Skip to content

"Ҳаққи мусалмон бар мусалмон панҷ аст: посухи салом, аёдати бемор, иштирок дар ҷаноза, иҷобати даъват ва посух бар касе, ки атса мезанад"

Аз Абуҳурайра (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки мегӯяд: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро шунидам, ки мегуфт:

"Ҳаққи мусалмон бар мусалмон панҷ аст: посухи салом, аёдати бемор, иштирок дар ҷаноза, иҷобати даъват ва посух бар касе, ки атса мезанад"

«حَقُّ الْمُسْلِمِ عَلَى الْمُسْلِمِ خَمْسٌ: رَدُّ السَّلَامِ، وَعِيَادَةُ الْمَرِيضِ، وَاتِّبَاعُ الْجَنَائِزِ، وَإِجَابَةُ الدَّعْوَةِ، وَتَشْمِيتُ الْعَاطِسِ».

Муттафақун алайҳи
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) баъзе аз ҳуқуқи як мусалмон бар мусалмони дигарро ингуна баён фармуданд: Нахустин ҳақи як мусалмон бар бародараш ин аст, ки посухи саломи ӯро гӯяд. Ҳаққи дуюм: Аёдат ва дидори шахси бемор аст. Ҳаққи сеюм: иштирок дар ҷаноза ва то қабристон рафтан аз пушти ҷаноза ва то дафн кардани майит онҷо мондан. Ҳаққи чаҳорум: Пазируфтани даъват, ки агар ӯ ба тӯйи арусӣ ё маросими дигар даъват шавад, бипазирад. Ҳаққи панҷум: касе, ки атса мезанад ва "Алҳамдуллилоҳ" мегӯяд дар посух ба ӯ "Ярҳамукаллоҳ" гуфта шавад, ки сипас худи атсазананда боз бигӯяд: "Яҳдикум Аллоҳ ва юслиҳ болакум" (Худованд шуморо ҳидоят ва хаёлатонро нек бидорад).

Маънои калимаҳо

...:

Аз фоидаҳои ҳадис

Аҳамияти дини Ислом бар устувории ҳуқуқ байни мусалмонон ва таҳкими бародарӣ ва муҳаббат байни онҳо.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (2/ 71) (1240).

Саҳеҳ Муслим (4/ 1704) (2162).

Бештар (10)

كنوز رياض الصالحين.

لمجموعة من الباحثين (4/ 512).

بهجة الناظرين شرح رياض الصالحين.

لسليم الهلالي (1/ 327).

نزهة المتقين شرح رياض الصالحين.

مجموعة من الباحثين (1/ 253).

شرح رياض الصالحين.

لابن عثيمين (2/ 591).

بهجة قلوب الأبرار.

لابن سعدي (ص81).