Skip to content

"Миёни шахс ва ширку куфр, тарки намоз аст."

Аз Ҷобир (разияллоҳу анҳу) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам)-ро шунидам, ки мегуфт:

"Миёни шахс ва ширку куфр, тарки намоз аст."

«إِنَّ بَيْنَ الرَّجُلِ وَبَيْنَ الشِّرْكِ وَالْكُفْرِ تَرْكَ الصَّلَاةِ».

Ривояти Муслим
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (саллаллоҳу алайҳи ва саллам) аз тарки намози фарз ҳушдор дода ва баён намуданд, ки миёни шахс ва афтоданаш дар ширк ва куфр, тарки намоз аст. Зеро намоз дувумин рукни аркони Ислом аст, ки дар Ислом аҳамияти бузурге дорад. Агар касе воҷиб будани намозро инкор карда, онро нахонад, бо иҷмоъи мусалмонон кофир мешавад. Вале агар онро аз рӯйи саҳлангорӣ ва танбалӣ ба таври комил тарк кунад, кофир аст ва иҷмоъи саҳобаро дар ин бора нақл кардаанд. Ва агар гоҳ таркаш кунад ва гоҳ адояш кунад, дучори ин таҳдид ва ваъиди шадид қарор дорад.

Маънои калимаҳо

...:

Аз фоидаҳои ҳадис

Аҳамияти намоз ва мудовимат бар он, зеро намоз фосила миёни куфр ва имон аст.

Огоҳӣ ва ҳушдори сахт барои тарки намоз ва зоеъ сохтани он.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Муслим (1/ 88) (82).

Бештар (2)

المفهم لما أشكل من تلخيص كتاب مسلم (1/ 271).

البحر المحيط الثجاج في شرح صحيح الإمام مسلم بن الحجاج (2/ 622).