعُ ٱلۡغُرُورِ﴾

[آلِ عِمۡرَانَ: ١٨٥].

الإيمان بالقدر خيره وشره:

  • القدر: هو الاعتقاد بأن الله يعلم كل شيء يقع في الكون، وأنه كتب ذلك في اللوح المحفوظ، وشاء وجوده وخلقه.

قال تَعَالَى:

﴿إِنَّا كُلَّ شَيۡءٍ خَلَقۡنَٰهُ بِقَدَرٖ﴾

[القمر: ٤٩].

  • وهو على أربع مراتب:

الأولى: علم الله تَعَالَى، ومن ذلك علمه المسبق لكل شيء، قبل وقوع الأشياء وبعد وقوعها.

دليلها: قوله تَعَالَى:

﴿إِنَّ ٱللَّهَ عِندَهُۥ عِلۡمُ ٱلسَّاعَةِ وَيُنَزِّلُ ٱلۡغَيۡثَ وَيَعۡلَمُ مَا فِي ٱلۡأَرۡحَامِۖ وَمَا تَدۡرِي نَفۡسٞ مَّاذَا تَكۡسِبُ غَدٗاۖ وَمَا تَدۡرِي نَفۡسُۢ بِأَيِّ أَرۡضٖ تَمُوتُۚ إِنَّ ٱللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرُۢ﴾

[لقمان: 34].

الثانية: أن الله كتب ذلك في اللوح المحفوظ، فكل شيء وقع وسيقع فهو مكتوب عنده في كتاب.

﴿۞ وَعِندَهُۥ مَفَاتِحُ ٱلۡغَيۡبِ لَا يَعۡلَمُهَآ إِلَّا هُوَۚ وَيَعۡلَمُ مَا فِي ٱلۡبَرِّ وَٱلۡبَحۡرِۚ وَمَا تَسۡقُطُ مِن وَرَقَةٍ إِلَّا يَعۡلَمُهَا وَلَا حَبَّةٖ فِي ظُلُمَٰتِ ٱلۡأَرۡضِ وَلَا رَطۡبٖ وَلَا يَابِسٍ إِلَّا فِي كِتَٰبٖ مُّبِينٖ﴾

[الأنعام: 59].

الثالثة: وهو أن كل شيء يقع بمشيئة الله ولا يقع شيء منه أو من خلقه إلا بمشيئته تَعَالَى.

والعبد له اختيار وله إرادة وله مشيئة، لكن هذه الإرادة وهذه المشيئة لا تقع إلا بعد مشيئة الله سبحانه وتعالى.

﴿لِمَن شَآءَ مِنكُمۡ أَن يَسۡتَقِيمَ 28

وَمَا تَشَآءُونَ إِلَّآ أَن يَشَآءَ ٱللَّهُ رَبُّ ٱلۡعَٰلَمِينَ 29﴾

[التكوير: 28 - 29].

الرابعة: الإيمان أن جميع الكائنات مخلوقة خلقها الله، وخلق ذواتها وصفاتها وحركاتها، وكل شيء فيها.

﴿وَٱللَّهُ خَلَقَكُمۡ وَمَا تَعۡمَلُونَ﴾

[الصافات: 96].

Ҷ: Имон овардан ба Аллоҳ Таъоло: Яъне

имон биёварӣ, ки Аллоҳ Таъоло ҳамон зотест, ки туро офарида ва рӯзӣ додааст ва танҳо Ӯ молик ва идоракунандаи махлуқот аст.

Ӯ маъбудест, ки ҷуз Ӯ маъбуди барҳақе нест. Ӯ зотест, ки офаринишу фармонравоӣ, ҳукму қонунгузорӣ танҳо барои Ӯст ва дар ин умур Ӯро шарике нест.

Ва Ӯст он парвардигори бо азамату бузург ва соҳиби комил, ки ҳама ситоиш аз они Ӯст ва дорои номҳои неку ва сифатҳои воло аст. Ҳамто надорад ва чизе монанди Ӯ нест.

Имон ба фариштагон:

Онҳо (фариштагон) махлуқоте ҳастанд, ки Аллоҳ Таъоло аз нур офаридааст, то Ӯро парастиш кунанд ва ба фармони Ӯ комилан итоат кунанд.

Аллоҳ Таъоло мефармояд:

( ... балки фариштагон бандагони гиромиаш ҳастанд*

Онон ҳаргиз дар сухан бар Ӯ пешӣ намегирнад ва [пайваста] ба фармонаш амал мекунанд.)

(Сураи Анбиё, оятҳои 26-27)

  • Паёмбар (Алайҳис-салоту вас-салом) фармуданд:

"Фариштагон аз нур офарида шудаанд".

Ривояти Муслим.

  • Ва аз ҷумлаи онон Ҷабраил алайҳис-салом аст, ки ваҳйиро бар паёмбарон нозил мекунад.

(Ва ба ростӣ, [ин] Қуръон фуруфиристодаи Парвардигори ҷаҳониён аст*

Рӯҳу-л-амин [Ҷабраил] онро фуруд овардааст*

Бар қалби ту [нозил кардааст], то бимдиҳанда бошӣ*

[Қуръонро] Ба забони арабии равшан [нозил намуд])

(Сураи Шуъаро, оятҳои 192-195)

Имон ба китобҳо:

Китобҳое, ки Аллоҳ Таъоло бар паёмбаронаш нозил кардааст.

