Skip to content

Баъзе намудҳои фиреби ҳаром кадомҳоянд?

الباب / الفصل
قسم الأخلاق

السؤال

س٢١: ما بعض أنواع الغش المحرم؟

С 21: Баъзе намудҳои фиреби ҳаром кадомҳоянд?

الجواب

ج:الغش في البيع والشراء، وهو إخفاء عيب السلعة.

  • الغش في تعلم العلم، ومثل ذلك غش الطلاب في الامتحانات.
  • الغش في القول كشهادة الزور والكذب.
  • عدم الوفاء بما تقول وما تتفق به مع الناس.
  • وفي النهي عن الغش: أنَّ رسولَ اللهِ صلى الله عليه وسلم مرَّ على صُبْرةِ طعامٍ، فأَدخَلَ يدَه فيها، فنالَتْ أصابعُه بَلَلًا، فقال:

«ما هذا يا صاحِبَ الطَّعامِ؟» قال: أصابَتْهُ السَّماءُ يا رسولَ اللهِ. قال: «أفلا جَعَلْتَه فَوقَ الطَّعامِ كَيْ يَراهُ النَّاسُ؟ مَن غَشَّ فليس مِنِّي»

رواه مسلم.

الصُّبْرَة: هي الكَوْمةُ من الطَّعام.

Ҷ: Фиреб кардан дар хариду фурӯш, ки он нуқсони маҳсулотро пинҳон кардан аст.

  • Фиреб додан дар илм омӯзӣ, ба монанди фиреб додани донишҷӯён дар имтиҳонҳо.
  • Фиреб кардан дар гуфтор, аз қабили шаҳодати бардурӯғ ва дурӯғ гуфтан.
  • Вафо накардани ба ваъда ё аҳд бо мардум.
  • Дар мавриди фиреб Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) (дар бозор) аз назди анбори маводи ғизоӣ мегузашт, дасташро ба он дохил кард ва чун дасташро баровард ангуштонаш тар шуданд, пас фармуданд:

"Ин чист эй соҳиби ғизо", (фурӯшанда) гуфт: Борон ба ӯ расидааст эй Расули Аллоҳ! Фармуданд: "Намешуд инро дар болои маводи ғизоӣ мегузоштӣ, то мардум онро бубинанд? Касе, ки фиребкорӣ кунад аз мо нест."

Ривояти Муслим.

Субра: (дар лафзи арабии ҳадис омадааст) ба маънои "тӯда" аст, тӯдаи ғизо.