Skip to content
Феҳристи сураҳо /

الأحقَاف

الأحقَاف is chapter 46 of the Quran and has 35 verses. This page presents it in full in the Uthmani script, with a verse-by-verse translation of its meaning.

35 Оятҳо Рақами сура 46
Гузаштан ба оят
Тоҷикӣ · Arifi
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

حمٓ

Ҳо, мим.

Explanation & meanings · 1
  1. Нигаред ба эзоҳи ояти 1 сураи Бақара.

تَنزِيلُ ٱلۡكِتَٰبِ مِنَ ٱللَّهِ ٱلۡعَزِيزِ ٱلۡحَكِيمِ

Нузули [ин] китоб аз ҷониби Аллоҳи шикастнопазири ҳаким аст

مَا خَلَقۡنَا ٱلسَّمَٰوَٰتِ وَٱلۡأَرۡضَ وَمَا بَيۡنَهُمَآ إِلَّا بِٱلۡحَقِّ وَأَجَلٖ مُّسَمّٗىۚ وَٱلَّذِينَ كَفَرُواْ عَمَّآ أُنذِرُواْ مُعۡرِضُونَ

Осмонҳо ва замин ва он чиро, ки байни онҳост, ба ҳақ [ва ҳадафманд] ва барои муддати муайяне офаридаем, ва [-ле] кофирон аз он чи ба эшон ҳушдор шуда, рӯйгардонанд

قُلۡ أَرَءَيۡتُم مَّا تَدۡعُونَ مِن دُونِ ٱللَّهِ أَرُونِي مَاذَا خَلَقُواْ مِنَ ٱلۡأَرۡضِ أَمۡ لَهُمۡ شِرۡكٞ فِي ٱلسَّمَٰوَٰتِۖ ٱئۡتُونِي بِكِتَٰبٖ مِّن قَبۡلِ هَٰذَآ أَوۡ أَثَٰرَةٖ مِّنۡ عِلۡمٍ إِن كُنتُمۡ صَٰدِقِينَ

[Эй Паёмбар, ба мушрикон] бигӯ: «Оё ба бутҳое, ки ба ҷойи Аллоҳ таоло [ба ниёиш] мехонед, таваҷҷуҳ кардаед? Ба ман нишон диҳед, чи чиз аз [аҷзои] заминро офаридаанд. Оё дар [офариниши] осмонҳо ширкат доштаанд? Агар рост мегӯед, аз китобҳои осмонии пешин ё бозмондае аз дониш [-и гузаштагон далел] биёваред»

وَمَنۡ أَضَلُّ مِمَّن يَدۡعُواْ مِن دُونِ ٱللَّهِ مَن لَّا يَسۡتَجِيبُ لَهُۥٓ إِلَىٰ يَوۡمِ ٱلۡقِيَٰمَةِ وَهُمۡ عَن دُعَآئِهِمۡ غَٰفِلُونَ

Кист гумроҳтар аз он ки ба ҷойи Аллоҳ таоло афродеро [ба ниёиш] мехонад, ки то рӯзи қиёмат низ посухашро намедиҳанд ва аз дархосташон бехабаранд?