Skip to content

"Паймоне, ки миёни мо ва онҳост, намоз аст, пас ҳар ки онро тарк кунад, кофир шудааст."

Аз Бурайда (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Расули Аллоҳ (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармуданд:

"Паймоне, ки миёни мо ва онҳост, намоз аст, пас ҳар ки онро тарк кунад, кофир шудааст."

«إِنَّ الْعَهْدَ الَّذِي بَيْنَنَا وَبَيْنَهُمُ الصَّلَاةُ، فَمَنْ تَرَكَهَا فَقَدْ كَفَرَ».

Ривояти Тирмизӣ, Насоӣ, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) фармудаанд, ки аҳду паймон миёни мусалмонон ва дигарон, аз ҷумла кофирону мунофиқон намоз аст, пас ҳар ки онро тарк кунад, кофир шудааст.

Маънои калимаҳо

...:

Аз фоидаҳои ҳадис

Бузургии мартабаи намоз ва ин ки он ҷудокунанда байни муъмин ва кофир аст.

Ҳукмҳои Ислом дар асоси ҳолати зоҳирии инсон собит мешаванд, на дар ботинаш.

Манбаъҳо

Сунани Насоӣ (1/ 231) (463).

Сунани Тирмизӣ (4/ 365) (2621).

Сунани ибни Моҷаҳ (2/ 181) (1079).

Муснади Аҳмад (38/ 20) (22937).

Бештар (2)

فيض القدير (4/ 395).

ذخيرة العقبى في شرح المجتبى (6/ 192) (6/ 193).