"Эй ҷавон! ба дурустӣ ки ман туро якчанд панде биомӯзам: (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад; (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ӯро дар рӯ ба рӯят биёбӣ. Ҳар гоҳ чизе талаб кунӣ, аз Худо талаб кун, ҳар гоҳ ёрӣ биҷӯӣ аз Худо ёрӣ биҷӯ
Аз Абулаббос Абдуллоҳ ибни Аббос (разияллоҳу анҳумо) ривоят аст, ки гуфт: Рӯзе пушти сари Паёмбар (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) будам, ки гуфт:
"Эй ҷавон! ба дурустӣ ки ман туро якчанд панде биомӯзам: (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Худо туро нигоҳ дорад; (ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ӯро дар рӯ ба рӯят биёбӣ. Ҳар гоҳ чизе талаб кунӣ, аз Худо талаб кун, ҳар гоҳ ёрӣ биҷӯӣ аз Худо ёрӣ биҷӯ. Ва бидон, ки агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то туро ба чизе ёрӣ расонанд, ёрӣ расонида наметавонанд, магар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст; ва агар ҳамаи мардум ҷамъ шаванд, то ба ту зарар расонанд, зараре расонида наметавонанд, магар ба он чизе, ки Худо бар ту навиштааст, қаламҳо бардошта шудаанд ва номаҳо хушк шудаанд". Ва дар ривояти ғайри Тирмизӣ чунин омадааст: "(Ҳудуди) Худоро нигоҳ дор, то Ӯро ҳамроҳат биёбӣ; дар фаровонӣ Худоро бишинос, то Худо туро дар сахтӣ бишиносад. Ва бидон, ки он чи дар сарнавишти ту нест, ба ту нахоҳад расид; ва он чи ба ту расид, наметавонист ба ту нарасад. Ва бидон, ки нусрати Худо ҳамроҳи устуворӣ аст; ва кушоиш ҳамроҳи сахтӣ аст; ва дар ҳақиқат ҳамроҳи ҳар як душворӣ осонӣ аст".
«يَا غُلَامِ! إنِّي أُعَلِّمُك كَلِمَاتٍ: احْفَظِ اللَّهَ يَحْفَظْكَ، احْفَظِ الله تَجِدْهُ تُجَاهَكَ، إذَا سَأَلْتَ فَاسْأَلِ اللهَ، وَإِذَا اسْتَعَنْتَ فَاسْتَعِنْ بِاَللهِ، وَاعْلَمْ أَنَّ الأُمَّةَ لَوْ اجْتَمَعَتْ عَلَى أَنْ يَنْفَعُوكَ بِشَيْءٍ لَمْ يَنْفَعُوكَ إلَّا بِشَيْءٍ قَدْ كَتَبَهُ اللَّهُ لَكَ، وَإِنِ اجْتَمَعُوا عَلَى أَنْ يَضُرُّوكَ بِشَيْءٍ لَمْ يَضُرُّوكَ إلَّا بِشَيْءٍ قَدْ كَتَبَهُ اللَّهُ عَلَيْكَ؛ رُفِعَتِ الأَقْلَامُ، وَجَفَّتِ الصُّحُفُ». وَفِي رِوَايَةِ غَيْرِ التِّرْمِذِيِّ: «احْفَظِ اللهَ تَجِدْهُ أَمَامَكَ، تَعَرَّفْ إلَى اللهِ فِي الرَّخَاءِ يَعْرِفْكَ فِي الشِّدَّةِ، وَاعْلَمْ أَنَّ مَا أَخْطَأَكَ لَمْ يَكُنْ لِيُصِيبَكَ، وَمَا أَصَابَك لَمْ يَكُنْ لِيُخْطِئَكَ، وَاعْلَمْ أَنَّ النَّصْرَ مَعَ الصَّبْرِ، وَأَنْ الفَرَجَ مَعَ الكَرْبِ، وَأَنَّ مَعَ العُسْرِ يُسْرًا».
