Skip to content

"Бадтарин шахсе, ки дуздӣ мекунад, касе аст, ки аз намозаш медуздад". Гуфтанд: Чӣ гуна намозашро медуздад? Гуфт: "Рукуъ ва суҷудашро комил намекунад."

Аз Абуҳурайра (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

"Бадтарин шахсе, ки дуздӣ мекунад, касе аст, ки аз намозаш медуздад". Гуфтанд: Чӣ гуна намозашро медуздад? Гуфт: "Рукуъ ва суҷудашро комил намекунад."

«أَسْوَأُ النَّاسِ سَرَقَةً الَّذِي يَسْرِقُ صَلَاتَهُ» قَالَ: وَكَيْفَ يَسْرِقُ صَلَاتَهُ؟ قال: «لَا يُتِمُّ رُكُوعَهَا، وَلَا سُجُودَهَا».

Ривояти Ибни Ҳиббон
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) тавзеҳ доданд, ки бадтарин дуздӣ, дуздии касе аст, ки аз намозаш медуздад. Зеро агар моли дигареро бидуздад, шояд дар дунё фоидааш кунад ва аз он суд бибарад. Бар хилофи ин дузд, ки ҳаққи худашро аз аҷру савоб медуздад. Гуфтанд: Эй Расули Худо! Чӣ гуна аз намозаш медуздад? Фармуданд: Рукуъ ва суҷудашро комил анҷом намедиҳад, яъне дар рукуъ ва суҷудаш шитоб мекунад ва онро ба шакли комил анҷом намедиҳад.

Аз фоидаҳои ҳадис

Аҳамияти ба хубӣ анҷом додани намоз ва анҷом додани рукнҳои он бо оромӣ ва фурӯтанӣ.

Васф кардани касе, ки рукуъ ва саҷдаи дуруст намекунад ба "дузд", огоҳӣ аз эҷоди танаффур аз ин кор ва огоҳӣ аз ҳаром будани он аст.

Дар намоз рукуъ ва саҷдаро ба итмом расондан ва дар ҳарду муътадил будан воҷиб аст.

Манбаъҳо

Саҳеҳи ибни Ҳиббон (5/ 209) (1888).

Бештар (4)

الشّافي في شرح مسند الشّافعي (1/613).

الكاشف عن حقائق السنن (3/1020).

التنوير (2/373).

نيل الأوطار (2/ 311).