السؤال
س29: ما أفضل أيام الأسبوع؟
С 29: Беҳтарин рӯзҳои ҳафта кадом аст?
الجواب
ج:يوم الجمعة، قال النبي عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ:
«إن من أفضل أيامكم يوم الجمعة فيه خلق آدم وفيه قبض وفيه النفخة وفيه الصعقة فأكثروا علي من الصلاة فيه فإن صلاتكم معروضة علي».
قالوا يا رسول الله وكيف تعرض صلاتنا عليك وقد أرمت؟ – يقولون بليت – فقال:
«إن الله عَزَّ وَجَلَّ حرم على الأرض أجساد الأنبياء»
رواه أبو داود وغيره.
Ҷ: Рӯзи ҷумъа. Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) мефармояд:
"Беҳтарин рӯзҳои шумо рӯзи ҷумъа аст, дар ин рӯз Одам офарида шуд ва дар ин рӯз аз дунё рафт ва дар ин рӯз сур дамида мешавад ва саъқа (мурдани одамон аз садои сур) дар ин рӯз аст, пас дар ин рӯз бар ман зиёд дуруд бифиристед, зеро дуруди шумо бар ман пешкаш мешавад."
Гуфтанд: Эй Расули Аллоҳ, чӣ гуна дуруди мо бар ту пешкаш мешавад, дар ҳоле, ки ту фано шудаи, яъне пӯсидаи? Дар ҷавоб фармуданд:
"Аллоҳ Таъоло ҷасадҳои паёмбаронро бар замин ҳаром кардааст." (Яъне, ҷасадҳои паёмбарон дар замин намепӯсанд.)
Ривояти Абудовуд ва дигарон.