Skip to content

Ин номҳоро шарҳ бидеҳ.

الباب / الفصل
قسم العقيدة

السؤال

س33: اشرح هذه الأسماء.

С 33: Ин номҳоро шарҳ бидеҳ.

الجواب

ج:الله: ومعناه الإله المعبود بحق، وحده لا شريك له.

  • الرب: أي الخالق والمالك الرازق والمدبر وحده سُبْحَانَهُ.
  • السميع: الذي وسع سمعه كل شيء، ويسمع كل الأصوات على اختلافها وتنوعها.
  • البصير: الذي يرى كل شيء، ويبصر كل شيء صغر أو كبر.
  • العليم: فهو الذي أحاط علمه بكل شيء بالماضي والحاضر والمستقبل.
  • الرحمن: الذي وسعت رحمته كل مخلوق وحي، فكل العباد والمخلوقات تحت رحمته.
  • الرزاق: الذي عليه رزق جميع المخلوقات من الإنس والجن وجميع الدواب.
  • الحي: الحي الذي لا يموت، وكل الخلق يموتون.
  • العظيم: الذي له الكمال كله والعظمة كلها في أسمائه وصفاته وأفعاله.
  • الحكيم: الذي أحكم خلقه، وأتقنه، وأحسنه، وله الحكمة في خلقه وأمره.
  • والحكمة: وضع الأشياء مواضعها، وتنزيلها منازلها.

Ҷ: Аллоҳ: Маънояш илоҳе аст, ки ба ҳақ ва ба танҳоӣ ва бидуни шарик парастида мешавад.

  • Ар-Рабб (Парвардигор): Офаридгор, молик ризқдиҳанда ва тадбиркунандаи ягона ва бешарик.
  • Ас-Самиъ: Он ки шунавоияш ҳама чизро фаро мегирад ва ҳама садоҳоро новобаста аз тафовут ва гуногунияш мешунавад.
  • Ал-Басир: Он ки ҳама чизро мебинад ва ҳама чизҳои хурду бузургро мебинад.
  • Ал-Ъалим: Он ки илмаш ҳама чизро фаро гирифтааст, ҳар он чи дар гузашта рух додааст ё дар ҳоли ҳозир ё дар оянда рух медиҳад.
  • Ар-Раҳмон: Он ки раҳматаш ҳама мавҷудоти зиндаро фаро гирифтааст, Пас ҳама бандагону махлуқот таҳти раҳмати Ӯ қарор доранд.
  • Ар-Раззоқ: Он ки ризқу рӯзии ҳама махлуқот, аз ҷумла инсон, ҷин ва ҳайвонот бар уҳдаи Ӯст.
  • Ал-Ҳай: Зиндае, ки намемирад, дар ҳоле, ки ҳама офаридаҳои Ӯ мемиранд.
  • Ал-Ъазим (Бузург): Он зоте, ки тамоми камолот ва азамату бузургиро дар номҳо ва сифатҳо ва корҳояш доро аст.
  • Ал-Ҳаким: Он ки офаридагонашро ба устуворӣ, диққат ва некӯйи офаридааст ва дар офариниш ва амраш дорои ҳикмат аст.
  • Ҳикмат - гузоштани ҳар чиз дар макони муносибаш ва таъйини мавқеи дурусти онҳо аст.