Skip to content
Феҳристи сураҳо /

المُنَافِقُونَ

المُنَافِقُونَ is chapter 63 of the Quran and has 11 verses. This page presents it in full in the Uthmani script, with a verse-by-verse translation of its meaning.

11 Оятҳо Рақами сура 63
Гузаштан ба оят
Тоҷикӣ · Arifi
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

إِذَا جَآءَكَ ٱلۡمُنَٰفِقُونَ قَالُواْ نَشۡهَدُ إِنَّكَ لَرَسُولُ ٱللَّهِۗ وَٱللَّهُ يَعۡلَمُ إِنَّكَ لَرَسُولُهُۥ وَٱللَّهُ يَشۡهَدُ إِنَّ ٱلۡمُنَٰفِقِينَ لَكَٰذِبُونَ

Ҳангоме ки мунофиқон назди ту оянд, [савганд мехӯранд ва] мегӯянд: «Мо гувоҳӣ медиҳем, ки, яқинан, ту фиристодаи Аллоҳ таоло ҳастӣ»; ва Аллоҳ таоло медонад, ки бе гумон, ту фиристодаи Ӯ ҳастӣ ва Аллоҳ таоло гувоҳӣ медиҳад, ки мунофиқон, яқинан, дурӯғгӯ ҳастанд

ٱتَّخَذُوٓاْ أَيۡمَٰنَهُمۡ جُنَّةٗ فَصَدُّواْ عَن سَبِيلِ ٱللَّهِۚ إِنَّهُمۡ سَآءَ مَا كَانُواْ يَعۡمَلُونَ

Онҳо савгандҳои худро сипар қарор доданд, пас, [мардумро] аз роҳи Аллоҳ таоло боздоштанд. Ростӣ, ки онон чи бад мекунанд!

ذَٰلِكَ بِأَنَّهُمۡ ءَامَنُواْ ثُمَّ كَفَرُواْ فَطُبِعَ عَلَىٰ قُلُوبِهِمۡ فَهُمۡ لَا يَفۡقَهُونَ

Ин бад-он хотир аст, ки онҳо имон оварданд, сипас кофир шуданд, он гоҳ бар дилҳояшон муҳр ниҳода шуда, пас, дарнамеёбанд

۞ وَإِذَا رَأَيۡتَهُمۡ تُعۡجِبُكَ أَجۡسَامُهُمۡۖ وَإِن يَقُولُواْ تَسۡمَعۡ لِقَوۡلِهِمۡۖ كَأَنَّهُمۡ خُشُبٞ مُّسَنَّدَةٞۖ يَحۡسَبُونَ كُلَّ صَيۡحَةٍ عَلَيۡهِمۡۚ هُمُ ٱلۡعَدُوُّ فَٱحۡذَرۡهُمۡۚ قَٰتَلَهُمُ ٱللَّهُۖ أَنَّىٰ يُؤۡفَكُونَ

Ва ҳангоме ки онҳоро бубинӣ, ҷисм [ва чеҳра]-ашон туро ба шигифт оварад ва агар [сухан] гӯянд, [ба хотири фасоҳати каломашон] ба суханонашон гӯш медиҳӣ. Гӯё, онҳо чӯбҳои такядода ба деворанд, ҳар бонгеро алайҳи худ мепиндоранд. Онон душман [-и ҳақиқӣ] ҳастанд; пас, аз онон бар ҳазар бош. Аллоҳ таоло онҳоро бикушад! Чи гуна [аз ҳақ] мунҳариф мешаванд?

وَإِذَا قِيلَ لَهُمۡ تَعَالَوۡاْ يَسۡتَغۡفِرۡ لَكُمۡ رَسُولُ ٱللَّهِ لَوَّوۡاْ رُءُوسَهُمۡ وَرَأَيۡتَهُمۡ يَصُدُّونَ وَهُم مُّسۡتَكۡبِرُونَ

Ва ҳангоме ки ба онҳо гуфта шавад: «Биёед, то расулуллоҳ барои шумо омурзиш бихоҳад», сарҳои худро такон медиҳанд ва онҳоро мебинӣ, ки [аз суханони ту] рӯйгардон мешаванд ва такаббур меварзанд