  • Монанди Қуръон, ки бар Муҳаммад (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) нозил шудааст.

Инҷил: бар Исо алайҳис-салом нозил шудааст.

Таврот: бар Мусо алайҳис-салом нозил шудааст.

Забур: бар Довуд алайҳис-салом нозил шудааст.

Саҳифаҳои Иброҳим ва Мусо алайҳимос-салом, ки бар ин ду паёмбар нозил шудааст.

Имон ба паёмбарон:

Онон касоне ҳастанд, ки Аллоҳ Таъоло ба сӯи бандагонаш фиристодааст, то онҳоро таълим диҳанд ва ба корҳои нек ва биҳишт мужда диҳанд ва аз бадӣ ва дӯзах барҳазар доранд.

Ва беҳтарини онон паёмбарони улулъазм ҳастанд, ки инҳоянд:

  • Нуҳ алайҳис-салом.
  • Иброҳим алайҳис-салом.
  • Мусо алайҳис-салом.
  • Исо алайҳис-салом.
  • Муҳаммад саллалоҳу алайҳи ва саллам.

Имон ба рӯзи охират:

Ҳар он чи пас аз марг дар қабр ва рӯзи қиёмат ва рӯзи растохез ва ҳисоб аст, ки аҳли биҳишт дар манзилгоҳҳои худ ва аҳли дӯзах дар манзилгоҳҳои худ қарор мегиранд.

(Ҳар касе чашандаи [таъми] марг аст ва яқинан рӯзи қиёмат подошҳоятонро ба тамомӣ хоҳед гирифт; пас, ҳар киро аз оташ дур доранд ва дар биҳишт дароваранд, ҳатман, растагор шудааст; ва зиндагии дунё чизе ҷуз мояи фиреб нест.)

(Сураи Оли Имрон, ояти 185)

Имон ба тақдири некӣ ва бадӣ:

Тақдир: Эътиқод ба ин ки ҳар чизе дар олам рух медиҳад Аллоҳ Таъоло онро медонад ва ин воқеъаҳоро дар лавҳи маҳфуз нигошта аст ва вуҷуди онро хоста ва онро офаридааст.

(Бе тардид, Мо ҳар чизеро ба андоза офаридаем.)

(Сураи Қамар, ояти 49)

  • Имон ба тақдир чаҳор мартаба дорад:

Якум: Илми Аллоҳ Таъоло, аз ҷумлаи он илми пешини Ӯ ба ҳама чиз, пеш ва баъд аз он ки рух диҳад.

Далели он ин сухани Аллоҳ Таъоло аст:

(Бе тардид, огоҳӣ [аз замони вуқуи] қиёмат [танҳо] назди Аллоҳ Таъоло аст ва [Ӯст, ки] борон нозил мекунад ва он чиро, ки дар раҳимҳост, медонад ва касе намедонад, фардо чи ба даст меоварад ва ҳеҷ кас огоҳ нест, ки дар кадом сарзамин мемирад. Ба ростӣ, ки Аллоҳ Таъоло донову огоҳ аст.)

(Сураи Луқмон, ояти 34)

Дувум: Аллоҳ Таъоло инро дар лавҳи маҳфуз навишта аст, пас ҳар он чи рӯй дод ва рӯй хоҳад дод, дар китобе навишта шудааст.

(Ва калидҳо [ганҷинаҳо]-и ниҳон назди Ӯст [ва] ҷуз Ӯ [ҳеҷ кас] онро намедонад ва [Ӯст, ки] он чиро дар хушкӣ ва дарёст медонад ва ҳеҷ барге [аз дарахт] намеафтад, магар ин ки онро медонад ва ҳеҷ донае дар торикиҳои замин ва ҳеҷ тару хушке нест, магар ин ки дар китоби равшан [Лавҳи маҳфуз] қарор дорад.)

(Сураи Анъом, ояти 18).

Севум: Ҳама чиз бо хости Аллоҳ Таъоло рух медиҳад, чизе аз сӯи Ӯ ё бандагонаш рух намедиҳад, магар бо хости Аллоҳ Таъоло.

Ва банда ихтиёр, ирода ва хоҳиш дорад, аммо ин ирода ва хоҳиш рух намедиҳад, магар баъди хости Аллоҳ субҳонаҳу ва Таъоло.

(Барои ҳар яке аз шумо, ки бихоҳад роҳи ростӣ [ҳақро] дар пеш гирад, 28

Ва шумо [чизеро] намехоҳед, магар он ки Парвардигори ҷаҳониён [ирода кунад ва] бихоҳад 29.)

(Сураи Таквир, оятҳои 28-29)

Чаҳорум: Имон ба ин ки ҳамаи коинот махлуқанд ва Аллоҳ Таъоло ҳамаро офаридааст. Ва Аллоҳ Таъоло зоту сифот ва ҳаракоти он мавҷудот ва ҳар чизе дар онҳо ҳастро офаридааст.

(Ва ҳол он ки Аллоҳ Таъоло [ҳам] шумо ва [ ҳам] он чиро анҷом медиҳед офаридааст.)

(Сураи Соффот, ояти 96)