Skip to content

Ман аз ширк бениёзтарин ҳастам, ҳар кӣ амалеро анҷом диҳад, ки касеро бо Ман дар он шарик месозад, ӯ ва ширкашро ба ҳоли худаш мегузорам

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Аллоҳ Таборак ва Таъоло фармудааст: Ман аз ширк бениёзтарин ҳастам, ҳар кӣ амалеро анҷом диҳад, ки касеро бо Ман дар он шарик месозад, ӯ ва ширкашро ба ҳоли худаш мегузорам".

«قال الله تبارك وتعالى: أنا أغنى الشركاء عن الشرك، من عمل عملًا أشرك فيه معي غيري، تركتُهُ وشركَهُ».

Ривояти Муслим
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) хабар медиҳад, ки Аллоҳ Таъоло худ фармудааст, ки пок аз ҳар гуна шарик аст, Ӯ Таъоло аз ҳама чиз бениёз аст, агар банда амалеро барои Худо ва дар айни ҳол барои ғайри Худо анҷом диҳад, Аллоҳ ӯро раҳо намуда аз ӯ намепазирад ва амалашро ба соҳибаш бармегардонад, Амал бояд танҳо барои ризои Худованд бошад, зеро Ӯ Таъоло танҳо амалеро мепазирад, ки фақат барои Ӯ Таъоло анҷом дода мешавад.

Маънои калимаҳо

.....:

Аз фоидаҳои ҳадис

Ҳушдор аз воқеъ шудан дар ширк, ки он монеъи қабул шудани амалҳо аст.

Эҳсоси азамат ва бениёзии Худованд дар худ, зеро он ба инсон кӯмак мекунад дар амалҳои худ ихлос дошта бошад.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Муслим (4/ 2289) (2985).

Бештар (5)

شرح النووي على مسلم (18/ 115).

الملخص في شرح كتاب التوحيد.

لصالح الفوزان (ص287).

الجديد في شرح كتاب التوحيد.

لمحمد القرعاوي (ص325).