Ибн Аббос (разияллоҳу анҳу) хабар медиҳад, ки вақте хурдсол буд ва ҳамроҳи Паёмбари Худо (Саллаллоҳу алайҳи ва саллам) савор буд, он ҳазрат ба ӯ гуфтанд: "Ман ба ту чанд чизро меомӯзонам, ки Худо туро ба онҳо баҳраманд мекунад": Худовандро бо риояи фармудаҳо ва дурӣ аз манъкардаҳояш бо худ бидон, ба гунае, ки Ӯ Таъоло туро дар тоату ибодат ба Худ бинад, на дар гуноҳон ва нофармонӣ. Агар ин гуна амал кардӣ, Ӯ Таъоло туро аз балоҳои дунё ва охират дар паноҳаш нигоҳ медорад ва ҳарҷо ки бошӣ Худо ба ту нусрат медиҳад. Агар чизе мехоҳӣ фақат аз Худо бихоҳ, зеро танҳо Ӯ Таъолост, ки ба суолкунандагон посух мегӯяд. Агар ёрӣ мехоҳӣ фақат аз Худо бихоҳ. Ба яқин бидон, ки агар аҳли замин ҳама ҷамъ оянд, то барои ту манфиат бахшанд, суде ба ту нахоҳад расид, магар он чи Худованд навишта аст ва агар аҳли замин ҳама ҷамъ оянд, ки то ба ту зиёне расонанд, зиёне ба ту нахоҳад расид, магар он чи Худованд бароят муқаддар сохта аст. Худованд ин корро навиштааст ва бар асоси илм ва ҳикмати Ӯ Таъоло муқаддар сохта шудааст ва он чи Худованд навишта аст, тағйире надорад. Ва ҳар касе Худоро бо итоат аз фармонҳояш ва дурӣ аз манҳиёташ ҳифз мекунад, пас Худованд низ пешорӯйи банда аст, аз ҳоли ӯ огоҳ аст ва ӯро ҳифз мекунад ва ёрӣ медиҳад. Агар банда дар замони осудагӣ ва неъмат итоати Худоро кунад, Худо дар замони сахтӣ ва тангӣ барояш наҷот ва роҳе барои баромадан медиҳад. Бояд ҳар як банда аз тақдири Худо, хоҳ хайр бошад, хоҳ шар, розӣ бошад. Ва дар вақти сахтӣ ва мусибат сабр намояд, зеро сабр калиди наҷот аст. Ҳар гоҳ тангдилӣ ва бенавоӣ зиёд шавад, пас бидонад, ки наҷот ва кушоиш аз ҷониби Худованд наздик аст. Ва ҳар гоҳ душворӣ ва сахтӣ пеш ояд, ҳатман Худованд ба дунболи он осониро хоҳад фиристод.
Аҳамияти омӯзиши масоили динӣ ба кӯдакон ва фарзандон, аз ҷумла тавҳид, одоб ва ғайра.
Подош аз ҷинси амал аст.
Амр ба эътимод ва таваккул кардани танҳо бар Худо, ва Ӯ Таъоло беҳтарин корсоз ва пуштибон аст.
Имон ба қазо ва қадар ва розӣ будан ба он, ва инки Худованд ҳама чизро муқаддар кардааст.
Ҳар кӣ аз фармони Худованд саркашӣ ва кӯтоҳӣ кунад, Худованд ӯро зоеъ месозад ва аз ӯ муҳофизат намекунад.
Муждаи бузург ин аст, ки ҳаргоҳ инсон ба тангӣ ва душворӣ дучор шавад, бояд мунтазири осонӣ бошад.
