Skip to content
Феҳристи сураҳо /

الأعرَاف

الأعرَاف is chapter 7 of the Quran and has 206 verses. This page presents it in full in the Uthmani script, with a verse-by-verse translation of its meaning.

206 Оятҳо Рақами сура 7
Гузаштан ба оят
Тоҷикӣ · Arifi
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

الٓمٓصٓ

Алиф, лом, мим, сод.

Explanation & meanings · 1
  1. Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.

كِتَٰبٌ أُنزِلَ إِلَيۡكَ فَلَا يَكُن فِي صَدۡرِكَ حَرَجٞ مِّنۡهُ لِتُنذِرَ بِهِۦ وَذِكۡرَىٰ لِلۡمُؤۡمِنِينَ

[Эй Паёмбар, ин Қуръон] Китобест, ки бар ту нозил шудааст, пас, набояд дар синаат нисбат ба он тардиде бошад, [нозил шуда] то бо он [мардумро] бим диҳӣ ва барои муъминон панд [ва тазаккуре] бошад

ٱتَّبِعُواْ مَآ أُنزِلَ إِلَيۡكُم مِّن رَّبِّكُمۡ وَلَا تَتَّبِعُواْ مِن دُونِهِۦٓ أَوۡلِيَآءَۗ قَلِيلٗا مَّا تَذَكَّرُونَ

[Эй мардум] Он чиро аз ҷониби Парвардигоратон бар шумо нозил шудааст, пайравӣ кунед ва аз [дӯстону] корсозони дигар ба ҷуз Ӯ пайравӣ накунед, чи андак панд мепазиред!

وَكَم مِّن قَرۡيَةٍ أَهۡلَكۡنَٰهَا فَجَآءَهَا بَأۡسُنَا بَيَٰتًا أَوۡ هُمۡ قَآئِلُونَ

Чи бисёр [сокинони рустоҳо] ва шаҳрҳо, ки нобудашон кардем ва азоби Мо шабҳангом ё дар ҳоле ки ба хоби нимрӯзӣ фурӯ рафта буданд, ба суроғашон омад

فَمَا كَانَ دَعۡوَىٰهُمۡ إِذۡ جَآءَهُم بَأۡسُنَآ إِلَّآ أَن قَالُوٓاْ إِنَّا كُنَّا ظَٰلِمِينَ

Ва чун азоби Мо ба суроғашон омад, суханашон ҷуз ин набуд, ки гуфтанд: «Ба ростӣ, ки мо [кофиру] ситамгор будем»