Skip to content

"Агар (мол танҳо) бо даъво кардан ба мардум дода мешуд, мардон молу хуни қавмро даъво мекарданд, лекин ба даъвогар гувоҳ овардан ва ба он ки мункир мешавад, қасам хӯрдан (лозим) аст".

Аз Ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

"Агар (мол танҳо) бо даъво кардан ба мардум дода мешуд, мардон молу хуни қавмро даъво мекарданд, лекин ба даъвогар гувоҳ овардан ва ба он ки мункир мешавад, қасам хӯрдан (лозим) аст".

«لَو يُعطَى النّاسُ بدَعواهُم لادَّعَى رِجالٌ أموالَ قَومٍ ودِماءَهُم، ولَكِنَّ البَيِّنَةَ على المُدَّعِى، واليَمينَ على مَن أنكَرَ».

Ривояти Байҳақӣ
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) баён намуданд, ки агар ба мардум танҳо бо даъвоҳои худашон (бе ягон далелу қарина) он чиро, ки даъво доранд, дода шавад, пас баъзеҳо молу хуни мардумро даъво мекарданд. Аз ин рӯ, бар даъвогар лозим аст, ки далел ва бурҳон пешниҳод кунад. Агар далеле надошта бошад, даъво бар муқобили касе, ки аз он талаб мешавад (яъне муҳокимашаванда) равона мешавад. Агар ӯ инкор кунад, пас бояд савганд хӯрад ва бо ин роҳ бегуноҳ дониста мешавад.

Аз фоидаҳои ҳадис

Ибни Дақиқи Ъид мегӯяд: Ин ҳадис яке аз асосҳои муҳимми ҳукмҳо ва бузургтарин марҷаъ дар ҳолати ихтилоф ва низоъ мебошад.

Шариат барои ҳифзи молу ҷони мардум аз фиребу найранг омадааст.

Қозӣ бо дониши шахсии худ ҳукм намекунад, балки ба далелу бурҳонҳо руҷуъ мекунад.

Ҳар касе даъвое бидуни ҳеҷ гуна далелу бурҳон кунад, даъвояш рад карда мешавад, хоҳ ин дар масоили ҳуқуқ ва муомилот бошад ва хоҳ дар масоили имон ва илм.

Манбаъҳо
Бештар (6)

السنن الكبرى للبيهقي تحقيق التركي (21/ 242 - 243) (21243).

التحفة الربانية في شرح الأربعين حديثًا النووية (ص76).

شرح الأربعين النووية.

لابن عثيمين (ص328).

فتح القوي المتين في شرح الأربعين وتتمة الخمسين.

لعبد المحسن البدر (ص114).