Skip to content
Феҳристи сураҳо /

النور

النور is chapter 24 of the Quran and has 64 verses. This page presents it in full in the Uthmani script, with a verse-by-verse translation of its meaning.

64 Оятҳо Рақами сура 24
Гузаштан ба оят
Тоҷикӣ · Arifi
بِسْمِ ٱللَّهِ ٱلرَّحْمَٰنِ ٱلرَّحِيمِ

سُورَةٌ أَنزَلۡنَٰهَا وَفَرَضۡنَٰهَا وَأَنزَلۡنَا فِيهَآ ءَايَٰتِۭ بَيِّنَٰتٖ لَّعَلَّكُمۡ تَذَكَّرُونَ

[Ин] Сураест, ки онро нозил кардаем ва [амал ба аҳкоми] онро воҷиб намудаем ва дар он оёти равшане нозил кардаем, бошад, ки панд гиред

ٱلزَّانِيَةُ وَٱلزَّانِي فَٱجۡلِدُواْ كُلَّ وَٰحِدٖ مِّنۡهُمَا مِاْئَةَ جَلۡدَةٖۖ وَلَا تَأۡخُذۡكُم بِهِمَا رَأۡفَةٞ فِي دِينِ ٱللَّهِ إِن كُنتُمۡ تُؤۡمِنُونَ بِٱللَّهِ وَٱلۡيَوۡمِ ٱلۡأٓخِرِۖ وَلۡيَشۡهَدۡ عَذَابَهُمَا طَآئِفَةٞ مِّنَ ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Ҳар як аз зану марди зинокорро сад тозиёна бизанед ва агар ба Аллоҳ таоло ва рӯзи охират имон доред, набояд дар [иҷрои аҳкоми] дини Аллоҳ таоло нисбат ба он ду [нафар] дилсӯзӣ [ва меҳрубонии бе далел] дошта бошед ва бояд гурӯҳе аз муъминон бар муҷозоташон гувоҳ бошанд

ٱلزَّانِي لَا يَنكِحُ إِلَّا زَانِيَةً أَوۡ مُشۡرِكَةٗ وَٱلزَّانِيَةُ لَا يَنكِحُهَآ إِلَّا زَانٍ أَوۡ مُشۡرِكٞۚ وَحُرِّمَ ذَٰلِكَ عَلَى ٱلۡمُؤۡمِنِينَ

Марди зинокор ҷуз бо зани зинокор ё мушрик издивоҷ намекунад ва зани зинокорро [низ] ҷуз марди зинокор ё мушрик ба издивоҷи худ дарнамеоварад ва ин [заношӯӣ] бар муъминон ҳаром аст

وَٱلَّذِينَ يَرۡمُونَ ٱلۡمُحۡصَنَٰتِ ثُمَّ لَمۡ يَأۡتُواْ بِأَرۡبَعَةِ شُهَدَآءَ فَٱجۡلِدُوهُمۡ ثَمَٰنِينَ جَلۡدَةٗ وَلَا تَقۡبَلُواْ لَهُمۡ شَهَٰدَةً أَبَدٗاۚ وَأُوْلَٰٓئِكَ هُمُ ٱلۡفَٰسِقُونَ

Ва касоне, ки [мардону] занони покдоманро [ба зино] муттаҳам мекунанд ва чаҳор шоҳид [бар иддаои худ] намеоваранд, ононро ҳаштод тозиёна бизанед ва ҳаргиз шаҳодаташонро [дар ҳеҷ мавриде] напазиред ва инонанд, ки нофармонанд

إِلَّا ٱلَّذِينَ تَابُواْ مِنۢ بَعۡدِ ذَٰلِكَ وَأَصۡلَحُواْ فَإِنَّ ٱللَّهَ غَفُورٞ رَّحِيمٞ

Магар касоне, ки баъд аз он [туҳмат] тавба кунанд ва [рафтори гузаштаи худро] ислоҳ [-у ҷуброн] намоянд, пас, бе тардид, Аллоҳ таоло омурзандаи меҳрубон аст