Skip to content

Ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Қуръон буд.

Саъд ибни Ҳишом ибни Ъомир вақте назди Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) даромад, гуфт:

Эй модари муъминон манро аз ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бигӯ! Гуфт: Оё Қуръонро намехонӣ? Гуфт: бале мехонам, гуфт: Ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) Қуръон буд.

يَا أُمَّ الْمُؤْمِنِينَ، أَنْبِئِينِي عَنْ خُلُقِ رَسُولِ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ، قَالَتْ: أَلَسْتَ تَقْرَأُ الْقُرْآنَ؟ قُلْتُ: بَلَى، قَالَتْ: فَإِنَّ خُلُقَ نَبِيِّ اللهِ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ كَانَ الْقُرْآنَ.

Ривояти Муслим дар ҳадиси дароз
Саҳеҳ
Шарҳ

Модари муъминон Оиша (Худованд аз ӯ розӣ бод) аз ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) пурсида шуд, ӯ саволдиҳандаро бисёр ба як сухани фарогир, яъне Қуръони карим, ки тамоми сифоти комилро дар худ дорад, посух гуфтанд. Ҳазрати Оиша гуфтанд, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ахлоқи Қуръонро дошт, ончи Қуръон амр фармудааст анҷом медод ва аз ончи наҳй кардааст дурӣ меҷуст, аз ахлоқи ӯ амал карда ба Қуръон ва пойбанд ба аҳкоми он буд, пойбанди тарбияти қуръонӣ буд ва ба амсолу қиссаҳои он эътибор медоданд.

Аз фоидаҳои ҳадис

Ташвиқ ва тарғиб ба пайравӣ аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) дар қабули ахлоқи қуръонӣ.

Ситоиши ахлоқи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва инки ахлоқи неки ӯ аз нури ваҳй буд.

Қуръон сарчашмаи тамоми ахлоқи нек аст.

Ахлоқ дар Ислом тамоми дин, яъне анҷом додани дастурот ва дурӣ аз навоҳиро, фаро мегирад.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Муслим (1/ 512) (746).

Бештар (8)

بهجة الناظرين شرح رياض الصالحين.

لسليم الهلالي (3/ 308).

شرح رياض الصالحين.

لابن عثيمين (6/ 660).

نزهة المتقين شرح رياض الصالحين.

لمصطفى الخن وغيره (2/ 1253).

كنوز رياض الصالحين.

لمجموعة من الباحثين (21/ 556).