Skip to content

Ҳиҷоби зани мусалмон бояд чӣ гуна бошад?

الباب / الفصل
قسم المنوعات

السؤال

س١٤: ما صفات حجاب المرأة المسلمة؟

С 14: Ҳиҷоби зани мусалмон бояд чӣ гуна бошад?

الجواب

ج:- أن يكون ساترًا لجميع البدن.

– أن لا يكون به زينة.

– أن لا يكون شفافًا.

– أن يكون واسعًا غير ضيق.

– أن لا يكون مبخرًا مطيبًا.

– أن لا يشبه لباس الرجل.

– أن لا يشبه لباس الكافرات والفاسقات.

  • قال تعالى:

﴿يَٰٓأَيُّهَا ٱلنَّبِيُّ قُل لِّأَزۡوَٰجِكَ وَبَنَاتِكَ وَنِسَآءِ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ يُدۡنِينَ عَلَيۡهِنَّ مِن جَلَٰبِيبِهِنَّۚ ذَٰلِكَ أَدۡنَىٰٓ أَن يُعۡرَفۡنَ فَلَا يُؤۡذَيۡنَۗ وَكَانَ ٱللَّهُ غَفُورٗا رَّحِيمٗا﴾

[الأحزاب: ٥٩].

معنى الآية:

يا أيها النبي قل لأزواجك وبناتك ونساء المؤمنين يرخين على رؤوسهن ووجوههن مِن أرديتهن وملاحفهن؛ لستر وجوههن وصدورهن ورؤوسهن؛ ذلك أقرب أن يميَّزن بالسَّتر والصيانة، فلا يُتعرَّض لهن بمكروه أو أذى. وكان الله غفورًا رحيمًا حيث غفر لكم ما سلف، ورحمكم بما أوضح لكم من الحلال والحرام.

Ҷ: - Ҳамаи баданро бипӯшонад.

  • Зебу зиннат набошад.
  • Тунук ва шаффоф набошад.
  • Кушод бошад ва танг набошад.
  • Муаттар ва хушбӯй нашуда бошад.
  • Ба либоси мардон монанд набошад.
  • Ба либоси кофирон ва фосиқон монанд набошад.

Аллоҳ Таъоло мефармояд:

(Эй Паёмбар, ба ҳамсарон ва духтаронат ва дигар занони муъмин бигӯ, ки чодарҳояшонро ба шоистагӣ бар [сар ва синаи] хеш бияфкананд. Ин [гуна пӯшиш] муносибтар аст ба ин ки [дар ҷомеа матонат ва виқор] шинохта шаванд ва [дар натиҷа] мавриди озор [ҳарзагон] қарор нагиранд, Ва Аллоҳ Таъоло омурзандаи меҳрубон аст.)

(Сураи Аҳзоб, ояти 21)

Маънои оят:

Яъне: Эй Паёмбар ба ҳамсаронат ва духтаронат ва занони муъмин бигӯ, чодарҳои худро бар сару рӯйҳои худ биандозанд, то чеҳра ва сина ва сарҳояшон пӯшида бошад. Ин барои он аст, ки ба пӯшиш ва муҳофизат шинохта шаванд ва мавриди озору бадие қарор нагиранд, беҳтар аст. Ва Аллоҳ омурзанда ва меҳрубон аст, он тавр ки гуноҳони гузаштаи шуморо бахшидааст ва бо баён кардани ҳалолу ҳаром ба шумо раҳм кардааст.