Skip to content

"Ҳар кӣ Аллоҳ ба ӯ иродаи хайр намояд, ӯро дар дин фақиҳ (олим) мегардонад

Аз Муовия (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт:

"Ҳар кӣ Аллоҳ ба ӯ иродаи хайр намояд, ӯро дар дин фақиҳ (олим) мегардонад, ҳамоно ман Қосим (тақсимкунанда) ҳастам ва онеки ато мекунад Аллоҳ аст. Ин уммат то замоне зери дастуроти Аллоҳ побарҷо аст, касе ба онон зиён намерасонад, то инки амри Аллоҳ фаро расад".

«مَنْ يُرِدِ اللهُ بِهِ خَيْرًا يُفَقِّهْهُ فِي الدِّينِ، وَإِنَّمَا أَنَا قَاسِمٌ، وَاللهُ يُعْطِي، وَلَنْ تَزَالَ هَذِهِ الْأُمَّةُ قَائِمَةً عَلَى أَمْرِ اللهِ، لَا يَضُرُّهُمْ مَنْ خَالَفَهُمْ، حَتَّى يَأْتِيَ أَمْرُ اللهِ».

Муттафақун алайҳи
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар додаанд, ки ҳаркас Аллоҳ барояш иродаи хайр кунад, фаҳми дин ба ӯ ато мекунад. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) қосим аст, яъне ончи Аллоҳ аз ризқу рӯзӣ, илм ва дигар чизҳо ба ӯ ато фармудааст, тақсим мекунад, аммо бахшандаи воқеӣ Худованд аст ва дигарон василае ҳастанд, ки ҷуз ба изни Аллоҳ суде намебахшанд. Ин уммат то замоне пойбанди фармони Худо ҳастанд то фаро расидани қиёмат касе ба онҳо зиён намерасонад.

Маънои калимаҳо

.....:

Аз фоидаҳои ҳадис

Фазилати омӯзиши илми шаръӣ ва таълим додану тарғиб кардан ба он.

Ногузир дар ин уммат касоне ҳастанд, ки ҳақро барпо медоранд, ҳаргоҳ гурӯҳе аз он даст бикашанд, гуруҳи дигаре анҷомаш хоҳанд дод.

Фаҳми дин аз ҷумлаи иродаҳои неки Аллоҳ барои бандагон аст.

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ба амр ва иродаи Аллоҳ медиҳад ва ӯ молики чизе нест.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (1/ 25) (71).

Саҳеҳ Муслим (2/ 718) (1037).

Бештар (8)

توضيح الأحكام من بلوغ المرام.

للبسام (7/ 485).

منحة العلام في شرح بلوغ المرام.

لعبد الله الفوزان (10/ 324).

فتح ذي الجلال والإكرام.

لابن عثيمين (6/ 424).

سبل السلام بشرح بلوغ المرام.

للصنعاني (2/ 688).