Skip to content

"Ҳар кӣ чизе аз илми нуҷум биомӯзад, шохае аз ҷодугарӣ омӯхтааст, ва ҳарчи бештар биомӯзад, сеҳри бештар омӯхтааст".

Аз ибни Аббос (Худованд аз он ду розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуд:

"Ҳар кӣ чизе аз илми нуҷум биомӯзад, шохае аз ҷодугарӣ омӯхтааст, ва ҳарчи бештар биомӯзад, сеҳри бештар омӯхтааст".

«من اقتبَسَ علْمًا مِنَ النُّجُومِ اقْتبَسَ شُعبَة مِن السِّحرِ، زادَ ما زادَ».

Ривояти Абудовуд, Ибни Моҷаҳ ва Аҳмад
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мефармояд, ки ҳар касе аз илми ситораҳо ва бурҷҳо ба худ касб кунад ва аз ҳаракат, вуруд ва хуруҷи онҳо бар ҳаводиси заминӣ, аз қабили марг ё зиндагӣ ё бемории фалонӣ, ё ончи дар оянда рӯй медиҳад хулоса барорад, шохае аз илми ҷодуро омухтааст. Ба ҳар андоза, ки инсон бештар аз ин илм фаро гирад, илми ҷодуро бештар фаро гирифтааст.

Маънои калимаҳо

من اقتبسَ: من تعلّم.

شعبة: طائفة وقطعة.

Аз фоидаҳои ҳадис

Ситорашиносӣ, ки хабар додан аз ончи дар оянда рух медиҳад аст ва аз ҳолатҳои ситорагон гирифта мешавад, ҳаром аст, зеро он иддиъои донистани илми ғайб аст.

Ситорашиносие, ки қатъиян ҷоиз нест навъе аз сеҳр аст, ки бар тавҳид мунофот дорад, бар хилофи назар кардан бар ситорагон барои шинохти ҷиҳат, қибла ё барои шинохти тағйири моҳҳо ва фаслҳо, ки ин ҷоиз ва мубоҳ аст.

Ба ҳар андоза, ки ситорашиносӣ омӯхта шавад ба ҳамон андоза ба омӯхтани сеҳр наздиктар мешавад.

Аллоҳ Таъоло се фоидаи ситорагонро дар Қуръони карим зикр фармудааст: барои зиннати осмон, мардум бо онҳо роҳи худро меёбанд ва барои сангсор кардани шайтонҳо.

Манбаъҳо

Сунани Абудовуд (6/ 50) (3905).

Сунани ибни Моҷаҳ (4/ 670) (3726).

Муснади Аҳмад (3/ 454) (2000).

Бештар (4)

الجديد في شرح كتاب التوحيد.

للقرعاوي (ص230).

الملخص في شرح كتاب التوحيد.

للفوزان (ص206).