Skip to content

"Ҳеҷ касе аз шумо имон намеоварад, то инки ман барои ӯ аз падар, фарзанд ва тамоми мардум маҳбубтар бошам".

Аз Анас (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Ҳеҷ касе аз шумо имон намеоварад, то инки ман барои ӯ аз падар, фарзанд ва тамоми мардум маҳбубтар бошам".

«لَا يُؤْمِنُ أَحَدُكُمْ حَتَّى أَكُونَ أَحَبَّ إِلَيْهِ مِنْ وَالِدِهِ وَوَلَدِهِ وَالنَّاسِ أَجْمَعِينَ».

Муттафақун алайҳи
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармудаанд, ки имони мусалмон комил намешавад, то инки муҳаббати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод)-ро бар муҳаббати модар, падар, писару духтар ва тамоми мардум муқаддам бидорад. Муҳаббати Паёмбар итоат ва пуштибонӣ аз ӯ ва тарки маъсиятро тақозо мекунад.

Маънои калимаҳо

...:

Аз фоидаҳои ҳадис

Зарурати муҳаббати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) ва муқаддам донистани муҳаббати ӯ бар тамоми махлуқот.

Аз нишонаҳои камоли муҳаббат: ҳимоят аз суннати Паёмбари Худо ва нисор кардани молу ҷон барои ӯст.

Муҳаббати Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мусталзими итоат аз авомир, тасдиқи ончи фармудаанд, дурӣ аз ончи нахй кардаанд, тарки бидъат ва пайравӣ аз ӯ (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) аст.

Ҳаққи Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) бузургтар ва мукамалтар аз ҳамаи мардумон аст, зеро ӯ сабаби ҳидояти мо аз гумроҳӣ, наҷот аз оташи дӯзах ва пирӯзӣ дар биҳишт аст.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (1/ 12) (15).

Саҳеҳ Муслим (1/ 67) (44).

Бештар (7)

فتح الباري لابن رجب (1/ 48).

الجديد في شرح كتاب التوحيد.

للقرعاوي (ص281).

الملخص في شرح كتاب التوحيد.

للفوزان (ص252).

القول المفيد على كتاب التوحيد.

لابن عثيمين (2/ 50).