Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳар намоз таҳорат мекард
Аз Амр ибни Омир аз Анас ибни Молик ривоят аст, ки гуфт:
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) дар ҳар намоз таҳорат мекард, Гуфтам: Шумо чӣ гуна мекардед? Гуфт: Ҳамон таҳорат барои ҳар яке аз мо то вақте ки бетаҳорат нашуда будем, кифоят буд.
كَانَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ يَتَوَضَّأُ عِنْدَ كُلِّ صَلَاةٍ، قُلْتُ: كَيْفَ كُنْتُمْ تَصْنَعُونَ؟ قَالَ: يُجْزِئُ أَحَدَنَا الْوُضُوءُ مَا لَمْ يُحْدِثْ.
Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) барои ҳар намози фарз таҳорат мегирифт, ҳатто агар таҳораташ намешикаст. Ва ин барои ба даст овардани аҷру савоб буд. Бо як таҳорат зиёда аз як намози фарзро хондан ҷоиз аст, ба шарте ки таҳораташ нашикаста бошад.
...:
Бештари кори Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) таҳорат кардан барои ҳар намоз буд ва ин барои ба даст овардани (фазилати) комилтар буд.
Барои ҳар як намоз таҳорат кардан мустаҳаб аст.
Бо як таҳорат чанд намозро гузоштан ҷоиз аст.
Саҳеҳ Бухорӣ (1/ 53) (214).
Бештар (2)
شرح ابن بطّال (1/321).
إرشاد الساري لشرح صحيح البخاري (1/ 285).