Skip to content

"Биҳишт ба шумо наздиктар аз банди кафшҳоятон аст ва дӯзах низ монанди он".

Аз ибни Масъуд (Худованд аз ӯ розӣ бод) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) фармуданд:

"Биҳишт ба шумо наздиктар аз банди кафшҳоятон аст ва дӯзах низ монанди он".

«الْجَنَّةُ أَقْرَبُ إِلَى أَحَدِكُمْ مِنْ شِرَاكِ نَعْلِهِ، وَالنَّارُ مِثْلُ ذَلِكَ».

Ривояти Бухорӣ
Саҳеҳ
Шарҳ

Паёмбар (Салому дуруди Аллоҳ бар ӯ бод) мегӯянд, биҳишт ва дӯзах ба андозаи банди кафшҳо, ки пушти пой аст, ба инсон наздик аст, чун мумкин аст инсон амале анҷом медиҳад, ки сабаби ризои Худованд гашта ба сабаби он вориди биҳишт мешавад, ё муртакиби гуноҳе мешавад, ки ӯро вориди дӯзах мекунад.

Маънои калимаҳо

....:

Аз фоидаҳои ҳадис

Ташвиқ ба анҷом додани амали нек, агарчанд андак бошад, ва бим додан аз амали бад, агарчанд ҳам андак бошад.

Зиндагии мусалмон бояд ҳамеша миёни тарс ва умед бошад, ҳамеша аз Худованд устуворӣ бар ҳақро талаб кунад ва мағрури ҳоли худ нагашта худро таслими ҳақ намояд.

Манбаъҳо

Саҳеҳ Бухорӣ (8/ 102) (6488).

Бештар (8)

شرح رياض الصالحين.

لابن عثيمين (2/ 99).

فتح الباري.

لابن حجر(11/ 321).

بهجة الناظرين شرح رياض الصالحين.

لسليم الهلالي (1/ 186).

نزهة المتقين شرح رياض الصالحين.

لمصطفى الخِن وغيره (1/ 136).