Оромиш барои банда дар вақти расидани мусибат ва аз даст рафтани чизе, ки дӯсташ медошт, дар сухани Паёмбар (Саллалоҳу алайҳи ва саллам) зикр шудааст: "Бидон, он чи ба ту расид, ҳаргиз наметавонист аз ту бигзарад; ва он чи аз ту бозмонд ва ба ту нарасид, ҳаргиз наметавонист ба ту бирасад". Ҷумлаи аввал тасаллӣ медиҳад дар баробари чизҳои ногуворе, ки ба инсон расидааст, яъне ин кори тақдир буд. Ҷумлаи дувум оромӣ мебахшад дар баробари он чизҳое, ки дӯсташ медошт, вале онҳоро аз даст дод, яъне аслан барои ту муқаррар нашуда буд.
Сунани Тирмизӣ (4/ 284) (2516).
Бештар (5)
التحفة الربانية في شرح الأربعين حديثًا النووية (ص42).
شرح الأربعين النووية.
لابن عثيمين (ص200).
فتح القوي المتين في شرح الأربعين وتتمة الخمسين.
للعباد (ص69).
Дар китобҳо иқтибос шудааст
16 КитобҳоБештар (16)
- الإلحاد - إعلان نجاح أم فشل؟إِذَا سَأَلْتَ فَاسْأَلْ اللَّهَ، وَإِذَا اسْتَعَنْتَ فَاسْتَعِنْ بِاللَّهِ. رواه الترمذي.
- العلم الواجب بدون فقه وبدون زيادات1(احْفَظِ اللهَ تَجِدْهُ أَمَامَكَ، تَعَرَّفْ إِلَى اللَّهِ فِي الرَّخَاءِ يَعْرِفْكَ فِي الشِّدَّةِ، وَاعْلَمْ أَنَّ مَا أَخْطَأَكَ لَمْ يَكُنْ لِيُصِيبَكَ، وَمَا أَصَابَكَ لَمْ يَكُنْ لِيُخْطِئَكَ، وَاعْلَمْ أَنَّ النَّصْرَ مَعَ الصَّبْرِ،
- تجربة 12-10-2025جزء تجريبي«يا غلام، إني أعلمك كلمات: احفظ الله يحفظك، احفظ الله تجده تجاهك، إذا سألت فاسأل الله، وإذا استعنت فاستعن بالله، واعلم: أن الأمة لو اجتمعت على أن ينفعوك بشيء لم ينفعوك إلا بشيء قد كتبه الله لك، وإن اجتمعوا على أن يضروك بشيء لم يضروك إلا بشي
- حراسة التوحيدإقامة البراهين على حكم من استغاث بغير الله«احْفَظِ اللهَ يَحْفَظْكَ، احْفَظِ اللهَ تَجِدْهُ تُجَاهَكَ، إِذَا سَأَلْتَ فَاسْأَلِ اللهَ، وَإِذَا اسْتَعْنَتَ فَاسْتَعِنْ بِاللهِ».
- خذ عقيدتك من الكتاب والسنة الصحيحة«إذا سألت فاسأل الله، وإذا استعنتَ فاستعِنْ بالله»
- رياض الصالحينرياض الصالحين مع فوائد وهدايات - 1 «احْفَظِ اللهَ تَجِدْهُ أمَامَكَ، تَعَرَّفْ إلىٰ الله في الرَّخَاءِ يَعْرِفْكَ في الشِّدَّةِ، وَاعْلَمْ أنَّ مَا أخْطَأكَ لَمْ يَكُنْ لِيُصِيبَكَ، وَمَا أصَابَكَ لَمْ يَكُنْ لِيُخْطِئَكَ، وَاعْلَمْ أنَّ النَّصْرَ مَعَ الصَّبْرِ، وَأنَّ الْف
