Skip to content

Сабабҳое, ки ахлоқи мусалмонро неку мекунанд, кадомҳоянд?

الباب / الفصل
قسم الأخلاق

السؤال

س٣٠: ما الأسباب التي تعين المسلم على التخلق بالأخلاق الحسنة؟

С 30: Сабабҳое, ки ахлоқи мусалмонро неку мекунанд, кадомҳоянд?

الجواب

ج:١. الدعاء بأن يرزقك الله حسن الخلق ويعينك عليه.

  1. مراقبة الله عَزَّ وَجَلَّ، وأنه يعلم بك ويسمعك ويراك.
  2. تذكر ثواب حسن الخلق وأنه سبب لدخول الجنة.
  3. تذكر عاقبة سوء الخلق وأنه سبب لدخول في النار.
  4. أن حسن الخُلق يجلب محبة الله تَعَالَى ومحبة خلقه، وأن سوء الخُلق يجلب بغض الله وبغض خلقه.
  5. قراءة سيرة النبي عَلَيْهِ الصَّلَاةُ وَالسَّلَامُ والاقتداء به.
  6. مصاحبة الأخيار وتجنب صحبة الأشرار.

*******

Ҷ: 1. Дуъо кардан барои он ки Аллоҳ ба ту ахлоқи нек ато кунад ва барои расидан ба онҳо кумак кунад.

  1. Муроқиб донистани Аллоҳ Таъоло дар ҳама корҳо ва ин ки Ӯ туро медонад, мешунавад ва мебинад.
  2. Ба ёд овардани подоши ахлоқи нек ва ин ки он сабаби ворид шудан ба биҳишт аст.
  3. Ба ёд овардани оқибатҳои ахлоқи бад ва ин ки он сабаби ворид шудан ба ҷаҳаннам аст.
  4. Ахлоқи нек муҳаббати Аллоҳ Таъоло ва муҳаббати офаридаҳои Ӯро ба вуҷуд меорад, дар ҳоле ки ахлоқи бад боиси бадбинии Аллоҳ ва бадбинии офаридаҳои Ӯ мешавад.
  5. Хондани зиндагиномаи Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) ва пайравӣ аз ӯ.
  6. Ҳамнишинӣ ва дӯсти бо некукорон ва дурӣ аз ҳамнишинӣ бо дӯстони бад.