Skip to content

"Худованд агар муқаддар созад, ки банда дар сарзамин ё ҷои дигаре бимирад, барои ӯ дар онҷо ҳоҷат ва ниёзе қарор медиҳад".

Аз Матар ибни Укомис (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"Худованд агар муқаддар созад, ки банда дар сарзамин ё ҷои дигаре бимирад, барои ӯ дар онҷо ҳоҷат ва ниёзе қарор медиҳад".

«إِذَا قَضَى اللَّهُ لِعَبْدٍ أَنْ يَمُوتَ بِأَرْضٍ جَعَلَ لَهُ إِلَيْهَا حَاجَةً».

Ривояти Тирмизӣ
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки Худованд агар марги бандаеро дар сарзамине муқаррар сохта бошад, ки худи ӯ дар он сарзамин ҳузур надорад, барои ӯ дар он сарзамин ниёз ва ҳоҷате қарор медиҳад, ки банда ба онҷо меояд ва дар онҷо қабзи руҳ мешавад.

Маънои калимаҳо

...:

Аз фоидаҳои ҳадис

Ин ҳадис худ мисдоқи сухани Худованд аст, ки мефармояд: "Ва ҳеҷ кас намедонад, ки дар кадом сарзамин мемирад".

Манбаъҳо

Сунани Тирмизӣ (4/ 23) (2146).

Бештар (1)

تحفة الأحوذي (6/ 299).