Skip to content
287 Ҳадисҳо

Донишномаи аҳодиси набавӣ

Филтри натиҷаҳо

5 аз 287 корт

Тоза кардани филтрҳо
"Ҳар ки яке аз мушкилоти муъминеро дар дунё дур созад, Худои Таъоло сахтие аз сахтиҳои рӯзи қиёматро аз ӯ дур месозад; ва ҳар ки (кори) дармондаеро осон кунад, Худои Таъоло бар вай дар дунёву охират осонӣ расонад; ва ҳар ки (айби) мусулмонеро бипӯшонад, Худо (гуноҳи) ӯро дар дунёву охират пӯшида дорад. Ва Худо дар ёрии банда аст, модоме ки банда дар (фикри) ёрӣ намудани бародар (-и мусулмон)-аш бошад. Ҳар ки дар ҷустуҷӯи илмомӯзӣ бошад, Худо ба (баракати) он илм роҳеро ба сӯйи ҷаннат бар вай осон созад. Ҳар гоҳ ки мардуме дар масҷиде аз масоҷид ҷамъ омада, Қуръон тиловат кунанд ва аз он дарс омӯзанд, пас бар дилҳои онҳо оромӣ нозил шавад ва раҳмати Худо онҳоро фаро гирад ва малоикаҳо онҳоро иҳота кунанд ва Худо онҳоро дар байни касоне, ки назди Ӯст, ёд кунад; ва ҳар ки дар амал сустӣ кунад, ҳеҷ гоҳ насабаш ӯро ба ҷое нарасонад
Саҳеҳ Ривояти Муслим
"Ҳар кӣ Аллоҳ ба ӯ иродаи хайр намояд, ӯро дар дин фақиҳ (олим) мегардонад, ҳамоно ман Қосим (тақсимкунанда) ҳастам ва онеки ато мекунад Аллоҳ аст. Ин уммат то замоне зери дастуроти Аллоҳ побарҷо аст, касе ба онон зиён намерасонад, то инки амри Аллоҳ фаро расад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
"Аз нишонаҳои қиёмат он аст, ки илм аз байн меравад ва ҷаҳлу нодонӣ зиёд мегардад, зино ва шаробнӯшӣ бештар ривоҷ меёбад, мардон кам ва занон зиёд мешаванд, то инки барои панҷоҳ зан як сарпараст (мард) мерасад".
Саҳеҳ Муттафақун алайҳи
Яке аз саҳобагони Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод), ки моро Қуръон таълим медод, гуфт, ки онҳо даҳ оятро аз Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) меомӯхтанд ва пас аз худ кардани маъно ва мафоҳим ва амал кардан ба он, сипас ба фарогирии даҳ ояти дигар мепардохтанд. Мегӯянд: илм ва амал карданро (бо ҳам) меомӯхтем.
Ҳасан Ривояти Аҳмад
"Эй Абумунзир, оё медонӣ кадом ояте аз китоби Аллоҳ, ки фаро гирифтаи, бузургтар аст?" Абумунзир мегӯяд: гуфтам: Аллоҳ ва расулаш донотаранд. Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) гуфт: "Эй Абумунзир, оё медонӣ кадом оят аз китоби Аллоҳ, ки ту фаро гирифтаи бузургтар аст?" Мегӯяд: гуфтам: (Аллоҳу ло илоҳа илло ҳува -алҳайю-алқайюм (Бақара: 255). Паёмбари Худо бар қафаси синаам зад ва гуфт: "Худованд илматро бештар гардонад эй Абумунзир"
Саҳеҳ Ривояти Муслим