Skip to content
Феҳристи сураҳо /

التوبَة

التوبَة is chapter 9 of the Quran and has 129 verses. This page presents it in full in the Uthmani script, with a verse-by-verse translation of its meaning.

129 Оятҳо Рақами сура 9
Гузаштан ба оят
Тоҷикӣ · Arifi

بَرَآءَةٞ مِّنَ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦٓ إِلَى ٱلَّذِينَ عَٰهَدتُّم مِّنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ

[Ин оёт] Эъломи безорӣ [ва поёни тааҳҳуд] аз тарафи Аллоҳ таоло ва паёмбараш нисбат ба мушриконест, ки [шумо мусулмонон] бо онон паймон бастаед

فَسِيحُواْ فِي ٱلۡأَرۡضِ أَرۡبَعَةَ أَشۡهُرٖ وَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّكُمۡ غَيۡرُ مُعۡجِزِي ٱللَّهِ وَأَنَّ ٱللَّهَ مُخۡزِي ٱلۡكَٰفِرِينَ

Пас, [эй мушрикон, фақат] чаҳор моҳ [фурсат доред, ки бо амнияти комил] дар замин бигардед ва бидонед, ки [ҳаргиз] наметавонед Аллоҳ таолоро нотавон созед [ва аз азобаш бигурезед] ва Аллоҳ таоло расвокунандаи кофирон аст

وَأَذَٰنٞ مِّنَ ٱللَّهِ وَرَسُولِهِۦٓ إِلَى ٱلنَّاسِ يَوۡمَ ٱلۡحَجِّ ٱلۡأَكۡبَرِ أَنَّ ٱللَّهَ بَرِيٓءٞ مِّنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ وَرَسُولُهُۥۚ فَإِن تُبۡتُمۡ فَهُوَ خَيۡرٞ لَّكُمۡۖ وَإِن تَوَلَّيۡتُمۡ فَٱعۡلَمُوٓاْ أَنَّكُمۡ غَيۡرُ مُعۡجِزِي ٱللَّهِۗ وَبَشِّرِ ٱلَّذِينَ كَفَرُواْ بِعَذَابٍ أَلِيمٍ

Ва [ин] эъломест аз ҷониби Аллоҳ таоло ва Паёмбараш ба мардум дар рӯзи ҳаҷҷи акбар [иди қурбон], ки: «Аллоҳ таоло ва Паёмбараш аз мушрикон безоранд». Пас, агар тавба кунед, барои шумо беҳтар аст ва агар рӯ бигардонед [ва сарпечӣ кунед], пас, бидонед, ки шумо [ҳаргиз] наметавонед Аллоҳ таолоро нотавон созед [ва аз азобаш бигурезед]. Ва [ту эй Паёмбар] касонеро ки куфр варзиданд, ба азоби дардноке башорат бидеҳ

إِلَّا ٱلَّذِينَ عَٰهَدتُّم مِّنَ ٱلۡمُشۡرِكِينَ ثُمَّ لَمۡ يَنقُصُوكُمۡ شَيۡـٔٗا وَلَمۡ يُظَٰهِرُواْ عَلَيۡكُمۡ أَحَدٗا فَأَتِمُّوٓاْ إِلَيۡهِمۡ عَهۡدَهُمۡ إِلَىٰ مُدَّتِهِمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ يُحِبُّ ٱلۡمُتَّقِينَ

Магар касоне аз мушрикон, ки бо онон паймон бастаед ва чизе аз [тааҳҳудоти худ нисбат ба] шумо фурӯгузор накардаанд ва касеро алайҳи шумо пуштибонӣ накарданд. Пас, паймони ононро то поёни муддаташон ба поён бирасонед, [ки] бе тардид, Аллоҳ таоло парҳезгоронро дӯст медорад

فَإِذَا ٱنسَلَخَ ٱلۡأَشۡهُرُ ٱلۡحُرُمُ فَٱقۡتُلُواْ ٱلۡمُشۡرِكِينَ حَيۡثُ وَجَدتُّمُوهُمۡ وَخُذُوهُمۡ وَٱحۡصُرُوهُمۡ وَٱقۡعُدُواْ لَهُمۡ كُلَّ مَرۡصَدٖۚ فَإِن تَابُواْ وَأَقَامُواْ ٱلصَّلَوٰةَ وَءَاتَوُاْ ٱلزَّكَوٰةَ فَخَلُّواْ سَبِيلَهُمۡۚ إِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

Пас, чун моҳҳои ҳаром сипарӣ шуд, мушриконро ҳар куҷо ёфтед, бикушед ва ононро дастгир кунед ва дар муҳосира бигузоред ва дар ҳар гузаргоҳе ба камини онон бинишинед.Пас, агар тавба карданд ва намоз барпо доштанд ва закот пардохтанд, раҳояшон кунед, [чаро ки] бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст