Skip to content

"Ҳар ҷое бошӣ, аз Худо битарс ва пас аз ҳар бадӣ хубие анҷом деҳ, то он (бадӣ)-ро маҳв кунад ва бо ахлоқи нек бо мардум рафтор кун!"

Аз Абузар, Ҷундуб ибни Ҷунода ва Абуабдурраҳмон, Муъоз ибни Ҷабал (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки Паёмбари Аллоҳ (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

"Ҳар ҷое бошӣ, аз Худо битарс ва пас аз ҳар бадӣ хубие анҷом деҳ, то он (бадӣ)-ро маҳв кунад ва бо ахлоқи нек бо мардум рафтор кун!"

«اتَّقِ اللَّهَ حَيْثُمَا كُنْت، وَأَتْبِعْ السَّيِّئَةَ الْحَسَنَةَ تَمْحُهَا، وَخَالِقْ النَّاسَ بِخُلُقٍ حَسَنٍ».

Ривояти Тирмизӣ
Тирмизӣ гуфт: Ҳадиси ҳасан аст.
Шарҳ

Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ба се чиз амр намудааст: Якум: Парҳезгорӣ аз Аллоҳ Таъоло, бо анҷом додани воҷиботаш ва тарк намудани муҳаррамоташ, дар ҳар макон, замон ва ҳолат, пинҳон ва ошкоро, дар неъмат ва мусибат ва ғайра. Дуюм: Агар муртакиби гуноҳе шудӣ, пас аз он кори неке анҷом деҳ, аз қабили намоз, садақа, некӣ ба мардум, силаи раҳм, тавба ва ғайра. Зеро ин амали нек гуноҳро пок месозад. Сеюм: Бо мардум бо ахлоқи нек муомила кун, аз қабили табассум дар рӯйи онҳо, нармӣ ва мулоимат, кумак кардан ба дигарон ва манъи озору азияти мардум.

Аз фоидаҳои ҳадис

Фазлу карами Аллоҳ Таъоло бар бандагонаш дар раҳмат, мағфират ва бахшиши Ӯ.

Ин ҳадис се ҳақро дарбар мегирад: Ҳаққи Худованд - бо парҳезгорӣ ва иҷрои фармони Ӯ; ҳаққи нафс - бо анҷоми корҳои нек пас аз корҳои бад, то ки пок шавад; ҳаққи мардум - бо муомилаи нек, ахлоқи хуб, нармӣ ва рафтори хуб бо онҳо.

Тарғиб ва ташвиқ ба анҷоми корҳои нек пас аз гуноҳон ва ахлоқи неки хуш яке аз хислатҳои парҳезгорист. Азбаски, мардум ниёз ба фаҳмидани аҳамияти онро доранд, он ҷудо зикр карда шудааст.

Манбаъҳо

Сунани Тирмизӣ (3/ 526) (1987).

Бештар (7)

Чиҳил ҳадиси Нававӣ (ص100) (ح18).

التحفة الربانية في شرح الأربعين حديثًا النووية.

لإسماعيل الأنصاري (ص40).

شرح الأربعين النووية.

لابن عثيمين (ص195).

فتح القوي المتين في شرح الأربعين وتتمة الخمسين.

لعبد المحسن البدر (ص67).