Skip to content

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) як маротибаӣ таҳорат карданд (яъне, ҳар узвро якборӣ шустанд).

Аз ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт:

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) як маротибаӣ таҳорат карданд (яъне, ҳар узвро якборӣ шустанд).

تَوَضَّأَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ مَرَّةً مَرَّةً.

Ривояти Бухорӣ
Саҳеҳ
Шарҳ

Баъзан Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) вақти таҳорат кардан ҳар узвро якборӣ мешуст. Яъне, рӯйро - ки обро дар даҳону бинӣ кардан ҳам аз ҷумлаи он аст - ва дастону пойҳоро якборӣ мешуст ва ин миқдор шустан воҷиб аст.

Маънои калимаҳо

...:

Аз фоидаҳои ҳадис

Як бор шустани узвҳо воҷиб аст ва аз он зиёдтар (се бор) шустан мустаҳаб аст.

Гоҳ-гоҳ узвҳоро дар таҳорат як бор шустан машруъ аст.

Дар масҳи сар, як бор масҳ кашидани сар машруъ аст.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (1/ 43) (157).

Бештар (1)

إرشاد الساري لشرح صحيح البخاري (1/ 244).