2 : 59
فَبَدَّلَ ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ قَوۡلًا غَيۡرَ ٱلَّذِي قِيلَ لَهُمۡ فَأَنزَلۡنَا عَلَى ٱلَّذِينَ ظَلَمُواْ رِجۡزٗا مِّنَ ٱلسَّمَآءِ بِمَا كَانُواْ يَفۡسُقُونَ
Он гоҳ ситамгарон ин суханро, ки ба онҳо гуфта шуда буд, тағйир доданд [ва ба ҷояш калимоти масхараомезе гуфтанд]. Аз ин рӯ, бар ситамгарон, ба сазои ин нофармониашон, азобе аз осмон нозил кардем