- شرح الأربعين النووية«يَا غُلَامِ! إنِّي أُعَلِّمُك كَلِمَاتٍ: احْفَظْ اللَّهَ يَحْفَظْك، احْفَظْ اللَّهَ تَجِدْهُ تُجَاهَك، إذَا سَأَلْت فَاسْأَلِ اللَّهَ، وَإِذَا اسْتَعَنْت فَاسْتَعِنْ بِاَللَّهِ، وَاعْلَمْ أَنَّ الْأُمَّةَ لَوْ اجْتَمَعَتْ عَلَى أَنْ يَنْفَ
- شرح الأربعين النووية«احْفَظْ اللَّهَ تَجِدْهُ أَمَامَكَ، تَعَرَّفْ إلَى اللَّهِ فِي الرَّخَاءِ يَعْرِفْكَ فِي الشِّدَّةِ، وَاعْلَمْ أَنَّ مَا أَخْطَأَكَ لَمْ يَكُنْ لِيُصِيبَكَ، وَمَا أَصَابَكَ لَمْ يَكُنْ لِيُخْطِئَكَ، وَاعْلَمْ أَنَّ النَّصْرَ مَعَ الصَّبْرِ
- ما لا يسع أطفال المسلمين جهله«يَا غُلَامُ، إِنِّي أُعَلِّمُكَ كَلِمَاتٍ: احْفَظِ اللَّهَ يَحْفَظْكَ، احْفَظِ اللَّهَ تَجِدْهُ تُجَاهَكَ، إِذَا سَأَلْتَ فَاسْأَلِ اللَّهَ، وَإِذَا اسْتَعَنْتَ فَاسْتَعِنْ بِاللَّهِ، وَاعْلَمْ: أَنَّ الأُمَّةَ لَوِ اجْتَمَعَتْ عَلَى أَنْ
- مجموعة زاد التربية الإسلامية (2)1«واعلمْ أنَّ النَّصْرَ مع الصَّبرِ».
- مجموعة زاد الحديث(3)1(رُفعَت الأَقْلامُ، وَجَفّت الصُّحُفُ)
- مشروع منهاج زادكزادك 2 طالب نهائي«وَاعْلَمْ أَنَّ الأُمَّةَ لَوْ اجْتَمَعَتْ عَلَى أَنْ يَنْفَعُوكَ بِشَيْءٍ لَمْ يَنْفَعُوكَ إِلَّا بِشَيْءٍ قَدْ كَتَبَهُ اللهُ لَكَ، وَلَوْ اجْتَمَعُوا عَلَى أَنْ يَضُرُّوكَ بِشَيْءٍ لَمْ يَضُرُّوكَ إِلَّا بِشَيْءٍ قَدْ كَتَبَهُ اللهُ عَل
- مشروع منهاج زادكزادك 3 طالب نهائي«إِذَا سَأَلْتَ فَاسْأَلِ اللهَ، وَإِذَا اسْتَعَنْتَ فَاسْتَعِنْ بِاللهِ»
- مشروع منهاج زادكزادك 3 طالب نهائي«رُفِعَتِ الأَقْلَامُ، وَجَفَّتِ الصُّحفُ»
- موسوعة الإيمان«يَا غُلَامُ، إِنِّي أُعَلِّمُكَ كَلِمَاتٍ: احْفَظِ اللَّهَ يَحْفَظْكَ، احْفَظِ اللَّهَ تَجِدْهُ تُجَاهَكَ، إِذَا سَأَلْتَ فَاسْأَلِ اللَّهَ، وَإِذَا اسْتَعَنْتَ فَاسْتَعِنْ بِاللَّهِ، وَاعْلَمْ أَنَّ الأُمَّةَ لَوِ اجْتَمَعَتْ عَلَى أَنْ ي
- نبراس طالب (2)نبراس طالب (2) عَن ابنِ عباسٍ رضي الله عنه قَالَ: كنت خلف النَّبيِّ صلى الله عليه وسلم يومًا، فَقَالَ: «يَا غُلامُ، إنِّي أعلِّمُكَ كَلِمَاتٍ: احْفَظِ اللهَ يَحْفَظْكَ، احْفَظِ اللهَ تَجِدْهُ تُجَاهَكَ، إِذَا سَألْتَ فَاسأَلِ اللهَ، وإِذَا اسْتَعَنْتَ فَا