Skip to content

Некиҳое, ки пеш аз Ислом пазируфтан анҷом додаи, бо ту ҳастанд".

Аз Ҳаким ибни Ҳизом (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт:

Гуфтам: Эй Паёмбари Худо! Оё барои амалҳое, ки дар замони ҷоҳилият ба қасди ибодат анҷом медодам, ба монанди садақа, озод кардани ғулом ва робитаи хешутаборӣ, подош хоҳам гирифт? Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд: "Некиҳое, ки пеш аз Ислом пазируфтан анҷом додаи, бо ту ҳастанд".

قُلْتُ: يَا رَسُولَ اللَّهِ، أَرَأَيْتَ أَشْيَاءَ كُنْتُ أَتَحَنَّثُ بِهَا فِي الجَاهِلِيَّةِ مِنْ صَدَقَةٍ أَوْ عَتَاقَةٍ، وَصِلَةِ رَحِمٍ، فَهَلْ فِيهَا مِنْ أَجْرٍ؟ فَقَالَ النَّبِيُّ صَلَّى اللهُ عَلَيْهِ وَسَلَّمَ: «أَسْلَمْتَ عَلَى مَا سَلَفَ مِنْ خَيْرٍ».

Муттафақун алайҳи
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён мефармоянд, ки кофир агар ислом бипазирад, барои амалҳои нек, ки пеш аз Ислом анҷом додааст, ба монанди садақа, озод кардани ғулом, силаи раҳм ва дигар амалҳои нек, подош дода мешавад.

Маънои калимаҳо

أتحنث: أتعبد.

Аз фоидаҳои ҳадис

Агар касе бар куфр бимирад, барои амалҳои нек, ки дар дунё анҷом додааст, дар охират барояш судманд нахоҳад буд.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (2/ 114) (1436).

Саҳеҳ Муслим (1/ 113) (123).

Бештар (5)

المفهم (1/332).

شرح النووي على مسلم (2/140).

عمدة القاري شرح صحيح البخاري (22/ 96).

فتح الباري لابن حجر (3/ 302).

البحر المحيط الثجاج (3/499).