Skip to content

"Касе, ки риштаи хешовандиро қатъ мекунад вориди биҳишт намешавад".

Аз Ҷубайр ибни Мутъим (Худованд аз ӯ розӣ бод) омадааст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунид ки мегуфт:

"Касе, ки риштаи хешовандиро қатъ мекунад вориди биҳишт намешавад".

«لَا يَدْخُلُ الْجَنَّةَ قَاطِعُ رَحِمٍ».

Муттафақун алайҳи
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баён фармуданд, ки ҳар касе пайванди хешовандиро қатъ мекунад, ё ба онҳо озор мерасонад ва бадӣ мекунад сазовори ворид шудан ба биҳишт нахоҳад буд.

Маънои калимаҳо

.....:

Аз фоидаҳои ҳадис

Қатъи пайванди хешутаборӣ аз гуноҳони кабира аст.

Робитаҳои хешовандӣ бар асоси ончи миёни мардум маъмул аст, сурат мегирад ва бо таваҷҷуҳ ба замон ва ҷои зист ва мардумон мутафовит аст.

Робитаҳои хешовандӣ иборатанд аз: зиёрат кардан, садақа додан, некӣ кардан бо онҳо, аёдати беморон, амри ба маъруф ва наҳй кардани онҳо аз мункар ва ғайра.

Қатъи робитаи хешовандӣ ба ҳар андоза, ки ба хешони наздик бошад ба ҳамон андоза гуноҳаш бузургтар аст.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Муслим (4/ 1981) (2556).

Саҳеҳ Бухорӣ (8/ 5) (5984).

Бештар (5)

شرح النووي على مسلم (16/ 113).

منحة العلام في شرح بلوغ المرام.

لعبد الله الفوزان (10/ 90).

فتح ذي الجلال والإكرام بشرح بلوغ المرام.

لابن عثيمين (6/ 277).