Skip to content
Феҳристи сураҳо /

البَقَرَة

البَقَرَة is chapter 2 of the Quran and has 286 verses. This page presents it in full in the Uthmani script, with a verse-by-verse translation of its meaning.

286 Оятҳо Рақами сура 2
Гузаштан ба оят
Тоҷикӣ · Arifi
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

الٓمٓ

Алиф, лом, мим.

Explanation & meanings · 1
  1. Зикр гардидани ҳуруфи муқаттаъа (ҳарфҳои ҷудошуда) дар оғози ин сура нишонае аз эъҷози Қуръон аст. Дар воқеъ, ин ҳуруф мушрикони Қурайшро ба чолишу мубориза даъват кард ва сарфи назар аз ин ки он ҳарфҳо барояшон ошно буд, онон тавони ибрози эътироз ба онро надоштанд. Инчунин бовуҷуди ин ки онон беҳтарин суханварони Араб буданд - аз овардани ояту сурае ҳаммонанди Қуръон оҷизу нотавон монданд, ки ин далолат бар Ваҳй ва муъҷиза будани Каломуллоҳ мекунад.

ذَٰلِكَ ٱلۡكِتَٰبُ لَا رَيۡبَۛ فِيهِۛ هُدٗى لِّلۡمُتَّقِينَ

Ин китобест, ки ҳеҷ тардиде [шакку гумоне] дар [китоби илоҳӣ будани] он нест ва мояи ҳидояти парҳезгорон аст.

ٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِٱلۡغَيۡبِ وَيُقِيمُونَ ٱلصَّلَوٰةَ وَمِمَّا رَزَقۡنَٰهُمۡ يُنفِقُونَ

Он касоне, ки [дар ниҳону ошкор] ба ғайб имон доранд ва намоз барпо медоранд ва аз он чи ба эшон рӯзӣ додаем, инфоқ [сарфу харҷ ва хайр] мекунанд.

وَٱلَّذِينَ يُؤۡمِنُونَ بِمَآ أُنزِلَ إِلَيۡكَ وَمَآ أُنزِلَ مِن قَبۡلِكَ وَبِٱلۡأٓخِرَةِ هُمۡ يُوقِنُونَ

Ва онҳое, ки ба он чи бар ту ва [бар паёмбарони] пеш аз ту нозил шудааст, имон меоваранд ва бар рӯзи растохез яқин доранд.

أُوْلَٰٓئِكَ عَلَىٰ هُدٗى مِّن رَّبِّهِمۡۖ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡمُفۡلِحُونَ

Онҳо аз ҷониби Парвардигорашон аз ҳидоят бархӯрдоранд ва ононад, ки растагоранд.