Skip to content

السؤال

س١٩: ماذا تقول في الصباح والمساء من الأذكار؟

С 19: Ҳангоми субҳу шом кадом зикрҳоро мегӯӣ?

الجواب

ج:١. أقرأُ آية الكرسي:

﴿ٱللَّهُ لَآ إِلَٰهَ إِلَّا هُوَ ٱلۡحَيُّ ٱلۡقَيُّومُۚ لَا تَأۡخُذُهُۥ سِنَةٞ وَلَا نَوۡمٞۚ لَّهُۥ مَا فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَمَا فِي ٱلۡأَرۡضِۗ مَن ذَا ٱلَّذِي يَشۡفَعُ عِندَهُۥٓ إِلَّا بِإِذۡنِهِۦۚ يَعۡلَمُ مَا بَيۡنَ أَيۡدِيهِمۡ وَمَا خَلۡفَهُمۡۖ وَلَا يُحِيطُونَ بِشَيۡءٖ مِّنۡ عِلۡمِهِۦٓ إِلَّا بِمَا شَآءَۚ وَسِعَ كُرۡسِيُّهُ ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَۖ وَلَا يَـُٔودُهُۥ حِفۡظُهُمَاۚ وَهُوَ ٱلۡعَلِيُّ ٱلۡعَظِيمُ﴾

[البقرة: ٢٥٥].

  1. واقرأ:

بِسۡمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحۡمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

﴿قُلۡ هُوَ ٱللَّهُ أَحَدٌ 1

ٱللَّهُ ٱلصَّمَدُ 2

لَمۡ يَلِدۡ وَلَمۡ يُولَدۡ 3

وَلَمۡ يَكُن لَّهُۥ كُفُوًا أَحَدُۢ 4﴾

[الإخلاص: 1-4] ثلاث مرات.

﴿قُلۡ أَعُوذُ بِرَبِّ ٱلۡفَلَقِ 1

مِن شَرِّ مَا خَلَقَ 2

وَمِن شَرِّ غَاسِقٍ إِذَا وَقَبَ 3

وَمِن شَرِّ ٱلنَّفَّٰثَٰتِ فِي ٱلۡعُقَدِ 4

وَمِن شَرِّ حَاسِدٍ إِذَا حَسَدَ 5﴾

[الفلق: 1-5] ثلاث مرات.

﴿قُلۡ أَعُوذُ بِرَبِّ ٱلنَّاسِ 1

مَلِكِ ٱلنَّاسِ 2

إِلَٰهِ ٱلنَّاسِ 3

مِن شَرِّ ٱلۡوَسۡوَاسِ ٱلۡخَنَّاسِ 4

ٱلَّذِي يُوَسۡوِسُ فِي صُدُورِ ٱلنَّاسِ 5

مِنَ ٱلۡجِنَّةِ وَٱلنَّاسِ 6﴾

[الناس: 1-6] ثلاث مرات.

  1. «اللهم أنت ربي لا إله إلا أنت، خلقتني وأنا عبدك، وأنا على عهدك ووعدك ما استطعت، أعوذ بك من شر ما صنعت، أبوء لك بنعمتك علي، وأبوء بذنبي، فاغفر لي، فإنه لا يغفر الذنوب إلا أنت»

رواه البخاري.

Ҷ: 1. Оятулкурсиро мехонам:

"Аллоҳ Таъоло [маъбуди ростин аст] ҳеҷ маъбуде [ба ҳақ] ҷуз Ӯ нест; зиндаи поянда [ва қоим ба зот] аст; на хоби сабук [ғанаб, пинак] Ӯро фаро мегирад ва на хоби сангин; он чи дар осмонҳо ва замин аст, аз они Ӯст. Кист, ки дар назди Ӯ ҷуз ба фармонаш шафоат кунад?! Гузашта ва ояндаи эшон [бандагон]-ро медонад ва [онон] ба чизе аз илми Ӯ иҳота [ва огоҳӣ] намеёбанд, магар он чи худ бихоҳад. Курсии Ӯ осмонҳо ва заминро дар бар гирифтааст ва нигаҳ доштани онҳо бар Ӯ [сангину] душвор нест ва Ӯ баландмартаба [ва] бузург аст."

(Сураи Бақара, ояти 50)

  1. Ва мехонам:

(Бисмиллаҳир-раҳмонир-раҳим 1

([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ӯ Аллоҳ Таъоло яктост 1

Аллоҳ Таъоло бениёз аст [ва ҳама ниёзманди Ӯ ҳастанд] 2

На [фарзанде] зода ва на зода шудааст 3

Ва ҳеҷ кас ҳаммонанд ва ҳамтои Ӯ набуда ва нест 4)

(Сураи Ихлос, оятҳои 1-4) се бор.

([Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори сапедадам паноҳ мебарам 1

Аз шарри тамоми он чи офаридааст 2

Ва аз шарри торикии шаб он гоҳ ки ҳама ҷоро фаро гирад 3

Ва аз шар [-и занони ҷодугар], ки бо афсун дар гиреҳҳо медаманд 4

Ва аз шарри ҳасуд он гоҳ ки ҳасад варзад 5)

(Сураи Фалақ, оятҳо 1-5) се бор.

( [Эй Паёмбар] Бигӯ: «Ба Парвардигори мардум паноҳ мебарам 1

Фармонравои мардум 2

Маъбуди мардум 3

Аз шарри [шайтони] васвасагар, ки [ба ҳангоми зикри Аллоҳ Таъоло] пинҳон мегардад 4

Ҳамоне, ки дар дилҳои мардум васваса мекунад 5

Аз ҷинниён [бошад] ва [ё аз] одамиён 6

(Сураи Нос, оятҳои 1-6) се бор.

"Аллоҳумма анта раббӣ ло илоҳа илло анта халақтанӣ ва ана ъабдука ва ъало ъаҳдика ва ваъдика мастатаъту. Аъузу бика мин шарри мо санаъту абӯу лака биниъматика ъалайя ва абӯу бизанбӣ фағфирлӣ фаиннаҳу ло яғфиру-з-зунуба илло анта". (Парвардигоро, ту Худои манӣ маъбуди барҳақе ҷуз Ту нест, маро офаридӣ ва ман бандаи Туам ва бар аҳд ва паймони Ту ба қадри тавон истодаам. Аз шар ва зиштии он чи анҷом додаам, ба Ту паноҳ меҷӯям, ба неъматат бар хеш ва ҳам бар гуноҳонам эътироф дорам, пас маро биёмурз, зеро гуноҳонро ҷуз Ту касе намеомурзад).

Ривояти Бухорӣ.