"Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд"
Аз Зубайр ибни Аввом ривоят аст, ки гуфт:
Вақте ояти "Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд" (Сураи Такосур, ояти 8) нозил шуд, Зубайр гуфт: Эй Расули Худо! Аз кадом неъматҳо пурсида хоҳем шуд? Ҳоло он ки ғайри ду чизи сиёҳ, чизе нест, хурмо ва об? Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: "Балки он (савол) хоҳад буд".
لَمَّا نَزَلَتْ: {ثُمَّ لَتُسْأَلُنَّ يَوْمَئِذٍ عَنِ النَّعِيمِ} [التكاثر: 8]، قَالَ الزُّبَيْرُ: يَا رَسُولَ اللهِ، وَأَيُّ النَّعِيمِ نُسْأَلُ عَنْهُ، وَإِنَّمَا هُمَا الْأَسْوَدَانِ التَّمْرُ وَالْمَاءُ؟ قَالَ: «أَمَا إِنَّهُ سَيَكُونُ».
Вақте ин оят нозил шуд: "Он гоҳ, ҳатман, дар рӯзи қиёмат аз [тамоми] неъматҳо бозхост хоҳед шуд" (Сураи Такосур, ояти 8). Яъне, аз шукри неъматҳое, ки Аллоҳ ба шумо арзонӣ доштааст пурсида хоҳед шуд. Зубайр ибни Аввом (разияллоҳу анҳу) гуфт: Эй Расули Аллоҳ! Аз кадом неъматҳо пурсида хоҳем шуд? Танҳо ду неъмате аст, ки ҷое барои пурсиш надорад ва онҳо хурмо ва об аст! Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуд: Шумо бо вуҷуди ҳолате, ки бар он ҳастед, дар бораи неъматҳо пурсида хоҳед шуд. Зеро ин ду аз неъматҳои бузурги Аллоҳ Таъоло ҳастанд.
Таъкид бар шукри Аллоҳ Таъоло барои неъматҳояш.
Неъматҳо аз ҷумлаи чизҳое ҳастанд, ки рӯзи қиёмат банда аз онҳо пурсида хоҳад шуд, кам бошанд ё зиёд.
Сунани Тирмизӣ (5/ 375) (3356).
Сунани ибни Моҷаҳ (5/ 262) (4158).
Бештар (3)
شرح سنن ابن ماجه للسيوطي (ص: 307).
تحفة الأحوذي (9/203).
مرشد ذوي الحجا والحاجة إلى سنن ابن ماجه والقول المكتفى على سنن المصطفى (25/ 251).