Баъзе навъҳои муомилот ва хариду фурӯши ҳаром кадомҳоянд?
- الباب / الفصل
- قسم المنوعات
السؤال
س5: ما بعض أنواع المعاملات والبيوع المحرمة؟
С 5: Баъзе навъҳои муомилот ва хариду фурӯши ҳаром кадомҳоянд?
الجواب
ج:١. الغش، ومنه: إخفاء عيب السلعة.
- فعن أبي هريرة رَضِيَ اللَّهُ عَنْهُ، أنَّ رسول الله ﷺ مرَّ على صبرة- أي: كومة- طعام، فأدخل يده فيها، فنالت أصابعه بللًا. فقال: «ما هذا يا صاحب الطَّعام؟» قال: أصابته السَّماء يا رسول الله. قال:
«أفلا جعلته فوق الطَّعام كي يراه النَّاس؟ من غشَّ فليس منِّي»
رواه مسلم.
- الربا: ومنه أن آخذ ألفًا من إنسان دينًا على أن أردها إليه ألفين.
- والزيادة هي الربا المحرم.
قال تَعَالَى:
﴿وَأَحَلَّ ٱللَّهُ ٱلۡبَيۡعَ وَحَرَّمَ ٱلرِّبَوٰاْۚ﴾
[البقرة: ٢٧٥].
- الغرر والجهالة: كأن أبيعك الحليب في ضرع الشاة، أو السمكة في الماء ولم أصطدها بعد.
- ففي الحديث:
«نهى رسول الله صلى الله عليه وسلم عن بيع الغرر»
Ҷ : Тақаллубкорӣ ва фиреб кардан, монанди пинҳон кардани айби молҳо.
- Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз назди анборе аз маводи ғизоӣ мегузашт, дасташро ба он дохил кард ва чун дасташро баровард ангуштонаш тар шуданд, пас фармуданд: "Ин чист эй соҳиби ғизо?" (Фурӯшанда ) гуфт: Борон ба ӯ расидааст эй Расули Аллоҳ! Фармуданд:
"Намешуд, ки инро дар болои маводи ғизоӣ мегузоштӣ, то мардум онро бубинанд? Касе, ки фиребкорӣ кунад аз мо нест."
Ривояти Муслим.
- Рибо ва судхӯрӣ: аз ҷумлаи он ин аст, ки аз як нафар ҳазор қарз бигирам ва вақти баргардондан барояш ду ҳазор баргардонам.
- Ва он зиёдати рибо ва ҳаром аст.
Аллоҳ Таъоло мефармояд:
(дар ҳоле ки Аллоҳ Таъоло, доду ситадро ҳалол ва риборо ҳаром намудааст.)
(Сураи Бақара, ояти 50)
- Ғарар ва ҷаҳолат (фурӯхтани чизи номаълум ё маъдум): Ба монанди ин ки ширро дар пистони гусфанд бароят бифрӯшам ё ин ки моҳиро дар об, пеш аз ин ки онро сайд кунам.
- Дар ҳадис омадааст:
"Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) аз хариду фурӯши ғарар наҳй кардааст."